Қурбониёни тоҷики инфиҷори Черкиз

Муҳаммади Эгамзод - сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон, ки дар пайи таркиш дар бозори Черкизи шаҳри Маскав захмӣ шуда буд, дар бемористон даргузаштааст. Вай ҳамчунин хабар дод, ки дар бемористони шумораи 36-и Маскав айни ҳол шаш шаҳрванди маҷрӯҳи Тоҷикистон таҳти табобат қарор доранд ва вазъи саломати се тани онҳо вахим аст.

Оқои Эгамзод афзуд, аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар бозори Черкиз кор мекарданд, шомгоҳи рӯзи душанбе чанд нафар ба манзилҳои худ барнагаштаанд ва дар шумори афроди беномунишонанд.

Фотима Давлатова - намояндаи созмони Тоҷикдиаспора низ шумори афроди беномунишонро дастикам 7 нафар мегӯяд.

Бино ба гузориши мақомоти бозрасии Маскав, бозрасии ҳуввияти ҳалокшудагон рӯзи сешанбе шурӯъ шуд ва тайи он панҷ табаъаи чинӣ, як ветномӣ ва як белорус шиносоӣ шудаанд.

Юрий Семин - додситони шаҳри Маскав рӯзи сешанбе ба хабарнигорон гуфт, ки дар иртибот бо ҳодисаи инфиҷор дар бозори Черкиз се нафар боздошт шудаанд ва далоили қавӣ дар даст ҳаст, ки онҳо муртакиби ин ҷиноят шудаанд, вале ба далели идомаи таҳқиқот ному насаби онҳо эълом намешавад.

Дар ҳоле ки додситонӣ аз зикри номи гумонбарон ва риштаи фаъолияти онҳо худдорӣ кардааст, рӯзномаи Время Новостей чопи Маскав менависад, дар ҳодисаи инфиҷор дар бозори Черкиз яке аз гурӯҳҳои милатгаро ё фошисти рус даст дорштааст. Бино ба иддаъои ин рӯзнома, онҳо бо ҳадафи куштани ғайрирусҳо дар бозор бумб гузоштаанд.

Ҳамзамон бахши русии Озодӣ хабар додааст,ки яке аз боздоштшудагон донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои шимии Маскав мебошад.

Гузашта аз ин, хабаргузории ИТАР ТАСС навиштааст, бумбро ки муъодили беш аз 1 килло тротил будаст, як донишҷӯи донишгоҳи шимӣ дар хонааашон таҳия кардааст.

Галина Кожевникова, як муҳофизи ҳуқуқи башар дар Маскав гуфтааст, ки аз оғози соли равон то кунун дар заминаи хусумати қавмӣ дар Русия 21 нафар кушта ва 208 нафар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи вай, "сартарошидаҳо" (скинҳедҳо), ки шумори онҳо дар Русия ҳудуди 50 ҳазор баровард шудааст, умдатан ба мардумони Осиёи Миёна ва Қафқоз ҳамла мекунанд.