Ду зани мубтало ба ВИЧ дар Тоҷикистон фарзанд таваллуд кардаанд

Таваллуди атфоли солим аз занҳои мариз

Маркази пешгирӣ аз бемории норасоии масунияти бадан дар Хуҷанд мегӯяд, дар давоми се соли ахир аз ду модари мубталои ангезандаи ВИЧ дар вилояти Суғд ду тифл ба дунё омаданд.

Иброҳим Мадалиев - муовини сарвари Маркази вилоятии пешгирӣ аз бемории СПИД гуфт, ки табибон тифли аввалро дар таваллудхона аз батни модар бо роҳи ҷарроҳӣ берун оварданд ва ташхиси тиббӣ нишон дод, ки ӯ солим ва тандуруст ба олам чашм кушодааст. Ин кӯдак аз замони зода шудан то кунун зери назорати пайвастаи табибон қарор дорад. Аммо тифли дуюмро модаре таваллуд карда, ки гирифтори ангезандаи ВИЧ буда, вале аз табобат ва назорати табибон даст кашидааст. Оқои Мадалиев:

«Ман аз ин зан ва шаҳри ӯ ном намебарам. Хавотир нашавад. Ин зан танҳо дар 29 рӯзи давраи ҳомилагӣ табобат гирифт. Баъд дар оила ва дигарҳо мефаҳманду ҷанҷол мешавад, гуфта қатъиян даст кашид. Мо барои бехатарии тифл мехостем ӯро ба тарзи ҷарроҳӣ берун оварем, аммо аз ин ҳам даст кашид. Акнун ин модар худаш таваллуд кард ва тифлаш ҳоло 3 - 4 моҳ дорад. Акнун маълум нест, ки кӯдак сиҳат аст ё не. Якунимсола, ки шуд, бо роҳи ташхис инро маълум мекунем.»

Ба гуфтаи масъули маркази мазкур, модарони ин ду тифли навзоди Суғд, ҳамзамон бо мубталои ангезандаи ВИЧ/СПИД будан яке нашъаманд ва дигаре муҳоҷири кории собиқ будаанд. Табибони маҳаллӣ мегӯянд, мизони ангезандаи ВИЧ/СПИД дар вилояти Суғд аз ҷумлаи нашъамандон ва муҳоҷирини корӣ рӯ ба афзоиш дорад.


211 сироятзадаи ВИЧ. Аммо омори воқеъӣ дигар аст

Бино бар маълумоти маркази мазкур, аз ҷумлаи 211 нафар ВИЧ - сироятзадагони Суғд, ки 22 тани онҳо ҳамин сол сабти ном шудаанд, 134 нафар мӯътоди тазъиқӣ ва 14 тан собиқ муҳоҷири корӣ мебошанд. Зимнан, ба назари табибон ва таҳлилгарони мустақил, шумораи аслии гирифторони ангезандаи бемории норасоии масунияти бадан дар Суғд аз теъдоди расмӣ ба маротиб зиёд аст.

Умед Иброҳимов - мудири барномаи осиёимиёнагии «Нирӯ» дар Тоҷикистон, ки аз сӯи Оҷонси рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳида дар самти коҳиши ангезандаи ВИЧ/ CПИД дастгирии молӣ мебинад, мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши ин вабои аср таваҷҷӯҳи аслӣ бояд ба қишри осебпазири ҷомеа бошад:

«Махсусан, афроди нашъаманд, ки аз сӯзандору истифода мебаранд ва танфурӯшон бояд бо воситаҳои пешгирӣ таъмин шаванд.»

Дар ҳоли кунунӣ дар ин самт танҳо созмони «Дина» дар шаҳри Хуҷанд бо нашъмандони тазъиқӣ ва танфурӯшон кор мебарад. Вале Дилшод Пӯлодов, масъули ин барнома дар амри ҷилавгирӣ аз бемории норасоии масъунияти бадан ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва танзими фаъолияти сохторҳои ҳукуматӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро чораҳои аз ҳама муассир арзёбӣ мекунад. Ба хусус, кор бо муҳоҷирини кори тоҷикро. Ба гуфтаи вай, як пажӯҳиши ахири ин марказ нишон додааст, ки қисмати умдаи муҳоҷирини кории тоҷик аз оддитарин қоидаҳои ҳифзи сиҳати худ аз амрози ҷинсӣ, аз ҷумла ангезандаи ВИЧ/CПИД огаҳӣ надоранд:

«Ҳаштоду панҷ дар сади муҳоҷирони корӣ дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз ангезандаи HIV/AIDS тасаввуроти аниқ надоранд ва навад дар сади онҳо роҳи истифодаи дурусти рифоларо намедонанд ва тақрибан наваду дар сад аз тарзу роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳои ҷинсии сироятӣ пас аз алоқаи ҷинсӣ огоҳ нестанд."


Ташхиси иҷборӣ ва ё одоби шарқӣ?

Бархе аз табибони Суғд мегӯянд, чаҳорчӯби одоби ба истилоҳ шарқӣ иҷоза намедиҳад, одамон барои ташхиси амрози ҷинсӣ ба табобатгоҳҳо муроҷиат кунанд. Табиб Иброҳим Мадалиев мегӯяд, он чӣ дар ин ҳол авзоъро печидатар мекунад, ин аст, ки қонуни Тоҷикистон низ барои ташхиси иҷбории мубталоёни ангезандаи бемории норасоии масъунияти бадан иҷоза намедиҳад:

«Мо касеро маҷбур карда наметавонем. Онҳо бояд ихтиёран худашон омада, хун супоранд. Мо касеро маҷбур карда наметавонем.»

Табибон ва мутахассисини Маркази вилоятии пешгирӣ аз бемории норасоии масъунияти бадан дар Хуҷанд мегӯянд, ангезандаи ин вабои аср дар Суғд хусусияти фарогир касб карда дар сурати заъфи пешгирӣ мизони афзоиши он бо суръат баланд хоҳад рафт.