...ва ё қиссаи "ретсепт"-нависии "доктор"-ҳову "укол"-фурӯшии "фармасевт"-ҳои тоҷик
САЙЁФИ МИЗРОБ
Дар кишваре, ки мардум даъвии нажоди Абуалӣ Сино дорад, коргузорӣ дар табобатхонаҳо, дармонгоҳҳо, дорухонаҳо ва муҳимтар аз ҳама барчаспҳои дорувор, ҳаббу маводи дармонӣ комилан русист. То ҳанӯз дар кишвар кепатиназол, амписилин, пенисилин мефурӯшанд ва ангенаву давление табобат мекунанд ва ситрамону левомитситин истеъмол доранд
Ин дар мавридест, ки дар аксари маврид мизоҷони дорухонаҳо русиро намедонанд. Вале доруворе харидорӣ мекунанд, ки барчаспҳои русӣ доранд. Алихон Шамъдоров, нозири Оҷонсии миллии стандартҳо ё Тоҷикстандарт мегӯяд, дар Тоҷикистон тамоми молу мавод бо шумули дорувор ва ғизо барчаспҳои русӣ доранд ва бо забонҳои хориҷӣ муаррифӣ шудаанд:
«Маводе, ки мефурӯшанд, бо забони англисӣ, русӣ, ӯзбакӣ, қазоқӣ шиноснома доранд. Аммо тоҷикӣ надоранд.»
Ва аммо оё маводе, ки вориди кишвар мегардад бо забони тоҷикӣ муаррифӣ намешавад? Аҳлиддин Мирзоев як нозири пулиси андози кишвар мегӯяд:
«Маводе, ки шомили кишвар мешавад, пас аз гузаштан аз гумрук бо «аксиз» муҷаҳҳаз мегардад. Аксиз-иҷозатнома бо тоҷикист, боқӣ шиноснома бо забони ғайритоҷикист»
Мусоҳибони ман бар ин назаранд, ки бо мурури замон тамоми барчаспҳо, муаррифиҳо ва шиносномаҳои молу маводи воридотӣ бояд бо забони давлатӣ шаванд:
«Ҳатман дар оянда шиносномаҳову барчаспҳо бо тоҷикӣ мешаванд, аммо барои ин вақт лозим аст»
Ва аммо дар дорухонаҳо, маъруфтар ба аптекаҳо, дӯкондорон, ки худро фарматсевт меноманд, мегӯянд, то ҳанӯз зарурати роҳандозӣ кардани барчаспҳои тиббӣ ба миён наомадааст. Мусоҳиби ман, Аълам Қурбонов, як соҳиби дӯкони дору мегӯяд, барои роҳандозӣ кардани шиносномаҳои дорувор ба забони давлатӣ маблағҳои ҳангуфт лозиманд, ки Вазорати беҳдошти кишвар онро надорад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки барои тоҷикӣ кардани барчаспҳои дорувор бояд забони тиб дар кишвар тоҷикӣ шавад. Зеро то ҳанӯз дар Донишгоҳи тибби Тоҷикистон, ворисони Сино бо русӣ таҳсил мекунанд ва забони давлатӣ аз долонҳои бемористону дармонгоҳҳо берунтар вомондааст. Мусоҳибони ман мегӯянд, дар аксари маврид давот, маъруфтар барои табибони тоҷик ба «ретсепт» бо русӣ иншо мегардад. Дорусозон мегӯянд, агар давот тоҷикӣ бошад, пас намедонанд, ки ба бемор кадом доруро бидиҳанд. Шарифҷон Ҳусейнзода, журналсти маҳаллӣ мегӯяд:
«Давотро бо ҳама забон, лотинӣ, русӣ, англисӣ, ҳатто ӯзбакӣ менависанд. Аммо аҷиб аст, ки бо тоҷикӣ наменависанд.»
Дар мавриде, ки «ретсепт»-и русӣ 1025 сол муқаддам ҳамчун «давот» маъруф буд ва Закариёи Розиву Бӯалии Сино асосгузорони тиб дар ҷаҳон шинохта шудаанд, чаро табибони тоҷик комилан аз форсӣ рӯ тофтаанд ва бо русӣ менависанду эҷод мекунанд? Ҷонибдорони забони русӣ дар тиб мегӯянд, бе ин забон дарки тибби муосир имкон надорад.
Аз Соҳиб Раҳмонов-сармутахассиси дилпизишки Тоҷикистон мепурсам, ки эшон то кадом ҳад ҳаққанд ва оё забони тоҷикӣ воқеан забони тиб нест дигар? Ӯ мегӯяд:
«Аз тамоми ину он гумкардагон,
Зиштрӯтар нест дар рӯи ҷаҳон
Он ки гум карда забони модарӣ
Ҳарф гӯяд бо ту бо чандин забон!
Касе, ки зидди коргузорӣ дар тиб бо забони тоҷикӣ ҳарфе гуфта бошад, ман ба ӯ мегӯям, ки хатои сахт кардааст. Зеро мафҳум таърихи беморӣ ва вожаҳои тиббиро дар таърихи тиб Закариёи Розӣ ва миллати мо ба олам мерос мондааст.»
Соҳиб Раҳмонов меафзояд, гурӯҳи профессураи Донишгоҳи тиббӣ, ки ба истилоҳ ба гурӯҳи забонгумкарда шомиланд, то ҳанӯз талош доранд, ки забони давлатӣ забони тиб набошад:
«Он гурӯҳи забонгумкарда, насли калонсоли профессура бо забони модарӣ мутаассуф сухан гуфта наметавонанд ва барои худ дар Донишгоҳ роҳи халосӣ ёфтаанд: Онҳо гурӯҳҳои русии тиббӣ таъсис додаанд ва ба онҳо дарс мегӯянд. Аз мост, ки бар мост ва дар ин маврид ҷавонони тоҷикон, ки муштоқи илманд, канора мемонанд»
Дар мавриди шиносномаҳои дорувор бо забони хориҷӣ мусоҳиби ман афзуд:
«Агар ҳар масъул барои татбиқи воқеии Қонун дар бораи забон, ки мо аз соли 1989 рӯи он ҳарф мегӯем, заррае масъулият ҳис кунад, ин мушкил ҳал мешавад!»
Мусоҳиби ман афзуд, танҳо бо роҳандозии шифо бо забони давлатӣ метавон перомуни татбиқи Қонуни забон дар дигар соҳоти кишвар ҳарф гуфт:
«Бигзор намояндаи дигар ақвом маро дар тарабхонаву толорҳо ҳурмат накунад. Вале бояд дарди худро ба забони миллате, ки соҳибмулк аст ба ман бигӯяд ва ман муваззаф нестам, ки барои шунидани ӯ тарҷумоне ба забони ӯзбакӣ ва ё забони дигар дар қабулгоҳам дошта бошам»
Вале шиносномаҳои ғайритоҷикии мавод натанҳо дар тиб мавзӯъи баҳсбарангез шудаанд. Муштариёни як дӯкони маҳаллаи Гулистони Душанбе мегӯянд, барчаспҳои хориҷӣ ба вежа русӣ ба диёнати мардуми мусалмон халал ворид кардаанд. Зеро тоҷикон бо надонистани вожаи «Бэкон», «Салями», «Ҳам», ҳасибҳоеро истеъмол мекунанд, ки аз гӯшти хук таҳия шудаанд. Ва аммо ин мавзӯъи дигар аст, ки сари он бармегардем.