Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии самбо дар Булғористон ду медоли биринҷӣ ба даст оварданд.
Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, дар сиввумин давраи мусобиқоти ҷаҳонӣ байни мардон ва занон, ки дар шаҳри София баргузор шуд, 470 гуштигир аз 43 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Вай афзуд, аз панҷ намояндаи Тоҷикистон, ки дар рақобатҳо миёни мардон ҳунарнамоӣ карданд, ду нафар ба комёбии назаррас ноил шуданд. Абдулфайз Муллоев, аз шаҳри Хуҷанд дар вазни 62 килограмм мақоми севвумро касб намуд. Дар ин вазн Виталий Сергеев, аз Русия ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Костадин Топалови булғор дар ҷойгоҳи дуввум қарор гирифт. Боз як медоли биринҷӣ насиби гуштигири қазоқ Ҳайдар Каирбоев гардид. Гуштигири дигари тоҷик Пӯлодҷон Солеҳов, аз шаҳри Ваҳдат дар рақобатҳо дар вазни 90 килограмм мақоми севвумро соҳиб шуда, бо намояндаи Белорус Яуген Сиомачкин бо медоли биринҷӣ сарфароз гашт. Дар ин вазн Миндиа Бодавелии гурҷӣ медоли тилло ва Алсим Черноскулов, аз Русия медоли нуқра гирифтанд.
Дар сабқати мардон дастаи мунтахаби Русия бо касби 5 медоли тилло, 2 нуқра ва як биринҷӣ дар мақоми аввал қарор гирифт. Воқиъан, Раис Рахматуллин, аз шаҳри Кстовои Русия, ки панҷумин бор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт, беҳтарин самбочии ҷаҳон дар соли 2006 эътироф гашт. Тими Булғористон, ки як медоли тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст овард, дуввум шуд. Мақоми севвумро тими Укроин бо як медоли тилло ва 2 нуқра азони худ кард.
Дастаи мардонаи Тоҷикистон байни даҳ кишваре, ки бо медолҳои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон сарфароз гаштаанд, мақоми ҳаштумро ишғол намуд. Вале, мутаассифона, дар тӯли беш аз 31 сол ягон гуштигири дигари тоҷик чун ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов дар риштаи самбо ба унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни бузургсолон даст наёфтааст. Ҳамагӣ чаҳор паҳлавони тоҷик медоли нуқра гирифтаанд, ки яке аз онҳо - Саидаҳтам Раҳимов писари ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов мебошад. Вай ҷоизаи дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро соли 2002 соҳиб шудааст.
Мусобиқоти навбатии қаҳрамонии ҷаҳон соли 2007 дар пойтахти Ҷумҳурии Чех - шаҳри Прага баргузор хоҳад шуд.
Нарзуллоҳи Латиф