Забони мо чист?

Мулки мо гулистон аст, мо бегулпарварем. Сарбасар сардору мо бесарварем. Дигарон гиранд гиребони фалак, мо фақат гиребони худро медарем. Дигарон бар ғосибон зӯр оваранд, мо фақат бар асли худ зӯроварем. Биёен ҳама якҷо яктан шавем. Зинда бод Тоҷикистони азизамон.
Taj_Rustam
------------------------------------------------

Забони мо форсӣ аст. Агарчи ин калима дар назари аввал гӯшхарош менамояд, вале ҳақиқат дар он аст. Зеро агар ин забонро тоҷикӣ-гӯён ҷудо кунем, маҷбурем аз бисёр шоирону нависандагон даст кашем.
Ҷаъфар
------------------------------------------------

Забони мо аслан форсӣ аст ва забони тоҷикии имрӯзаи мо як шохаи он аст. Забони тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ ин як тан аст дар се рух. Мо ин се забонро аз ҳамдигар набояд ҷудо кунем. Иштибоҳ хам намекунем, агар ин ҳамаро муттаҳидан "порсӣ" бигуем, чунки дар ҷаҳон бо номи форсӣ машҳур аст.
Пайрав
------------------------------------------------

Пас аз мутолиаи афкору андешаҳои дӯстон перомуни ҳуввияти забони имрӯзаи тоҷикон ва таҳлили услуби навиштани эшон, ба чунин хулосае омадам, ки забони мо забони тоҷикӣ аст. Ба фикри банда, агар дар моддаи дуюми Сарқонуни Тоҷикистон, ки дар он забони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ эълон шудааст, пас аз ибораи "забони тоҷикӣ" дар қавсайн калимаи "форсӣ" илова гардад, дигар ҳоҷате ба ин гуна баҳсу мунозираҳо пайдо намешавад. Барои мисол, ахбори худи радиои "Озодӣ"-ро ва услуби навиштани онро таҳлил кунед. Оё ин ахбор ба забони форсӣ аст, ки бо ҳуруфи сириллик навишта шудааст ва ё ба забони тоҷикӣ аст, ки ғанӣ аз истилоҳоти имрӯзаи рӯзноманигории Эрон аст. Қазоват кунед! Бо саломҳои дӯстона ва арзи эҳтиром ба ҳамаи хонандагони радиои "Озодӣ",
Шакибо
------------------------------------------------

Ба назари банда, чизе, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест: ҳама огоҳанд, ки забони мо аслан форсӣ аст - ҳам мардуми оддӣ, ҳам рӯшанфикрон ва ҳам худи сарварони имрӯзаи Тоҷикистон. Ин матлаб то он дараҷа бепардаю осонфаҳм аст, ки аз он метарсанд: аввалан, элита (нухбагон)-и имрӯзаи Тоҷикистон ва сониян, нирӯҳои берунӣ, ба монанди Русияву Узбакистон. Саромадони имрӯзаи Тоҷикистон, ки аслан характер (сиришт)-и шӯравӣ доранд, аз забону фарҳанги тоҷикӣ то ҳол то андозае дуранд. Тасмимгирандагон ва коршиносони калидии кишвар асосан заминаи омӯзишиву парваришии русӣ доранд ва онҳо ба ғайр аз забони кӯчаву маҳаллашон, як забони аз ҳад зиёд сода-карда-шудаи форсӣ, ки русҳо онро барои мо сохта "тоҷикӣ" ном ниҳодаанд, чизеро беш нафаҳманд. Агар забони Тоҷикистонро расман "форсӣ" бишносем, пас дар ҷамъият талаботе хоҳад зуҳур кард, ки дар сари давлат низ бояд "форсигӯёну форсифаҳмон" бошанд. Саромадони имрӯзаи Тоҷикистон форсигӯ нестанд ва ин аст мушкили асосии худи забони форсии тоҷикӣ ва мавқеъи он дар ҷомеъаи Тоҷикистон. Худи ҷомеъаи Тоҷикистон хеле бурд мекард ва хеле пеш мерафт, агар мо ҳарчи зудтар забонамонро расман "форсӣ" бозмешинохтем, ба хатти форсӣ бозмегаштем ва ба он манбаъи иттилоъотию фарҳангии бой (ғанӣ)-е, ки имрӯз ба хатти форсӣ аз тарафи форсигӯёни ҷаҳон офарида шудааст, дастрасӣ меёфтем.
Абдусалом Одиназода, Устролиё
------------------------------------------------

Аслан мо дар осори адабии то замони Шӯравӣ ҷое вонамехӯрем, ки гуфта шуда бошад, ки ба забони тоҷикӣ ва ё ҳатто дарӣ ва ин ҳама падидаҳо дар қарни 19 рӯ заданд, замоне, ки истеъмор мехост, ки дар миёни мардуми мусалмон бо ҳар роҳ ихтилоф андозад, ба хотир биёред кӯшишҳои навиштани осори адабӣ бо лаҳҷаҳои маҳаллӣ дар миёни кишварҳои парокандашудаи арабӣ ,то инки мардум аз забони фасеҳи Қуръон дур шаванд ва ҳамон таҷриба болои форсигӯён ҳам татбиқ шудааст, ки Форсие, ки ба ҳама фаҳмо буд, акнун ба се қисм ҷудо шудааст, ва мо акнун аз Форсие, ки машҳур аст, аз ӯ мегурезем ва мекӯшем, ки Тоҷикие, ки то ҳол ҳуввияташро дуруст намедонем, ки кай пайдо шудааст, кӯр-кӯрона ба он бифахрем.
Сулаймон
------------------------------------------------

Имрӯз бисёр аламовар он аст, ки ҳама бо лаҳҷаҳои гӯшхарош ҳарф мезананд - чӣ дар мактаб, чӣ дар кӯча. Ҳамагӣ аз забони адабӣ шарм мекунанд - гӯё ки ин чизе паст бошад. Ҳукуматро мебояд, ки ҳатман ин майлонро пешгирӣ кунад, вагарна пас аз чанд соле мо аз забони адабӣ маҳрум мешавем.
Чизи дигар ин аст, ки дар шаҳри Душанбе ҷавонон фикр мекунанд, ки ба русӣ ҳарф задан ин нишонаи статуси баландтарест ва ба тоҷикӣ не. Бояд ба ин ҳатман хотима бахшид ва зудтар!
Мачер
------------------------------------------------

