....ва ҷавонтарин коргардони фестивали "Дидор"
ЗАРАНГЕЗИ НАВРӮЗШОҲ
Филм таҳти унвони «Бад» аз кору рафтори бади кӯдакону наврасон ва оқибати беодобии онҳо қисса мекунад. Дар ин филм як наврас бо бадрафторӣ ва саркашии худ наздикону атрофиёнашро бисёр озор медиҳад ва оқибат ин хислаташ сабаби марги фоҷиавиаш мешавад.
Филми мазкурро Ҷавонмарди Поиз, писарбачаи 8 солаи афғон таҳия кардааст. Коргардон ва муаллифи хурдсоли филм мегӯяд, бо мушоҳидаи бадахлоқии баъзе аз ҳамсолон ва беэҳтиромии онҳо нисбати волидон ба хулосае омад, то як чунин филми тарбиявиро омода созад.
"Дар кӯча бачаҳои бадро медидам, ки бисёр падару модари худро озор медоданд ва ба худ гуфтам, ки ин қиссаро ман бояд филм созам."
Ҷавонмарди Поиз ҳанӯз дар синни 2,5 солагӣ дар филми "Аҳмад Зоҳир - Алмоси шарқ" нақш офаридааст. Ва баъдан Ҷавонмарди 5-соларо барои иҷрои нақш ба филми "Хоку хокистар"-и коргардон Атиқи Раҳимӣ даъват мекунанд.
Филми "Хоку хокистар", ки дар он Ҷавонмард қаҳрамони филм аст, дар чандин фестивал-озмунҳои байналмилалӣ ширкат карда ва 20 ҷоиза ба даст овардааст. Ҷавонмарди Пойиз дар синни 7-солагӣ дар фикри таҳияи филми худ мешавад. Ӯ мегӯяд, дар ҳамкорӣ бо коргардонони машҳур ӯ низ ба фикре омадааст, ки филми худро таҳия созад.
«Филми Хоку Хокистарро, ки месохтем ва корҳои коргардон коко Атиқи Раҳимиро медидаму хушам меомад, масалан ин тавр кунед ин кор хато инаш дуруст. Ва ман ёд гирифтаму қарор додам худам ҳам филме созам.»
Ҷавонмард мегӯяд, дар нахустин филмаш ҳамчун коргардон интихоби қаҳрамон ва ё навраси мувофиқе барои нақши писари бадахлоқ барояш мушкил будааст.
«Як бачаро интихоб кардам, ки ҳеҷ наметавонист аз ӯҳдаи нақш барояд, боз чанде дигар бачаҳо ҳам буданд, аммо ягон нафарашон хуб бозӣ намекарданд. Ин бачаҳоро аз кӯча даъват мекардем. Дарёфти қаҳрамон бароям каме мушкил буд.»
Зимни сӯҳбат ҳамчунин Ҷавонмард аз интихоб шудани худаш дар аввалин нақш, ки он ҳам дар филми «Аҳмад Зоҳир -Алмоси шарқ» филми коргардон Ҷавоншери Ҳайдарӣ буд чунин ёдоварӣ мекунад.
«Дар ин филм барои кулли нақшҳо ҳунармандон ёфт шуда буданд, аммо бачаяки хурдсол ёфт нашуда буд. Боз маро, ки бурданд, ман барояшон имтиҳон додам, як оҳангам хондам, ки ин аст.
Ооо дилбаро гар ту ёри ман бошӣ
Ооо муниси ғамхори шоми тори ман бошӣ
Чӣ шуд хато аз ман ай парипайкар
Ки пур намуди зи хуни дил соғар.
Ва маро хуш карданд дар он филм.»
Сиддиқ Бармак яке аз филмсозони машҳури Афғонистон, ки аз ҳунари Ҷавонмард огоҳ аст мегӯяд, чунин истеъдодҳоро бояд дастгирӣ кард ва маҳз насли наврасро бояд ташвиқ кард то ба ҳамсолонашон бевосита худ филмҳоро таҳия созанд, зеро онҳо дунёи худро бетҳар медонанд.
«Аз назари зоҳири худаш мебинем, ки чӣ қадар кунҷков аст ва аввалин чизе, ки ба зеҳнӣ ҳар касе, ки бо Ҷавонмард бармехурад мефаҳмад, ки зирак аст. Бинобарин мо бояд бо ӯ бисёр муҳтотона роҳ барем.
Мо талошҳое кардаем, ки кӯдакҳоро барои сохтани филм худашона ташвиқ барем, бисёр ниёзам дорем ва умедворем ин мушкил бо мурури замон ҳал шавад. Ба назари ман дар ҳар кишваре аз кишварҳои дар ҳоли рушд бахусус дар кишварҳои ҷаҳони саввумӣ, ки ниёз ба тарбият ва огоҳӣ доранд як бахше аз синамои ҷавонон ва кӯдакон бояд вуҷуд дошта бошад. »
Ҷавонмарди Поиз коргардон ва ҳунарманди хурдсоли афғон бо синамои тоҷик бахусус ҳунармандони хурдсоли он ошноӣ доштааст. Филми «Дар орзуи падар»-ро яке аз беҳтарин филм мешуморад. Ӯ ба ҳамсолони худ чунин таманно дорад.
«Онҳо бояд бираванд дарс бихонанд ва хуб таҳсил кунанд, тамом дигра чизе гуфтанӣ надорам»