Ҳамаи ҳамсӯҳбатони мо иқрор карданд, ки нақши сарвазир дар кишвари мо хеле маҳдуд аст, ба андозае ки онро ҳатто наметавон сояи президент номид.
Имрӯзҳо, вақте ки дар ҳама ҷо аз интихоби президент сӯҳбат мешавад, шахсу ҷойгоҳи сарвазири Тоҷикистон беш аз ҳам вақти дигар хиратар намудор мегардад. Ҳол он ки, ба қавли яке аз шунавандагони мо, беҳтар мебуд, агар президенти феълӣ, ба хотири баробарӣ дар сабқати интихоботӣ салоҳиятҳои худро ба сарвазир вомегузошт ва ҳамчун як номзади оддӣ ба саҳна мебаромад. Вале тибқи қонун, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҷонишини президент шумурда мешавад ва салоҳиятҳои сарвазир он қадар маҳдуданд, ки аз даҳ як ҳиссаи салоҳиятҳои президентро намепӯшонанд.
Пас, сарвазир чӣ парандаест, дар кадомин шохсори шаҷараи қудрати Тоҷикистон менишинад, бо чӣ машғул аст ва дар ҳаёти иҷтимоии кишвар чӣ саҳм дорад, инҳост мавзӯъи барномаи имрӯзаи мо.
ШИМОЛӢ, ТЕХНОКРАТ, НОНАМОЁН
Ҳайрон нашавед, ки чаро мо имрӯз барномаро ба сарвазири Тоҷикистон мебахшем.
Якум, имрӯзҳо дар Тоҷикистон баҳсе сар шудааст, ки пас аз интихоботи президентӣ Тоҷикистон соҳиби сарвазири нав хоҳад шуд. Киҳо ба ин курсӣ чашм ниҳодаанд?
Дувум, оё одилона аст, ки бар дӯши президент ин қадар вазифаҳои зиёд бор шудаву сарвазир камтар бо корҳои мамлакат машғул аст?
Аз як нигоҳ дуруст аст, ки, дастикам, дар даҳ соли гузашта, бо сабаби бартарӣ доштани масъалаҳои сиёсӣ, монанди сулҳи Тоҷикистон, равобити хориҷӣ, мубориза бо терроризм ва ғайра, нақши президент аҳамияти куллӣ дошт. Аз нигоҳи дигар, дар кишваре ки ин ҳама сол дар шиканҷаи мушкилоти иқтисодист, нақши сарвазир ва ҳукумати кордону коро ба сафи пеш мебарояд.
Хуб, ба ҳар ҳол, оё имрӯз дар Тоҷикистон дар ин бора чиҳо мегӯянд. Аз ҳамнафаси мо дар Душанбе, Далери Ғуфрон мешунавем, ки аксари сарвазирони гузашта аз Хуҷанд будаанд ва пас аз як "корнамои"-и Абдумалик Абдуллоҷонов, ки хост аз курсии сарвазир ба курсии президент нишинад, салоҳиятҳои нахуствазир "гунҷишкона" шуданд. Коршинос Рустами Ҳайдар бар ин аст, ки барои ҳифзи таносуби элитаҳои сиёсию иқтисодӣ сарвазир бояд аз шимол бошад. Аммо Абдуллоҳи Раҳнамо мегӯяд, Тоҷикистон конфедерасюн нест ва ҳар шахси лоиқ метавонад, ба ин мақом таъин гардад. Ин ҳам дар ҳоле ки палатаи болоии порлумони кишвар як навъи ҳифзи таносуби минтақаҳо номида мешавад.
ТАРОЗУИ САЛОҲИЯТҲО
Дар гузориши Далери Ғуфрон бо ҳам шунидем, ки коршиносон сарвазирро як мудир мешуморанд, на бештар.
Чаро чунин ҳолат ба миён омад. Оё коҳиш ё афзойиши салоҳиятҳои сарвазирро хости як шахс муайян мекунад ва ё гардишҳои таърих ва талаби айём?
Ин мавзӯъро бо кӯшишҳои ҳамкорам Нилуфари Собир аз забони аъзои собиқ ва феълии порлумони Тоҷикистон мешунавем. Баҳрулло Баротов мегӯяд, дар замони шӯравӣ сарвазир салоҳиятҳои густарда дошт ва бо таъмину таҳкими пояҳои давлат машғул буд. Тоҳири Абдуҷаббор бар ин аст, ки бояд аз 30 банд салоҳиятҳои раиси ҷумҳур бахше ба сарвазир дода шавад, зеро як нафар ва он ҳам касе ки сафарҳои зиёди хориҷию дохилӣ дорад, аз ӯҳдаи ҳалли ҳамаи масъалаҳо намебарояд.
ТАНАФФУСИ МУСИҚӢ
Ин ҷо порчае аз таронаҳои дастаи машҳури русӣ садо медиҳад, ки Премйер Министр ва ё Сарвазир ном дорад.
Аз сухангӯи ин даста Женя ва ё Евгения пурсидам, чаро дастаи шумо сарвазир ном дорад?
"Агар шумо дар хотир дошта бошед, даҳ сол пеш дар кишвари мо ҳолате ба миён омада буд, ки сарвазирон хеле зуд иваз мешуданд. Қариб ҳар ҳафта як сарвазири нав сари кор меомад. Ҳамин ҳолат чунин номеро ба миён овард."
Зимнан дар Тоҷикистон ҳам чунин даврае буд, вале дастае бо чунин ном ё ҳатто таронае дар ин бора зуҳур накард. Афсӯс...
