Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Назароте, ки ҳовии тавҳин ба кас ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
Бо арзи салом. Ман фикр мекунам, ки мулоқоти раҳбарони се кишвари осиёӣ дар Душанбе вокеъаи муҳимми сиёсӣ мебошад. Вале ҳар гуна мулоқот ва муносибатҳои дутарафа ва ё сетарафа дар минтақа, бояд бо дарназардошти узвият ва ё нозир будан дар Созмони Ҳамкорҳои Шонгҳой сурат гирад. Магар ин ки пошхурии ин созмон ва ё суст шудани он ҳамчун натиҷаи чунин вохуриҳо метавонад сурат гирад. Вале баргузории он дар Душанбе ба Тоҷикистон бурди сиёсӣ медиҳад ва мавкеъашро дар минтақа мустаҳкамтар хоҳад кард. Хуб мешуд, агар чунин мулоқотҳо замина барои ташкили фазои иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни ин се кишвар фароҳам оварад.
Мақсад
----------------------------------------------------
Салом бар ҳамагон! Назари ман бар ин аст, ки ҳамчунон ки давлати Тоҷикистон дар робитаҳои худ бо Эрон то кунун бар ҳамкориҳои иҳтисодӣ авлавият додааст, аз ин ба баъд низ бояд бар ин сиёсат рафтор намояд ва робитаҳои фарҳангӣ ва илмию омӯзишӣ дар дараҷаҳои баъдӣ мадди назар қарор гиранд. Ҳукумати Тоҷикистон бояд ин нуктаро дар робита бо Эрон дар назар бигирад, ки Эрон нисбати он ормонҳо ва маромҳои миллие, ки мардуми Тоҷикистон ба он алокаманд ва дил бастаанд, яъне таваҷҷуҳ ба асолати миллӣ ва дигару дигар чизҳо, чорсад сол пеш, замоне ки Сафавиҳо дар Эрон рӯи кор омаданд, хайрбод гуфтааст ва дар ҳоли ҳозир ҳукумати ин кишвар муҳимтарин маъмурияти вуҷудии худро пароканиши мазҳаби шиъа дар ҷаҳон медонад, то таваҷҷуҳ ба мавзӯъот ва масоили арзишҳои миллӣ, ки мадди назари давлат ва миллати Тоҷикистон аст. Манзури ман ин аст ки фаъъолиятҳои Эрон барои густариши мазҳаби шиъа дар Тоҷикистон боиси чанддастагӣ дар миёни як миллат шуда ва ба сарнавишти бадбахтонаи Афғонистону Покистон барин кишварҳо дучорамон мекунад - сарнавиште, ки хаммилатҳо ҳамдигарро мекушанд ва масҷиди ҳамдигарро ба оташ мекашанд.
Муҳаммад, Теҳрон

Ба назари ман, иқдоме, ки ба вуқӯъ пайваст байни се кишвар, дуруст ва мантиқӣ мебошад. Ин яке аз аҳдофи дарозмуддат байни ин се кишвар аст, агарчи натиҷаи хуберо дар вақтҳои наздик набинем (чунки таъаддиҳои зиёде дар пеш аст), аммо дар чанд соли оянда хоҳем дид. Бино бар ин, иқдоми раисони 3 кишварро қобили ситоиш медонам. Бо ташаккур аз радиои Озодӣ барои оростани Майдони Баҳс.
Абдулваҳоб

Нахуст ташаккур аз кормандони радиои "Озодӣ", ки барои изҳори андеша майдони баҳсе оростаанд. Баъдан ман низ аз хамкории ҳарчи бештари Точикистон бо кишвари ҳамзабону пешрафтае ба монанди Ирон ва давлати Афғонистони ҳамҷавор хуш истиқбол мекунам. Агар тасвиби санадҳои ҳамкорӣ танҳо дар рӯи коғаз намонад, пас метавон гуфт, ки дар ояндаи наздик боз ҳам форсизабонон метавонанд худро ҳамчун давлати пешрафтаву бофарҳанге дар ҷаҳон нишон бидиҳанд. Бо умеди саодатмандии мардуми форсизабон бо дуо
М. Маҳбуб

Салом ба хонандагони сайти радио Озодӣ. Ба фикри ман, ин иттиҳод аз имкон берун ҳаст дар ҳоли ҳозир. Чунки низоми кунунии Ирон як кишвари ақоидӣ ҳаст ва аз ҳама муҳим барои Ҷумҳурии Исломии Ирон ин нашри мазҳаби шиъа ҳаст. Ва мо - тоҷикон бояд аз ҷанги Ироқ ва Лубнон дарс бигирем, ки зоҳиран дасти Ирон инҳоро ба ҷони ҳам андохт. Ва чунон ки гуфтанд, то ҳол 100 қарордод бо Ирон бастем ва ҳар қарордоде, ки барои нашри мазҳаби шиъа кумак мекунад, амалӣ мешавад ва дигарҳояш ба боди фано дода шуданд. Ва мо метавонем бо афғонҳо бо ҳам биёем, на бо Ирон, ки дар талоши нашри мазҳаби шиъа дар Тоҷикистон аст. Бо эҳтиром,
Ҳусайн, Ландан

Монеъи аслӣ дар роҳи пайвастан ва иттиҳоди наздиктари се кишвари порсигӯ режими исломии арабгаройи Эрон ва ҳукумат-луъбатакони дасти Русия ва Омрико дар Тоҷикистону Афғонистон аст. Ин се кишвар бояд аз ҳамин се гаройиши ношоиста ва мухолиф бо рӯҳи эронӣ даст бардоранд ва хушбахтиро дар идеулужии ҳамсони миллӣ ва демукротик, дунявӣ ва озодигарое бибинанд, ки реша дар таърих ва фарҳанги мардумони эронӣ ё ориёӣ дорад. Онгоҳ ин кишварҳо метавонанд ҳам аз ғуломии Омрикову Русия ва араб рахоӣ ёбанд, ҳам худ он миқдор нерӯманд шаванд, ки минтақаро дар кунтрул бигиранд. Бо умеди пирӯзиҳо,
Фаромарз

Дуруд бар ҳаводорон ва кормандони родю Озодӣ! Ба назари банда, ҳамбастагии Тоҷикистон, Афғонистон ва Ирон ба манфиъати форсизабонҳо ва умуман, иронинажодҳо хоҳад буд. Умедворам, ки рӯзҳои наздик як конфедеротсиюни ин се кишвар ба миён меояд. Умедворам, ки баъдан дӯстони курди мо ҳам ба ин иттиҳодия бипанйванданд. Фарқе байни мо вуҷуд надорад. Мо ҳама кишваре будем, ки қувваҳои беруна моро аз ҳам ҷудо намудаанд.
Iran-Najad

Танҳо бо ҳамкории сетарафа ин давлатҳои минтақа тараққӣ хоҳанд ёфт, молу маводди Тоҷикистон аз тариқи Афғонистон ва Эрон ба бозори ҷаҳонӣ хоҳад баромад, аз дигар тараф бошад, Эрон ва Афғонистон моли худро ба шимол дар мудати кӯтоҳ хоҳад бурд. Хулоса он аст, ки барои ҳамкорӣ манфиъати ҳамаи тарафҳо ҳаст, аз ҳама муҳим он аст, ки тарафҳо бо ҳамдигар самимона бархурд кунанд. Бо салом,
Музаффар

Салом ба ҳамватанон! Ба фикри ман, вохурии сегона байни се давлати форсизабон фоидаи калон дорад. Тоҷикистон 15 сол мешавад узви СНГ мебошад. Дар ҳудуди 15 сол 1000-то қарордод имзо шудааст. Аммо дар рӯи коғаз. Аввал ин ки аз худамон намонем! Ирон дар давоми ду сол хеле кумаки зиёд кард... Оё бародарони форсизабонамон беҳтар нестанд?
Сомонӣ

Моро танҳо ваҳдату ҳамбастагӣ аз ҳар гуна бунбаст раҳо мекунаду халос. Ба қавли Иқбол: Нафас дорад, валекин ҷон надорад, Ҳар он ки бар умеди дигарон зист...
Бахтовар, донишҷӯ

Рости гап, беш аз ҳама аз коста шудани обрӯи Тоҷикистон метарсам. Ба оқои Аҳмадинажод дар кишвари худаш ҳам эҳтиром намегузоранд. Он чи оқои Раҳмонов барои намунаи ҳамкориҳо (бо Ирон) аз нақби Анзоб ва ё нирӯгоҳи Сангтӯда 2 ном мебарад, аслан дар даврони М. Хотамӣ, ки камубеш эҳтиёткортар аз раиси кунунии Ирон буд, тарҳрезӣ шудаанд. Умедворам оқои Раҳмонов афсуни сиёсат ва динбозиҳои вайронгари ҳамтои ирониаш нашавад. Аммо ин гуна назар додани ман маънои онро надорад, ки бо ҳамкориҳои се кишвари порсизабон мухолиф бошам. Беҳтар мебуд дар ин роҳ бо як эъломия ва як тавофуқномаи сеҷониба иктифо мекардем ва дар заминаи он ба бастани тавофуқномаҳои сеҷониба ва амалӣ кардани он даст меёфтем.
Гулчеҳра

Фикр намекунам, ки ин дафъа низ ин нишасти сарони кишварҳои порсизабон чизи фавқулҷодае бидиҳад. Мантиқитар мебуд, агар ин раисони ҷумҳуриҳо на танҳо ба бастани тавофуқномаҳои дуҷониба ва сеҷониба иктифо кунанд, балки аслан ба роҳҳои амалисозӣ ва назорат бар он паймонҳоро баррасӣ мекарданд. Охир, фақат байни Ирон ва Тоҷикистон беш аз 100 тавофуқнома баста шудааст, вале кадоми онҳо ғайр аз ду ё се-тоашон амалӣ шуд?
Мурод

Ба назари ман, нишасти раисони ҷумҳури се кишвар хуб аст, вале мутаассифона, бисёре аз санадҳое, ки ин сарон имзо мекунанд амалӣ намешавад. Чунки баъзе аз ин кишварҳо дар тасмимгириҳои сиёсати хориҷии худ мустақил нестанд. Дар моҳи январи соли ҷорӣ, ки оқои Раҳмонов ба Теҳрон сафар карда буд ва қарор буд оқои Карзай ҳам дар он нишаст ширкат кунад. Вале амрикоиҳо иҷозаи ширкат кардан ба оқои Карзайро надоданд. Дар муддати 15 сол байни Тоҷикистон ва Эрон 150 қарордод ба имзо расидааст, ки мутаассифона, бисёре аз ин қарордодҳо амалӣ нашудааст.
Ҳалимуф

Назари мо нек аст ба ояндаи ин се кишвари форсизабон. Аслан ин се кишварро аз ҳам ҷудо гуфтан хатост. Тамоми халқи тоҷик Афғонистону Иронро барои худ Ватан меҳисобанд, ки комилан дуруст аст. Пайвастшавии ин се кишвар ба нафъи ҳамдигар мебошад. Замоне расидааст, ки Ирону Афғонистони Бузург бародари кӯчаки фаромӯшшудаи худро (Тоҷикистон) дубора ба оғӯш гиранд... Ирону Афғонистонро хеле дӯст медорам ва хушбахтии ин кишварҳо хушбахтии Тоҷикистон ва бадбахтии онҳо бадбахтии Тоҷикистон мебошад. Ба ҳамаи ирониҳову афғонҳо саломи меҳрбори худро аз Тоҷикистон мерасонам.
Тоҷикпури Аҳмад, Кӯлоб

Чуноне ки 40-50 сол қабл бунёди Иттиҳодияи Урупо барои сокинони он як афсонаро мемонд, шояд конфедератсия шудани 3 кишвари Ирон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба назари бархеҳо хандаовар намояд, аммо зарурати ҳаёт ва шароити ҳассоси минтақа ин амрро тақозо мекунад. Лизо дар ояндаи начандон дур мо шоҳиди иттиҳоди форсизабонҳо хоҳем шуд.
Мулломирсаид, Ҳиндустон

Салом бар ҳамаи хонандагон ва заҳматкашони радиои Озодӣ. Ба назари ман, Тоҷикистон, ки як кишвари хурд аст, беҳтарин ҳолат барои кишварҳое мисли Тоҷикистон ва худи Тоҷикистон равобити хуб доштан бо ҳамаи кишварҳои дунё, махсусан бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳамзабону ҳамфарҳанг аст. Аз назари ахлоқӣ агар нигоҳ кунем, равобити хуб доштан ва эҳтиром намудан, агар суд ҳам надошта бошад, зарар надорад. Чуноне ки дар зарбулмасал ҳам мегӯянд, ки "Мор бо гапи хуш аз хонааш берун меояд". Дар ҷаҳони имрӯз кишварҳои зиёдеро мебинем, ки бо ҳамдигар паймон мекунанд, дар ҳоле ки на забони муштарак доранд ва на фарҳанги муштарак. Ин се кишвар, ки тақрибан ