Теннисбозони навҷавони тоҷик дар Ишқобод

Ҳафт варзишгари навҷавони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ дар риштаи теннис, ки дар шаҳри Ишқободи Туркманистон ҷараён дорад, рақобат мекунанд.

Бино ба иттилоъи Ибод Шарифӣ, ноиби раиси Федеросиюни тенниси Тоҷикистон дар сабқати теннисбозони зери 13-сола Аҳмадҷони Муҳаммад, Рустам Қаюмзода, Фирӯз Муҳидов ва Наврӯз Қурбонов ва дар рақобатҳо миёни варзишгарони зери 18-сола Мирҳусейн Яҳёев, Анвар Раҳматов ва Фарҳод Саидов ширкат меварзанд.

Ва як хабар барои мухлисони футбол. Чаҳор дастаи лигаи олӣ муборизаро барои ба даст овардани Ҷоми футболи Тоҷикистон - 2006 идома медиҳанд. Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоӣ рӯзи шанбеи 30 сентябр баргузор мешаванд.

«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар меҳмонӣ бо «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бо «ХИМА»-и Душанбе рақобат мекунанд. «Регар» ТадАЗ, барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2005, ки дар бозии аввали ниманиҳоӣ бар тими «Парвоз» бо натиҷаи 3 бар 0 пирӯз шудааст, барои роҳ ёфтан ба бозии ниҳоӣ нисбат ба рақиби худ шонси хубтар дорад. «ХИМА» дар бозии аввали ниманиҳоӣ дастаи «Вахш»-ро бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб кардааст, бинобар ин барои роҳ ёфтан ба бозии ниҳоӣ тими меҳмонро ҳадди ақал натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекунад.