Бархурди лафзии ду мазҳаб?

Рӯзи 12 сентябр Поп Бенедикти 16, раҳбари котуликҳои ҷаҳон, дар зодгоҳаш Олмон суханонеро ба забон овард, ки ҳудуди 700 сол пеш Мануэли Дуввум, импротури Бизонс ё Византия дар гуфтугӯ бо як донои порсӣ гуфта буд:

"Ба ман бинамо чизи тозаеро, ки Муҳаммад оварда бошад ва дар он миён ту танҳо унсурҳои баду шарур ва ғайриинсониро пайдо хоҳӣ кард, ба монанди фармони густардани дини ӯ бо шамшер."

Ин нақли қавли поп мусалмонони зиёдеро дар ақсо нуқоти ҷаҳон, аз Фаронса гирифта то Ироқу Арабистону Миср ва Покистону Индунезӣ, ба хиёбонҳо овард, ки аз пайванд додани ислом бо хушунат дар суханронии раҳбари котуликҳо хашмгин буданд. Марокаш изҳороти попро "тавҳиномез" унвон кард ва сафираш ба Вотиконро фаро хонд. Ироқ, Миср ва Кувейт низ ҳамин корро карданд. Маҷлиси Покистон ба иттифоқи оро аз Поп Бенедикт хост, ки суханонашро пас бигирад. Туркияи рӯ ба Урупо низ суханони попро ғайри қобили қабул тавсиф кард. Раисиҷумҳурии Русия низ дар вокуниш ба ин суханон аз раҳбарони мазҳабии ҷаҳон хост, ки аз худ "масъулият ва хештандорӣ" нишон диҳанд. Аҳмади Хотамӣ, узви Маҷлиси Хибрагони Эрон, ки ҳич нисбате ба Муҳаммади Хотамӣ надорад, дар шаҳри мазҳабии Қуми Эрон гуфт:

"...Ва дар маҳзари як оқили динии исломшинос зону бизанад, то исломро бифаҳмад ва дигар изҳороти қабеҳонаи инчунинӣ надошта бошад!"

Поп Бенедикт, албатта, пеши касе зону назад, аммо ба каррот эълом кард, ки аз истинодаш ба импротур Мануэли Дуввум мутаассиф аст ва манзураш ба ҳич рӯй беэҳтиромӣ ба ислом набудааст. То кунун Вотикон чаҳор бор дар ин маврид "изҳори таассуфи амиқ" кардааст. Аммо зоҳиран бисёре аз мусалмонон гӯшбазанги пӯзиши сареҳу ошкори поп буданду ҳастанд.

Вале дар хилоли ин бигӯ-магӯҳо чизе, ки ошкор мешавад, таъсирпазирии беш аз пеши раҳбарони мазҳабӣ аз рӯйдодҳои сиёсӣ ва таъсиргузории онҳо рӯи таҳаввулоти сиёсии ҷаҳон аст.

Таассуфи мукаррар

Поп Бенедикти 16 дар изҳори таассуфи ахири худ гуфт:

"Шӯрбахтона, ин нақли қавл қобили сӯъитабир шудан буд. Аммо агар матни суханронии ман бо диққат хонда шавад, ин нукта равшан хоҳад шуд, ки ман ба ҳич рӯй намехостам суханони манфии як импротури қуруни вусторо аз худ кунам ва мазмуни баҳсбарангези он гуфтаҳо бовари маро бозтоб намедиҳад."

Поп Бенедикт дар идомаи суханронии ҳафтагиаш гуфт, ки нияти ӯ комилан мутафовит буда ва мехостааст аз ин роҳ тавзеҳ диҳад, ки дин ва хушунат тавъам нестанд, балки дин ва хирад бо ҳам аст.

Федерико Ломбарди, сухангӯи Вотикон низ бо пуштибонӣ аз раҳбари котуликҳо гуфт:

"Мусалламан, поп қасди арзёбии амиқи ҷиҳод ва андешаи исломиро надошт ва аз қасди тавҳин ба боварҳои мусалмонон низ фарсангҳо дур буд. Баръакс, дар суханронии Падари Муқаддас ба вузӯҳ метавон шунид, ки ӯ ба фарҳанги ғарбӣ ҳушдор медиҳад, то аз иҳонат ба Худованд парҳез кунанд."

Аммо...

...оё ин суханонро мусалмонон қабул доранд? Барои арзёбии ин нукта Фарҳангу Андеша гуфтугӯҳое дошт бо Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, аз мақомоти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Душанбе (на ба унвони як мақом, балки ба унвони як тоҷики мусалмон) ва Акбари Турсон, донишманди тоҷики муқими Омрико, ки ҳар ду изҳороти поп дар бораи ислом ва ҷиҳодро шоистаи шаъни як раҳбари мазҳабӣ надонистанд. Ин гуфтугӯҳоро метавон бо фишурдани нишони баландгӯ дар канори унвони матлаб дар таркиби барномаи ин ҳафта шунид.

Зоҳиран ин танҳо мусалмонон нестанд, ки гуфтаҳои попро сазовори шаъни як раҳбари мазҳабӣ намедонанд. Рӯзномаи Ҳеролд Трибйуни Байнулмилалӣ дар шумораи рӯзи 21 сентябри худ ба нақл аз хонандае бо номи Йозефа Кнаепен аз Бруксел менависад:

"Адами ризояти мусалмонон аз пӯзиши попро ба содагӣ метавон дарк кард. Поп Бенедикти 16 гуфт, "аз вокуниш ба порае аз суханронии ман дар бархе аз кишварҳо амиқан мутаассифам." Яъне поп аз вокунишҳо ба суханрониаш мутаассиф аст, на аз изҳороти худаш."

