Таърихи «Тоҷикон» бояд аз дигар навишта шавад ва ё ҳадди ақал ин таърихномаро таҷдиди назар мебояд. Ин муҳимтарин пешниҳоде буд, ки зимни ифтитоҳи Маркази илмӣ -таҳқиқотии тоҷикони ҷаҳон дар назди факултаи таърихи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон садо дод.
Муҳаммадбашири Бағлонӣ , олими афғон дар бастагӣ ба ин мавзӯъ гуфт:
«Дуруст аст, ки олимони бисёр бузурги мо, ба монанди Бобоҷон Ғафуров китобҳои бузургеро навишта карданд, ки ҳарфҳои дақиқеро ба ӯ ба кор бурданд, аммо маро мебахшед устодони таърихи тоҷик, аммо муаррих зери фишори замонаш ногузир аст, ки сиёсатҳои замонаро муроот кунад. Таърихи муштараки Тоҷикистон маҷмуан дар мантақа, Хуросон ва Пориё дар зери фишорҳои сиёсии маъмулӣ таҳия ёфта, ки маро бардоштам ин аст, ки ин таърих бояд бознависӣ шавад»
Муҳамадбашири Бағлонӣ афзуд, бо вуҷуди арҷ гузоштан ба китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров, ин китоб аз иштибоҳоте орӣ нест, ки бо талаби замона ва дархости идеоложии даврони коммунистӣ мавқеъ доштаанд.
Ин дар мавридест, ки ба иттилоъи Саидҷамоли Бадахшӣ, раиси анҷумани тоҷикони Бритониё, «Тоҷикон»- и Бобоҷон Ғафуров таърихи мукаммали миллат аст:
«Вақте ки ман Таърихи «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро мехонам, лаззат мебарам. Ба назарам мерасад, ки ин мард ҳама воқеъоти ҷаҳонро дақиқан медонад»
Ва аммо воқеъан ҳам Таърихи «Тоҷикон» ба таҷдиди назар ниёз дорад?
Музаффар Азизов, бостоншиноси шинохташуда, раиси идораи бозрасии ҳифзи ёдгорҳои фарҳангӣ ва ташхиси ҳунарии вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд:
«Бе ин намешуд дар он замон. Худ медонед, ки дар он замона сензура буд. Барои ҳамин мо гуфта наметавонем, ки Бобоҷон Ғафуров имкон ёфт, ки ба пуррагӣ ҳама ҳодисоти таърихиро рӯи сафҳа орад. Дар «Тоҷикон», масалан, бисёр гапҳо пардапӯшона гуфта шудаанд, ки имрӯз онҳоро бояд кушоду равшан баён кард, ки дар ҳақиқат, ҳамин воқеъоти таърихӣ чигуна сурат гирифта буданд»
Доктор Шаҳриёрӣ, олими иронӣ низ ҷонибдори бознависии таърихи тоҷикон аст. Ӯ мегӯяд, бе пажӯҳиши ҷадид ва рӯи кор овардани як таърихи мукаммали миллат, ки мутаассифона, дар даврони Шӯравӣ бо дасти дигарон ва зери фишор навишта шудааст, таърихномаи комили тоҷикон ғайримумкин аст ва агар имрӯз ба таҷдиди таърих камар набанданд, фардо дер хоҳад шуд:
«Дар авоили қарни 20 таърихи Осиёи Марказӣ таҳаввули вижае гирифт, ҷунбишҳои зиёде дар Осиё шакл гирифт, ки ҳамаи онҳо бар зидди тоҷикон буд. Онҳо сайъ карданд, ки таърихи ориёӣ ва тоҷикиро кам бикунанд. Имрӯз дар Осиёи Марказӣ ҷуғрофиёи таърихӣ бояд ҳатман аз дигар навишта шавад. Хеле мавзеъотест, ки исмашон иваз шуда. Деҳ буд, шаҳр буд, рӯд буд, кӯҳ буд ва номи ориёӣ дошт, аммо онҳо исми туркиву муғулӣ гирифтаанд, ки медонед, ин хеле хатар дорад, барои тоҷикон »
Оқои Шаҳриёрӣ афзуд, «Тоҷикон»-и аллома Ғафуров оинаи миллат аст. Аммо ба ифодаи Шаҳриёрӣ, ҳамакнун замоне расидааст, ки аз ин оина гарду ғуборро бояд шуст.
Ризо Амҷад, олими дигари иронӣ мегӯяд, воқеъан ҳам аз таърихнигории шӯравии тоҷикон давраҳои таърихӣ ва ҳодисоти муҳим ва баҳсбарангез канора мондаанд. Оқои Амҷад гуфт, минҷумла ин нукта, ки тоҷикҳо усулан иронитаборанд, ба ҳеҷ ваҷҳ мавриди пажӯҳиш қарор нагирифтааст:
«35 млн. тоҷикро имрӯз сарнавишт мушаххас нест, ки куҷо ҳастанд. Шаш миллион тоҷикед шумо. Ва мо ирониҳо ҳам аз шумо ҳастем, падарони мо тоҷик будаанд, мо низ ориёӣ ҳастем ва аз ҳамин марзу бум бархостаем »
Ва аммо оё таърихи тоҷикон, ба вижа «Тоҷикон»-и аллома Ғафуров ба таҷдиди назар ниёз дорад? Ва оё воқеъан аллома Ғафуров аз бархе ҳаводиси таърихӣ ва воқеъияти бостонӣ чашм пӯшидааст?
