Барномаи кӣ беҳтар?

Ман намефаҳмам, чаро ин дӯстон (Далер, Низом) ин қадар аз барномаи як номзад ва ё ҳизб "хушашон" намеояд. Охир, мо метавонем бо баррасии барнома низ як номзади арзандае пайдо кунем ва ҳам дар сурати интихоб шуданаш маҳз бо ҳамин барномаҳое, ки онҳо доранд, онҳоро ба ҳисси масъулият ва посухгӯӣ назди мардум ва қонун фаро хонем. Маъқул? дар тасаввури ман то ҳол барномаи ҳамаи номзадҳо ва ё ҳизбҳо "хом" ҳастанд. Шумо чӣ мегӯед?
Мурод
_________________________

Бо салом. Мехоҳам ба ин миллати бечора фикри ночизи худро бирасонам, ки ҳатто мо агар бо интихоби худ натавонем барои ояндаи худ коре анҷом бидиҳем, бояд ба пойи сандуқҳои раъйдиҳӣ биравем ва овози худро ба он номзади писандидаи худ бидиҳем. Ҳатто агар натавонем ҳақиқатро ба вуҷуд биёрем, лоакал ба зӯргӯён мефаҳмонем, ки мо Шуморо намехоҳем ва мехоҳем номзади мавриди назари мо интихоб шавад. Пас мо мехоҳем ва хостан ҳам тавонистан аст, агарчи на имрӯз... Барномаҳо бимонад канор.
Низом Асомуддинов
_________________________

Пурсиши хеле бамаврид додед. Ман аслан тарафдори он ҳастам, ки мардум дигар дар бораи шахсияти сиёсатмадорон камтар ва дар бораи барномаҳои онҳо бештар баҳс кунанд. Баръакси ақидаҳои Далер, барои мо дигар муҳим ин нест, ки миллат (ба мафҳуми имрӯзиаш?) ҳастем ё на? Гуногунандешӣ судмандтар аст, аз ин ки ин гуна далел оварем. Аз барномаи ин ҳизбҳо ҳадди ақал то андозае метавон ояндаи иқтисодии Тоҷикистон ва бо он роҳҳои пешрафти онро мушоҳида намуд. Ҷанбаи "ақидатӣ"-и барномаҳои ҳар як номзад ва ё ҳизб паҳлӯи дигари барнома ва ҳам баҳс аст. Шахсан то ҳол фурсати дуруст барои пайдо кардан, хондан ва муқоиса кардани барномаҳои ин номзадҳо ва яке аз сарварони ояндаро наёфтаам. (табассум)
Мурод
_________________________

Аслан дар ҷомеаи мо "таваҷҷуҳ сари барномаи ин ё он ҳизб" ифодаи бегона аст. Сабаб шояд ин бошад, ки мо ҳамчун миллат, ба мафҳуми имрӯзааш, ташаккул наёфтаем. Яъне дорои арзишҳо ва андешаҳои ягона ва ё наздик нестем.Шояд сабаби мантиқитари дигар ин бошад, ки аз камбизоатӣ ва каммаърифатӣ дарки барномаҳо бароямон хос нест. Ба ҳар ҳол дар маҷмӯъ имрӯз дар ин замина вазъияти табиъӣ чунин аст: як гурӯҳ пайравони дини мубини ислом ҳамчун "баамалбароварандаи ормонҳои динӣ" ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон овоз медиҳанд, гурӯҳи дигарро поси хотир ва ё "орзуи коммунизм" водор месозад, ки ба комунистон райъ диҳанд. Вассалом!
Далер


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.