"Ман кадом рӯз мемирам. Ҳатто як пиёла оби гарм пайдо карда наметавонам, ки нӯшам"

32 хонаводаро аз манзилҳояшон берун кардаанд ки дар Душанбе воқеъ аст Дар маҳаллаи Рӯдакӣ -101
Сафаргул Олимӣ

Бо як қарори ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, кормандони милиса ва намояндагони додситонии ноҳияи мазкур, асноди манзили 32 хонаводаро дар маҳаллаи Рӯдакӣ -201, беэътибор дониста бидуни пешниҳоди ҷойи зисти дигар сокинони онро аз хонаҳояшон ронданд.

«Мо ҳамаамон ҳуҷҷат дорем барои хона ва аз доираи қонун берун кор накардаем. Дар ин моҳи Рамазон ва ана зимистон мо куҷо равем? Ба мо ягон ҷойи зист ваъда накардаанд, танҳо омада хонаҳоямонро чаппа карданд ва мегӯянд ба куҷое хоҳед равед.»

Сокинони хонабардӯши маҳаллаи Рӯдакӣ - 201, ки дар рӯ ба рӯйи корхонаи воҳиди сементбарории Душанбе воқеъ аст, мегӯянд, онҳо ҳарчанд дар даст асноди расмӣ доранд, ки замине, ки онҳо зиндагӣ мекунанд ба заводи семент тааллуқ надорад:

«Мо ба куҷое арз мекунем, ҳеҷ кас арзамонро намепурсад. Ба куҷо равем, чӣ кор кунем, намедонем.»



Малоҳат Қурбонова, як зани бесарпаноҳмонда мегӯяд, вай ва бародараш гирифтори бемории сил мебошанд. Падари онҳо марҳум Қурбон Чориев, ҳудуди 30 сол дар корхонаи семент кор карда шушҳояш аз гарду ғубори семент иллат пайдо карда бар асари бемории сил аз дунё гузаштааст. Модарашон гирифтори бемории рӯҳист. Вай мегӯяд, масъулини имрӯзаи корхонаи семент ба ҷойи қадрдонӣ аз аҳли хонаводаи ҳамкори собиқашон, имрӯз фарзандонашро дар остонаи фасли сармо ва моҳи шарифи Рамазон мехоҳанд, аз манзили зист маҳрум кунанд.

«Ман кадом рӯз мемирам. Шушҳоям аз кор мондааст Директори заводи семент обу барқамонро буридааст. Шабҳо сулфа мекунам, ҳатто як пиёла оби гарм пайдо карда наметавонам, ки нӯшам»



Раҷабгул Ҳақназарова, муовини раиси корхонаи воҳиди сементбароии Душанбе дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт.

«Директори завод Каримов одам фиристод, ба мардуми инҷо гӯяд, ки дар ин ҷо хона насозанд, мумкин нест, аммо гӯш накарданд, сохтанд.»

Аммо коршиносони масоили ҳуқуқ мегӯянд, тибқи қонунҳои ҷории кишвар дар остонаи фасли сармо ва бидуни пешниҳоди ҷойи зисти дигар, кӯчонидани шаҳрвандон аз манзилҳояшон мумкин нест. Абдуқаюм Юсуфов, раиси иттиҳоди адвокатҳои мустақил дар робита ба ин қазия чунин гуфт.

«Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки шахси мувофиқи қонун дар манзил зиндагӣ мекардаро кӯчонад, магар, ки қарори додгоҳ дар ин бора баромада бошад.»

Ва аммо қиссаи ин мардум аввалин нест. Чанде қабл ҳудуди 200 хонаводаи камбизоат бо қарори додгоҳ, бе пешниҳоди ҷойи зисти дигар аз хобгоҳи умумӣ воқеъ дар кӯчаи Заводскаяи ноҳияи Синои пойтахт, ки қаблан дар ихтиёри Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон будааст, аз манзилҳояшон берун карда шуданд. Ин дар ҳолест, ки аксари ин хонаводаҳо солҳои тӯлонӣ дар соҳаи иқтисод ва савдо кор кардаанд ва барои зистан дар ин бино асноди ҳуқуқӣ доштаанд.