НАЗАРИ БӮРӢ КАРИМ
Хуб, аз он ҷо ки бо Маскав дар тамоси телефонӣ ҳастем, сӯҳбатро бо суоле ба собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон ва яке аз номзадҳои чандинмартабаи собиқ ба ин мақом, ҳоло раиси Шӯрои роҳу нақлиёти Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд, Бӯрии Карим, ки назари вай ба масъала чист?
"Ман дар асари худ "Китоби сафеду сабзи Тоҷикистон" исбот кардам, ки мо ба сарвазири қавӣ ниёз дорем. Агар ба кишварҳои дигар нигаред, монанди Қазоқистон, масалан, ҳамеша онҳое сарвазир интихоб мешаванд, ки барномаи мушаххаси иқтисодию иҷтимоӣ ва таҷрибаи ғанӣ доранд. Ҳоло сарвазири фурӯтан ва соянишин ба манфиати давлату миллат нест, танҳо ба манфиати як нафар ва он ҳам сарвари давлат аст. Сарвазире ки аз вазир чизе пурсида наметавонад ва ё вазирро ҷазо дода наметавонад, чӣ коре карданаш мумкин?"
Ташаккур, Бӯрии Карим, адиб ва сиёсатмадори тоҷик, раиси Шӯрои роҳу нақлиёти Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд ва андешаҳои ӯ дар бобати санги сарвазир дар аҳроми қудрат дар Тоҷикистон.
Инак, боз ҳам шунидем, ки дар тарозуи салоҳиятҳои президент ва сарвазир агар паллаҳо баробар ҳам набошанд, бояд як таносуби мантиқие падид ояд.
АЗ Н. МАХСУМ ТО О. ОҚИЛОВ
Агар низоми шӯравиро бо давраи аморати Бухоро қиёс кунем, албатта, муқоисаи начандон муваффақ хоҳад буд, вале имрӯз баъзеҳо аз шоҳигарӣ ҳарф мезананд, пас бо узру маънӣ як шӯхие кунем, ки Котиби якуми кумитаи марказӣ ин яъне амири Бухоро, раиси кумитаи маркази иҷроия ва ё дертар шӯрои вазирон ин яъне қушбегӣ ва раиси Суди олӣ яъне қозикалон.
Дар оғози ҳастии ҷумҳурии Тоҷикистон нақши раиси шӯрои вазирон ё сарвазир салоҳияти бештаре дошт ва муддате ҳатто аз иқтисодиёту иҷтимоиёт убур карда, ба масъалаҳои сиёсӣ низ дахл мекард. Баъдан, ин нақш маҳдуд гашт, аммо дар давраи аввали истиқлолият дубора санги он вазнинтар шуду боз ба таназзул печид. Ин ҷиҳатҳои масъаларо ҳамкорам дар Душанбе Раҳматкарими Давлат бо донандагони таъриху сиёсат мавриди баррасӣ қарор дод. Коршинос Қосимшоҳ Искандаров гуфт, танҳо Нусратулло Махсум аз истиқлолияти андеша ва амал бархӯрдор буд ва сарвзаирони дигар, агар коре ҳам карда бошанд, дар фосилаи марзҳои гузоштаи ҳизби коммунист кардаанд ва ҷоиза низ на ба онҳо, балки ба ин ҳизб дода шудааст.
Моҳиятан дирӯз курсии сарвазир барои элитаи Хуҷанд ба Кӯлоб дода мешуд, то ин минтақаро розӣ нигаҳ дорад ва имрӯз элитаи Кӯлоб онро бо ҳамин мақсадҳо ба Хуҷанд медиҳад, аммо аз он вақт то ҳоло аҳамияти ин курсӣ ба маротиб коҳиш ёфтааст.
Гуфтем, ки дар Тоҷикистон дастаи ҳунарии Сарвазир таъсис наёфт, аммо як дастаи дигар дар таърих мондааст, ки бо номи паймони се сарвазир ёд мешавад.
Соли 1996 сарвазирони собиқ Абдумалик Абдуллоҷонов, Абдуҷалил Самадов ва Ҷамшед Каримов дар Маскав иттиҳодеро таъсис доданд, ки худро мухолифи ҳукумати Раҳмонов эълон карда, хостори ислоҳоти низоми идораи давлатӣ дар Тоҷикистон шуд.
ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТ?
Вақте бо ҳамкорам Абдураҳим суолҳои пурсиши сарироҳиро баррасӣ мекардем, хостем бо василаи ин суол, ки агар шумо сарвазир мебудед чӣ мекардед, вориди сӯҳбат бо раҳгузарон шавем. Вале ин роҳ бебарор буд, зеро аксарияти кул дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои сарвазир тасаввуроти норӯшан доштанд.
Пас суол тағйир кард. Ба ин шева, ки оё шумо медонед, сарвазири кишвар кист? Аксари посухҳо манфӣ буданд, вале онҳое ки сарвазирро мешинохтанд, дар шарҳи салоҳиятҳои ӯ вориди бумбаст мегаштанд.
Ва як ақидаи дигар, аммо на бо садо, балки бо ҳуруф дар номае ба сомонаи интернетии мо.
"Тоҷикистон ба президент эҳтиёҷ надорад."
Пурсидам, зеро он сарвазири қавӣ дорад, ҳамин тавр?
Навишт, "на, ӯ худаш сарвазир ҳам аст."
Пас шояд кишвар ба сарвазир эҳтиёҷ надорад ва ё шояд ба сарвазири қавитар аз президент?