Интихоботи кунунии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон чаҳорумин интихобот аз замони истиқлоли ин кишвар аст, агар интихоби Қаҳҳор Маҳкамовро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар иҷлоси порламон дар ахирин нафасҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ дар назар нагирем. Ба гуфтаи таҳлилгарон, тафовути ду интихоботи аввал ин аст, ки он вақт номзадҳо аз ҳизбе пешниҳод намешуданд.Дар интихобот бо ширкати Раҳмон Набиев ва Давлати Худоназар, ки то ҳол аз он ба унвони интихоботи то андозае демократӣ ном мебаранд, масъалаи ҳизбӣ матраҳ набуд, балки нируҳои ислоҳотталаби миллӣ аз ҷониби Давлати Худоназар ва нируҳои пойбанд ба муқаррароти кумунистӣ ва вафодор ба Руссия аз ҷониби Раҳмон Набиев вориди муборизаҳои интихоботӣ шуданд, ки бо пирузии Раҳмон Набиев ба поён расид.
Вале дар интихоботи баъдии раёсати ҷумҳурӣ бо ширкати Эмомалӣ Раҳмонов ва Абдумалик Абдуллоҷонов дар ноябри соли 1994 вазъи сиёсӣ дар ҷомеъа тағир карда буд, яъне замоне буд, ки сарвари давлат дар симои раиси порламон Эмомалӣ Раҳмонов ва нахуствазир Абдумалик Абдуллоҷонов аз як ҷабҳа барои нишастан дар курсии раёсати ҷумҳурӣ бо ҳам вориди мубориза шуданд.
Намешавад гуфт, ки ин ду номзад намояндагони ҳизбҳои гуногун буданд. Шояд суоле пеш ояд, ки чаро мо вожаи "як ҷабҳа"-ро дар ин маврид истифода кардем? Сабаб ин аст, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ миёни нируҳои давлатӣ ва иттиҳоди нируҳои мухолифон идома дошт ва дар ин интихобот ҳар ду номзад ҳам намояндагони ҳукумати вақт буданд. Вале дар интихоботи моҳи ноябри соли 1999 баъд аз хатми ҷанги дохилӣ барои нишон додани падидаҳои демократия ва садоқат ба тавофуқоти сулҳ номзади дуввум Давлати Усмон аз ҷониби Иттиҳоди Нируҳои мухолифин намояндагӣ мекард. Ин ҷо ҳам ҳизбҳо нақши созанда ё таъйинкунанда надоштанд. Аҳамияти ҳизбҳои сиёсӣ дар ҷомеъаи Тоҷикистон танҳо дар интихоботи моҳи феврали соли 2000-ум матраҳ шуд.
Бо назардошти чунин вазъ метавон гуфт, ки ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон бо гузаштаи 15 сол аз истиқлолият таҷрубаи кофии пешбурди маъракаҳои интихоботиро надоранд. Ин падида барои Тоҷикистони имруз нав аст, зеро ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ба ҷуз аз Ҳизби Куммунист дар ҳамин муддати кутоҳ ташкил шуданд ва натавонистаанд бо барномаҳои мушаххаси сиёсӣ ва ё бо чеҳраҳои сиёсии саршинос таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб кунанд. Албатта, дар миёнаи солҳои 1990-ум Ҳизби Сотсиалистба раҳбарии Сафаралӣ Кенҷаев ва дар солҳои ахир Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба раҳбарии Саидабдуллоҳи Нурӣ тавонистанд дар ҷомеъа нисбат ба ҳизбҳои дигари тозабунёд то андозае тарафдор пайдо кунанд. Ҳизби ҳоким дар ин маврид истисно дониста мешавад. Ҳокимшоҳи Муҳаббат-таҳлилгари мустақили тоҷик дар Маскав онро ба фарҳанги сиёсии ҷомеъаи имрузи Тоҷикистон иртибот медиҳад:
"Дар кишварҳо ба мисли Тоҷикистон шахсҳои ҷудогона метавонанд бо обурӯи худ аз ҳизбҳо зиёдтар обурӯ дошта бошанд ва мардум ба шахсони ҷудогона аз ҳизбҳо дида, бовари зиёдтар доранд. Яъне, ки мутташакилии ҷомеъа хеле суст аст. Боварии мардум ба давлат ва ҳизбҳои сиёсӣ дар чанд соли ахир, ки мардум аз райдиҳии худ натиҷаи хубе нагирифтаанд, хеле поён омадааст ва ин барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, хусусан ба ҳизбҳои ғайри давлатӣ, мушкилҳои зиёде пеш меоварад."
Камтаҷрубагии ҳизбҳои сиёсӣ боъис шуд, ки ҳизби ҳокими Халқӣ Демократӣ бо истифода аз имконоти дар ихтиёр доштааш ва бо назардошти тафриқаҳои мавҷуда дар дохили ин ҳизбҳо тавонист бо осонӣ дар суфуфи ин ҳизбҳо рахна иҷод ва тафриқаҳои дохилии ин ҳизбҳоро доман занад. Аз Раҳматуллоҳ Зоҳиров-таҳлилгар ва ҳуқуқдон мепурсам, чунин кор ба ҳизби ҳоким чӣ зарурат дошт?
"Барои он ки аз аввал ин раиси ҷумҳур намехоҳад, ки нисбати дигарҳо бояд фоизи нисбатан камтар дошта бошад. Ӯ худашро нишон додани, ки ӯ раиси ҷумҳури но такрор аст. Вай ҳамин интихоботро чунин нишон доданӣ буд, ки шумораи зиёди номзадҳо ба мансаби раиси ҷумҳур пешниҳод мегарданд ва навобаста аз инҳо агар 10 нафар ҳам иштирок кунанд, вай наваду чанд фоиз овоз мегираду дигар ҳама номзадҳо фақат
якчандто овозро гирифта метавонанд."
Аз тарафи дигар, оқои Зоҳиров мегуяд, дар вуҷуди ҳизби ҳоким тарс низ ҷой дошт. Чӣ тарсе ва аз чӣ?
"Раиси ҷумҳур, ҳукуматдорони Тоҷикистони имрӯз дар дил кам-кам бошад ҳам тарс доштанд. Тарс аз чи доштанд? Агар ки дар интихоботи соли 1999 вай 96 дарсад овоз гирифт ва дар ин интихобот, агар камтар овоз гирад, ё ки нисбатан камтар овоз гирад, масалан 70 дарсад, алакай барои раиси ҷумҳури кунунӣ ин як зарба мешавад. Ва аз ҳамин тарс доштанд ва ин нишон медод, ки бо ин раиси ҷумҳур мубориза бурдан мумкин аст."
Ёдовар мешавем, ки дар остонаи интихоботи порламонии моҳи феврали соли 2005 ва дар остонаи интихоботи кунунии раёсати ҷумҳурӣ дар натиҷаи тафриқаҳои дохилӣ Ҳизби Сотсиалиства Ҳизби Демократи Тоҷикистон ба ҷиноҳҳо тақсим шуданд. Аз Ҳизби Сотсиалист ҷиноҳи моил ба давлат ба раҳбарии Абдуҳалим Ғаффоров-яке аз номзадҳои кунунӣ ва ҳамин гуна ҷиноҳ аз Ҳизби Демократ ба раҳбарии Масъуд Собиров зери чатри давлат рафтанд ва дар вазорати адлия сабти ном шуданд.
Ду ҳизби дигари комилан ноошно барои ҷомеъаи Тоҷикистон-Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ ба раҳбарии Олим Бобоев ва Ҳизби Кишоварзӣ ба раҳбарии Амир Қароқулов бидуни доштани таҷрубаи интихоботӣ, ки ҳатто дар интихоботи порламонии соли 2005 сабти ном нашуда буданд, дар муддати кутоҳ, яъне дар як ё якуним соли оғози фаъолият тавонистанд муъҷизаосо дар миёни мардуми Тоҷикистон ҷонибдор пайдо кунанд ва ба сабти номи номзадҳои худ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ комёб шаванд. Агар ин ду ҳизб воқеъан дар муддати як ё якуним соли фаъолияти худ дар ҷомеъа ба ин андоза ҷонибдор пайдо карда бошанд, пас метавон гуфт, ки рекорди ҳизби ҳокимро дар ин замина шикастаанд. Вале Давлати Усмон-номзади мухолифон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ноябри соли 1999 дар ин бора назари дигар дорад:
"Тоҷикистон агар чанде, ки дар саҳнаи сиёсиаш ҳизбҳои гуногун феълан фаъолият ҳам дошта бошад, бо вуҷуди ин, ки Тоҷикистон ҳоло ба як кишваре, ки фарҳанги миллӣ ва афкори миллӣ дар дараҷаи аввал бошад, ҳоло табдил нашудааст. Ба ҳамин хотир, шояд яке аз омилҳои панҷ дарсад ҷаъм кардани ин ҳизбҳои ҷавон кумак аз ҷониби ниҳодҳои ҳукумати феълӣ ҳам бошад. Аммо дар Тоҷикистон бояд, ки шахсиятҳои ин ҳизбҳоро раҳбарӣ мекунанд, дар сурати будани маҳал ва қавмҳои мухталиф онҳо метавонанд ин корҳоро анҷом бедиҳанд ва ин омил ҳам вуҷуд дорад."
Дар бораи комёбии ғайричашмдошти ҷиноҳи нави ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон низ таҳлилгарон назари яксон надоранд. Раҷаби Мирзо-рузноманигор ва таҳлилгар панҷ дарсади имзоҳои ҷамовардаи ин ҳизбро зери суол мебарад:
"Маъракаи ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзади Ҳизби Сотсиалист нишон дод, ки албатта онҳо тавонистанд 160 ҳазор имзо ҷамъ оваранд. Пас ин чи маъне дорад? Ин маънои онро дорад, ки онҳо воқеъан ҳам интихоботи парлумонӣ аз тақалубкориҳо берун набуд ва ё он имзоҳое, ки ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон имрӯз дарёфт кардааст, бо он роҳҳое пайдо кардааст, ки масалан мардум дар суҳбатҳои пасипардагии худашон мегуянд. Ин ҳизбҳо аслан худашон натавонистанд, ки имзоро ҷамъ бикунанд, балки мақомоти ҳокимиятҳои маҳалӣ ба онҳо кумак карданд, ба онҳо имзо ҷамъ карданд ва ҳамин тавр онҳо тавонистанд, ки соҳиби 160 ҳазор имзо шаванд."
Иброҳим Усмонов-донишманди тоҷик, ки ҳамеша машғули таҳқиқи равандҳои сисёсии Тоҷикистон аст, мегуяд, ҳизбҳои тозабунёд худро ба бозии сиёсӣ доданд:
"Ин ҳизбҳо ва раҳбарони ин ҳизбҳо ҳарду ҳам ба муҳити сиёсии Тоҷикистон шинос нестанд, инаш аниқтар аст ва ҳарду ҳизб ҳам фаъолият надоштанд. Ман, тавре ки гуфтам, фаъолияти онҳоро дарк накардам. То чӣ ҳад таъсири ҳизб ё худи ҳукумат аст ман барои ин ҳич далеле надорам ва ҳеч чиз ҳам гуфта наметавонам. Агар чунин аст, вой бар ҳоли чунин ҳизбҳое, ки худро ба бозӣ додаанд."
Бо васфи чунин ҳол, чаҳор ҳизби сиёсӣ ва номзадҳои онҳо, яъне Абдуҳалим Ғаффоров-Ҳизби Сотсиёаист, Олим Бобоев-Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ, Амир Қароқулов-Ҳизби Кишоварзӣ ва Талбак Исмоилов-Ҳизби Кумунист ҳоло қабл аз баргузории интихобот медонанд, ки дар ин интихобот бар рақиби худ Эмомалӣ Раҳмонов аз Ҳизби Халқӣ Демократӣ пируз намешаванд. Пас бо чунин сарнавишти таъйиншуда ҳадафи онҳо аз ширкат дар интихобот чӣ аст? Мо дар шумораи баъдӣ ин мавзуъро ба баррасӣ мегирем.