Уламои тоҷик бар ин назаранд, ки дар даврони Шӯравӣ рӯи кор овардани «Тоҷикон» мушкилтарин ибтикоре буд, ки Ғафуров муваффақ шуд. Ва меафзоянд, воқеъан ҳам бархе аз далолили раднопазири таърихӣ дар ин китоб бевосита ҳаккокӣ нашудаанд. Вале онҳо дар таркиби китоб ва дар зермаъно, яъне байни мисраъҳо навишта шудаанд.
Зикриё Акрамов, доктори илмҳои таърих, профессор ва раиси риштаи таърихи ДДМТ мегӯяд:
«Як тасаввур кунед, ки дар он замон он талаботи шӯравиро ба назар нагирифта ин асар эҷод мешуд?! Онро кӣ нашр мекард? Оқибати он чӣ мешуд? Маро бибахшанд, меҳмонони гиромии ирониву афғонӣ, аммо «Тоҷикон»-ро набояд рӯякӣ хонд. Дар зери мисраъҳои аллома Ғафуров боз зермисраъҳо ҳастанд, ки танҳо мо тоҷикон, ки он замонаро пушти сар кардаем, метавонем фаҳмем, Бобоҷон Ғафуровро, ки чӣ гуфтан мехостанд! Уламои гиромӣ дарк накардаанд, ки бузургии Бобоҷон Ғаффуров дар ин аст, ки ӯ бо рӯйпӯшиву пардапӯшӣ ва ишораҳо ҳақиқати таърихии моро гуфтаанд. Албатта, ҳоло мо имкон дорем, ки онро бепарда, аниқтар гӯем.»
Музаффар Азизӣ меафзояд, ки воқеъан ҳам «Тоҷикон» зери фишор навишта шудааст. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд ин китоб ба масал шаҳодатномаи миллат буд, аммо ба ин таърихномаи миллат таҷдиди назар кардан бадӣ ҳам надорад. Зеро ба гуфтаи оқои Азизӣ замона дигар шудааст:
«Бе ин намешавад. Таърихи тамаддунҳову фарҳангҳои гузаштаи мо ҳамакнун аз нав комилан омӯхта мешавад ва ба ин амри хайр бояд таърихдонҳои ҳамзабон низ ҷалб карда шаванд. Зеро дар танҳоӣ ин таърихро навиштан мушкил аст.»
Зикриё Акрамов ҳарчанд мухолифи бознависии «Тоҷикон» аст, аммо меафзояд, ки таърих догма ва ё илми карахте нест ва дар бархе маворид пажӯҳиши ҷадиди воқеъоти таърихӣ талаби замон аст:
«Чиро аз «Тоҷикон» мо бояд аз сар нависем, ки таърихи мардуми мо аз рӯи сарчашмаҳои бостоншиносӣ, аз рӯи сарчашмаҳои таърихӣ, бостоншиносӣ аниқанд. Онро танҳо бояд мукаммал кард. Дар таърих як шахсро муъайянкунандаи ҳақиқат, эталони ҳақиқат хондан нодуруст аст. Бигзор назарҳои гуногун бошанд, бигзор баҳс кунанд. Хонанда худ қазоват мекунад, ки кадом муаррих ҳақ асту далели кадомӣ камтар аст. Бигзор бисёртар далел биоранд, ба сарчашмаҳо такя кунанд, ба сарчашмаҳои бостоншиносӣ, сиккашиносӣ, этнографӣ, фолклор, сарчашмаҳои хаттӣ ва ғайра.»
Дар мавриде ки сарусадоҳо акнофи таҷдиди назар ба таърихи тоҷикон баландтар мешавад, таърихшиносон, бостоншиносон, чеҳрашиносон, катибадонҳо, хатшиносон ва ҳатто ҷонибдорони услуби материалистии омӯзиши таърих сари ин нукта мувофиқанд, ки бе инкори асарҳои таърихии собиқ таърихи тоҷикон бояд умқан бозомӯзӣ шавад. Зеро, ба гуфтаи онҳо, «Таърих догма нест, ин илми зиндаест, ки ҳар пораи кулол, ҳарфи мехӣ ва ё сафолпораву акси санге метавонад, ба ин илм далели наве ворид кунад»
Мансур Бобохонов, муассиси маркази пажӯҳиши тоҷикони ҷаҳон мегӯяд, як сабаби рӯи кор овардани ҳамин марказ бозтоби таърих, ҳамкории муаррихони ҳамзабон ва кӯшиши рӯи кор овардани асарҳои ҷадиди таърихист.
Ин дар мавридест, ки ба иттилоъи Муҳаммадбашири Бағлонӣ ва оқои Шаҳриёрӣ дар ин шабу рӯзҳо танҳо Тоҷикистон қодир аст, маркази ҳамоиши муаррихони ҳамзабон бошад ва таърихи тоҷикон дар Афғонистону Ирону Тоҷикистон, Узбакистону Туркманистон бознавис шавад.