Салом, Дориюш. Забони тоҷикӣ забони форсӣ аст ва ҳам дарӣ - дарӣ тоҷикӣ асту форсӣ - форсӣ- тоҷикӣ асту дарӣ. Ин ҳарсе забон якест ва набояд инро он гуфту онро ин. Вагарна агар ину он гӯем, забон боз ҳам парокандатар мешавад ва хатари дур шудани тоҷикиву форсиву дарӣ зиёдтар. Тоҷикони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба тоҷикӣ ва эрониён ба форсӣ-эронӣ, афғонҳо ба дарӣ, бадахшониҳо ба забонҳои худ, кӯҳистониҳои ба забонҳои худ, курдҳо ба забонҳои худ ва ғайра.... Ин ҳама як қавманд ва танҳо ба эҳтиром, муттаҳидӣ, дӯстӣ, ва бародарӣ муваффақ мешаванд, ки аз як гиребон сар бароранд ва бигӯянд, ки мо яке мебошем. Номгузорӣ кардани ин забон мушкил аст ва имконнопазир. Чун агар бо Америка ва Австралия ва Зеландияи Нав ва Инглистон муқоиса кунем ва забони онҳо ҳама англисӣ ном дорад, намешавад. Таърихи ин давлатҳо на аст ва ҳамааш пайваста ба зарба ва ҳамлаи англисҳо аз Инглистон оғоз шуд ва Америка ва Австралия ва Зеландияи Нав ба забони англисӣ барпо шуданд ва танҳо чанд садсола гузаштааст. Таъхири чандинҳазорсолаи худро тоҷикон ба тоҷикӣ мешиносанд ва Бадахшониҳо ба бадахшӣ ва Суғдҳо ба суғдӣ ва афғонҳо ба дарӣ ва дигар чандин қавмҳо, ки ҳама ба забони фаҳмои эронӣ сухан мегӯянд. Ин ҳама қавмҳои қадимӣ наметавонанд ва намепазиранд, ки забонашон форсӣ гуфта шавад, чун онҳо ҳама пушти нажодашонро ба қавми худ мешиносанд. Хеле осон мешуд, агар ин ҳама муттаҳидан забонро "порсӣ" мегуфтанд, ки дар ҷаҳон ба форсӣ маъруф аст. Аммо чунон ки гуфтам, худи ин қавмҳо инро наметавонанд пазируфтан ва сабабашро ҳам гуфта гузаштам. Хеле зиёд метавонистам навиштан, аммо сухан дароз мешавад ва сухандарозӣ хуб нест. Вале чун сухан сар дорад ва дум, ин нотамом мемонад.
Эҳтиромона
Сиёвуш

------------------------------------------------

Номи дурусту дақиқи забоне, ки имрӯз дар Тоҷикистон бад-он сухан мегӯянду расона менигоранд, «рузбакӣ» аст. Забонест сахт олуда ва носуфта. Ниме русӣ ва ниме узбакӣ, аз тоҷикӣ дар он танҳо «ӣ» мондаву бас.
Замоне ин забон шевову суфтаву равон буду забони порсоён. Порсо мардумеро мегуфтанд ки худотарс буду худопараст, беҳдин буду покдоман ва аз гуноҳ парҳез мекард. Мардумеро, ки на аз Порс буду, на аз Форс, балки аз Эрону Тӯрон буду ориёӣ ва некандешу некпиндору некрафтору неккирдору некгуфтор буд. Аз ин рӯ он мардумро порсо ва забонашро порсӣ мехонданд, ки бо гузашти замон сар то сари Ариёно (Ориёно) гирифту забони ҳамагон шуд. Бо салом
Умед Ҷайҳонӣ
------------------------------------------------

Салом. Ҳаром бод шири модар бар касе, К-ӯ забони модарӣ гум кардааст. Дуруд ба забондонону фарҳангпарварон. Аммо ман имрӯза аз фаъолияти забондонони тоҷик розӣ нестам. Зеро ки онҳо ҳам побанди сиёсатҳои давлат шудаву бар асоси ақидаи худ на, балки бар асоси барномаҳои давлат пеш мераванд. Ва ин хатари бузург барои забони мо мебошад. Дуюм ин ки қабл аз забони форсӣ забони дарӣ (дарборӣ), забоне, ки дар Мовароуннаҳр, хусусан Хуросони бузург ба он суҳбат мешуд ва дар дарборҳо забони ашрофӣ буд. Ба ҳамин хотир "дарӣ" номгузорӣ шуд. Ва баъд аз густариши забони форсӣ ба манотиқи Эрони Ғарбӣ забони порсӣ ном гирифт. Ва баъд аз истиқлол - забони порсии тоҷикӣ ва баъдаш тоҷикӣ. Ба назари ман, забони мо ҳамон забони дарӣ аст, бо гӯиши хосси худ. Чун маркази дарӣ ҳам на Афғонистон, балки бештар Самарқанду Бухорою Тоҷикистон маҳсуб мешавад, то Афғонистон... Бо эҳтиром
Бузургӣ
------------------------------------------------

Забони ман тоҷикӣ ном дорад, на "дарӣ" ва на "форсӣ."
Умаралӣ


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.