Роғун - дар меҳвари ҳамоиши энержии Душанбе

Фарҳоди Мелод
Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон тайи як конфронси байнулмилалӣ изҳор дошт, ки эҳдоси нирӯгоҳи Роғунро кишвараш аз ҳисоби худ ба анҷом мерасонад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар конфронси бозори минтақаии барқ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва дар ҳузури мақомоти зидахли хориҷӣ сӯҳбат мекард, гуфт, нирӯгоҳи Роғун яке аз тарҳҳои муҳим ва ояндадори Тоҷикистон аст, ки сохтмони он идома дорад. Оқои Раҳмонов гуфт, иқтидори ин нирӯгоҳ 3660 мегаватт буда, то имрӯз дар сохтмони он 804 миллион доллари амрикоӣ харҷ шудааст. Вай афзуд:

«Маблағи иловагӣ барои бунёди пурраи он беш аз 2 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Мо тасмим гирифтем, ки аз соли 2007 сохтмони ин нирӯгоҳро бо маблағҳои ҷумҳуриявӣ шурӯъ намоем»

Тибқи шартномаи миёни Русияву Тоҷикистон сохтмони нирӯгоҳи Роғун аз сӯйи ширкати русии РусАл бояд бунёд шавад. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар суханрониаш аз ниругоҳи Сангтӯда ва ширкати кишвари Русия дар ин тарҳ ном бурд, аммо аз ширкати РусАл дар сохтмони нирӯгоҳи Роғун зикр накард.

Константин Загребелний, намояндаи ширкати РусАл дар Тоҷикистон гуфт, ширкаташ Роғунро хоҳад сохт:

«Мо ду сол инҷониб сари ин тарҳ кор мекунем. Овозаҳоро шарҳ намедиҳем»

Гуфтанист, тоблуҳои рекломи ширкати РусАл, ки дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе вуҷуд доштанд, алъон ба назар намерасанд.

Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон бидуни ишора ба кишвари мушаххас гуфт, кишвараш сиёсати ғаразнок надорад ва обро дар чангак гирифтанӣ нест. Вай афзуд, пайдоиши нирӯгоҳҳо захоири обро танзим мекунад ва дар ҳолати хушксолӣ дар минтақа муфид аст. Оқои Раҳмонов афзуд:

«Тоҷикистону Қирғизистон захираи калони нафту газ надорад. Ин ба касе маъқул ҳаст, маъқул нест, барои ин ду кишвари Осиёи Марказӣ захираи об боигарии миллӣ маҳсуб мешавад. Аз ин касе хафа мешавад, намешавад, мо мехоҳем, намехоҳем, қаҳрамон мекунад, намекунад, мо маҷбур ҳастем, ки аз ин боигарии миллӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумамон истифода кунем. Ин на танҳо ба нафъи ду кишвар, балки тамоми минтақа аст. Ин аст сиёсати давлати Тоҷикистон. Ҳама сирашро ман ба шумо кушодам. Ягон сирри махфӣ, ҳадафи ғаразнок надорем. Ягон интригаи лидершавӣ ҳам надорем дар Осиёи Марказӣ»

Изҳороти раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди бар дӯши худ гирифтани сохтмони нирӯгоҳи Роғун дар ҳоле садо медиҳад, ки буҷаи солонаи кишвар беш аз 300 млн доллари амрикоист ва барои ба итмом расонидани сохтмони Роғун 2 миллиард доллари амрикоӣ зарур аст.

Абдулло Ёров, вазири энержии Тоҷикистон дар ҳошияи суханони Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури кишвар гуфт, Тоҷикистон бо сармояи хориҷӣ ҳам бошад Роғунро бунёд хоҳад кард:

«Имсол натавонем, соли дигар сармояи хориҷӣ пайдо мекунем, аз ҳисоби худ месозем. Ман суханони раисҷумҳурро ҳамин тавр мефаҳмам»

Дар конфронси дуввуми бозори минтақавии барқ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ вазирони обу энержии кишварҳои Покистону Ҳиндустон ва Афғонистону Қирғизистон, сафирони кишварҳои ҷаҳон ва намояндагони бонкҳои байнулмилалӣ ширкат доштанд.

Дар сафорати Русия дар Тоҷикистон аз гуфтани сабабҳои ширкат накардани сафири Русия дар ин конфронс худдорӣ намуданд.