Ҷусторе андар дӯстию дӯстор

Далели зикри ин зарбулмасал пеш аз дуруд ҳам далеле мантиқист. Зеро нахустин якшанбеи моҳи августи ҳар сол рӯзи байнулмилалии дӯстист. Имсол ин рӯз бо шашуми август мусодиф шуд. Дӯст кисту дӯстӣ чист ва арзиши он дар чист? Пурсишҳоест, ки сари он дар Фарҳангу Андешаи ин ҳафта андеша кардем, албатта, бо соҳибназарон ва худи шумо.

Ин бор Имомназари Холназар, нависандаи тоҷик ва аз дӯстони хуби Фарҳангу Андешаро дар ҳоле дарёфтам, ки канори як дӯсти хубаш нишаста буду дӯстона суҳбат мекард. Шояд музоҳимаш шудам, аммо лаҳза барои суҳбат аз дӯсту дӯстӣ бисёр муносиб буд:

Холназар: Дӯст кист? Посух ба ин суол ба андозаи посух ба пурсиши "ишқ чист?" душвор аст. дар ин бора як мақоли халқӣ ҳаст: "Дӯст хуб аст ё бародар?" Посухи он ин аст: "Бародаре, ки дӯст бошад". Алон дар ҳузури ман як дӯст нишастааст, Ҷумъахон Сироҷ, маъруф ба Очаи Бикка. Мо тахминан сӣ сол аст, ки бо ҳам дӯстӣ дорем. Ҳоло ки банда канорнишин ҳаста ва камтар одамонро мебинам, аз дӯстон танҳо чанд тан мондаанд, ки ба суроғи кас меоянд. Мегӯянд, ки "дӯстро дар рӯзи бад мешиносӣ ё дар сафар". Дар рӯзи нек ҳама дӯст мешаванд. Барои ҳамин, ба ин пурсиш намешавад як посухи мушаххас дод".

Суҳбати мо бо Имомназар Холназар бештар аз инҳо тӯл кашид ва саранҷом ба шумурдани теъдоди дӯстонамон пардохтем. Ишон гуфтанд, ки панҷ дӯсти ростин доранд ва ман аз ӯ хостам, ки Фарҳангу Андешаро ҳам ба наҳве дар миёни дӯстонаш бигунҷонад, ки шуморашон ҷуфт шавад.

Поёни дӯстӣ оғози вайронист

Аммо зоҳиран рӯзу рӯзгори мо имрӯзҳо чизе, ки камтар шоҳидаш аст, ҳамоно дӯстии ростин аст. Дӯстӣ зери сояи тираи ҷанг дар Ховари Миёна пинҳон мондааст. Низоъи деринаи миёни арабҳову исроилиҳо як намунаи талхи он аст, ки чи гуна дӯстӣ ва ҳатто хешовандии миёни ду қавм метавонад табдил ба кудурату хусумате бад-ин андоза вайронгар шавад. Забонҳои ин ду қавм, арабӣ ва яҳудӣ ҳокӣ аз наздикии бешоибаи онҳост. Муҳимтарин иборати арабӣ "салом алайкум" ба ибрӣ мешавад "шалом алейхем" ва ҳамин тавр ҳазорон вожаҳои ҳамсони дигар. Вале имрӯз на аз "салом" хабаре ҳасту на аз дӯстӣ дар ин минтақаи ошуфта. Афзун бар ҷони милюнҳо нафар, ки зери бумбборону мӯшакборон меларзад, нодиртарин осори фарҳангию бостоншинохтии ҷаҳон низ дар Ховари Миёна зери хатар аст.

Ин минтақа ҳовии осори торихию фарҳангии нодири ҷаҳон аст ва се мазҳаби умдаи ҷаҳон - масеҳият, яҳудият ва ислом - ҳамагӣ дар минтақа амокини муқаддаси худро доранд. Гузашта аз муқаддасот, башарият дар ин минтақа хотироти куҳани зиёде дорад. Чанд рӯз пеш, ки шаҳри соҳилии Сур дар ҷануби Лубнон бумбборон мешуд, афзун бар фоҷеъаи муҳтамали башарӣ бар фоҷеъаи эҳтимолии фарҳангӣ ва торихии он низ мешуд андешид. Шаҳре, ки 5000 сол торихи мактуб дорад ва дар осори бостонӣ аз он ситоишҳо шуда. Масалан, дар яке аз навиштаҳои юнонӣ дар бораи ин шаҳр мехонем:

"Дионисус аз шаҳри Сур дидор кард ва аз зебоии он шигифтзада шуд ва гуфт: "Ман ҳаргиз чунин зебоиро тасаввур намекардам... Эй азизтарин шаҳри ҷаҳон!"

Зебоии хиракунандаи ин шаҳр дар ҷаҳони бостон мояи ҳасодати ҷаҳонгушоён буд ва аз Искандари Мақдунӣ гирифта то ҷаҳонгушоёни асри нав ҳама дар тасхири он кӯшидаанд. Шаҳри Сур ба монанди чандин шаҳри дигари Ховари Миёна дорои осорест, ки Бунёди омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид ЮНЕСКО дар феҳрести мероси ҷаҳонӣ шомил кардааст.

Маҷаллаи Фарҳангу Андеша бо дафтарҳои мухталифи ЮНЕСКО дар тамос шуд, то дар бораи ин осори торихӣ суҳбат кунад. Аммо, мутаассифона, посухи афроди марбута ин буд, ки ҳич як иҷозаи суҳбат дар бораи ҳаводиси Ховари Миёнаро надоранд. Маълум нест ин иҷоза кай дода хоҳад шуд, то бар огоҳии мардуми ҷаҳон аз арзиши ин осор биафзояд. Умедворам ин иттифоқ қабл аз он биуфтад, ки ҳанӯз осоре барои муроқибату нигаҳдорӣ боқӣ бошад. Мо ҳам ба ин мавзӯъ дар барномаҳои баъдӣ боз хоҳем гашт, замоне ки иҷозаи суҳбат барои ЮНЕСКО содир шуда бошад.

Номаи дӯст

Ахиран сомонаи интернетии Озодӣ номаи меҳрборе дарёфт кард аз дӯсте дар Қазоқистон, ки беандоза ҷолиб буд. Нависандаи нома Руслан Нуримбетов аст. Як ҷавони 28-солаи қазоқ дар шаҳри соҳилии Атирау. Вай ба хатти сириллик ба забони форсии тоҷикии бидуни ғалат менависад:

"Ассалому алайкум, бародарони азиз! Миллати ман қазоқ аст ва ман дар Қазоқистон дар шаҳри Атырау зиндагӣ мекунам. Ман ҳоло ба забони тоҷикӣ хуб гап зада наметавонам, вале ман ин забони зеборо дар интернет омӯхта истодаам. Аввалан гуфтаниям, ки забони тоҷикӣ дар ҳақиқат хеле зебост ва таърихи дароз дорад. Шумо бояд бо ин фахр кунед. Мутаасифона, дар шаҳри ман тоҷикон нестанд..."

Ва дар идомаи нома Руслан ба забони русӣ аз ҷавонони тоҷик мехоҳад, ки ба забони модарии худ арҷ бигзоранд, чун ба гуфтаи вай, забони тоҷикӣ сазовори арҷгузорист.

Пас аз дарёфти ин нома бедиранг бо Руслан дар тамос шудам, то бибинам, ки чаро аз фосилае бад-ин дурӣ ба забони мову шумо алоқа пайдо карда ва бидуни омӯзгор ба омӯзиши он аз тариқи сомонаҳои маҳдуди интернетӣ пардохта. Руслан дар ин суҳбат ба мо гуфт, ки яке аз ангезаҳои омӯзиши забони форсии тоҷикӣ барои вай оҳангҳои зебои Далер Назар, Парвиз Назаров ва Ситора Назарова - ҳунармандони тоҷик будааст.

Вале оё, дар воқеъ, ин алҳони зебои мусиқист, ки Руслонро ба омӯхтани забони мо водошта ё баръакс, зебоии забон буда, ки ӯро ба мусиқии мо ҷазб карда? Барои гуфтугӯ дар ин бора суроғи Гулрухсор, шоъири саршиноси тоҷикро гирифтем.

Гулрухсор: "Ман хиёл мекунам, ки аввалин забони инсон мусиқӣ будааст. Вақте ки инсон ҳанӯз ҳарф насохта буд, мусиқиро медонист. Забони муҳаббати инсон ҳам мусиқист. Аз ин рӯ, вақте ки намояндаи як миллати дигар, аз ҷумла ҳамон дӯсти қазоқи мо ба воситаи мусиқӣ ошиқи забони мо шудааст, ин чизи хеле табиъист. Ва мусиқӣ танҳо нест. Дар ин мусиқӣ шеър ҳам будааст. Аввал мусиқии шеъри мо пайдо мешавад, махсусан, шеъри форсии мо. Ва шеъри он ҳам ин ҷавонро маҷзуб карда, албатта, аз роҳи сеҳри мусиқӣ".

Пеш аз ин ки ин сафҳаро бибандед, як ҳикмати деринаи дигаре ҳам дорем:

Пешопеши ман нарав, шояд пайрави хубе набошам.
Ба дунболи ман наё, шояд раҳбари хубе набошам.
Аз канори ман биё, то бо ҳам дӯст бошем.


Боз ҳам метавон сари дӯстӣ андешид ва ба атроф нигарист: шояд мутаваҷҷеҳи ҳузараш набудеду ӯ ҳамеша канори шумо буда? Хуб аст, ки дӯстонамонро бишносем.