Ё Тонӣ Пупкевитз аз шаҳри Зурихи Олмон менависад:

"Изҳороти ахири нобихрадонаи Поп Бенедикти 16, танишҳои рӯ ба афзоиш миёни мусалмонон ва пайравони дигар мазоҳиб, хушунатҳои физоянда дар Ховари Миёна, ҳассосияти мусалмонон ба корикотурҳо, ҷиҳодхоҳӣ дар миёни шумори физояндаи мусалмонон ин амрро зарурӣ кардааст, ки раҳбарони ҷаҳони ислом саранҷом назароти худро бо сароҳат эълом доранд. Онҳо бояд ба вузӯҳ бигӯянд, ки умдатарин омӯзаҳои паёмбар Муҳаммад чӣ буд ва вай барои расидан ба чӣ ҳадафҳое талош мекард. Бисёре бар ин боваранд, ки як идда ифротгаро аз ислом сӯъиистифода мекунанд."

Ва аммо Ториқ Рамазон, нависандаи мусалмон дар мақолае зери унвони "Набард барои ҳуввияти Урупо" мегӯяд:

"Мусалмонон бояд наҳваи тафсири торих аз сӯи урупоиҳоро ба чолиш бикашанд. Дар ин торих нақши фалсафаи ақлонии мусалмонон пок шудааст ва чунин пиндоре вуҷуд дорад, ки фалсафаи исломӣ сирфан тарҷумаи осори фалсафии Юнону Рум аст. Бархурди гузинишӣ дар наҳваи тафсири торих аз сӯи урупоиҳо ба содагӣ саҳми қотеъи андешамандони ақлгарои мусалмон, ба монанди Форобӣ, Сино, Ибни Рушд, Ғазолӣ, Аш-Шатибӣ ва Ибни Халдунро фаромӯш кардааст ва ин фаромӯшӣ дар ҳоли аз нав сохтани Урупоест, ки худро дар бораи гузаштаи худаш гӯл мезанад."

"Чаро бояд асабонӣ шавам?"

Мардуми одии Душанбе ҳам дар гуфтугӯ бо мо дар ин бора изҳори назар кардаанд, ки дар барнома метавон шунид. Назарҳо мухталиф буданд ва яке аз мусоҳибонамон мегуфт:

"Чаро бояд аз гуфтаҳои поп ман асабонӣ шавам? Гуфтааст, ки гуфтааст. Бигзор кишварҳои исломие ба монанди Афғонистону Эрон ба ин гуфтаҳо эътирози расмӣ кунанд, на ман."

Шумори зиёди дигар гуфтаҳои попро тавҳиномез тавсиф карданд.

Дар барнома ин пурсиш ҳам матраҳ шуд, ки оё қазовати мо аз гуфтаҳои поп ба монанди зикри "Ло илоҳ" бо ҳазфи бахши дуввуми он "иллаллоҳ" нест, ки маъниии калимаи шаҳодати мусалмононро ба куллӣ иваз мекунад. Зеро баҳсҳо танҳо бар сари як пораи кӯтоҳ аз суханронии тӯлонии поп аст ва оё афроде, ки дар ин бора изҳори назар мекунанд, матни комили он суханрониро хондаанд ё на?

Хушунати фаромӯшшуда?

Иддае ҳам бар ин назаранд, ки торихи калисои котулик низ дар гузашта бо хушунат гиреҳ хурдааст ва иддаъо мекунанд, ки Поп Бенедикт ба ҳангоми суҳбат аз ҷиҳоди мусалмонон бояд ишорае ба Ҷангҳои Салибии масеҳиҳо ва тафтиши ақоиди мазҳабӣ (инквизитсия) аз сӯи калисо дар қуруни вусто ҳам мекард. Албатта, агар ниёзе ба руҷӯъ ба гузаштаи хунбор вуҷуд дошт.

Шояд дар рӯзгори ошуфта ниёз бештар ба барқарории гуфтугӯи байни мазҳабҳо ва тамаддунҳо вуҷуд дошта бошад. Ин чизест, ки Поп Бенедикти 16 дар паёмҳои таассуфи ахираш рӯи он таъкид кард ва гуфт, ки манзураш ҳамин барқарории гуфтугӯ миёни мазҳабҳо будааст. Аммо он чи имрӯз шоҳидаш ҳастем, боз ҳам бештар ба бархурди мазҳабҳо мемонад, то гуфтугӯ миёни онҳо. Шояд он рӯзи матлуб ҳам фаро бирасад. Шумо чӣ мегӯед?

Лутфан назарҳои худро дар ин бора ба нишонии tajik@rferl.org бифиристед.

Ва аммо аз ман то фурсате дигар худо нигаҳдор ва падруд.
------------------------------------------------------
Салом ба Радиои Озодӣ.
Мехоҳам назари худро дар бораи сухани Попи Рум бигӯям...
Ин сухан барои мо мусулмонон нав нест. Поп бо ин сухани худ мехоҳад, Исломро бадном кунад, вале бисёр хуб медонад, ки дини Ислом дини барҳақ аст, барои он ки дар китобашон зикри Муҳаммад шудааст ва мехоҳанд онро таҳриф кунанд. Агар мо ба дини насоро назар кунем ба асрҳои вусто, онҳо ба тамоми қитъаи замин, ки ҳуҷум карданд ва мардумро месӯзониданд.
Саломов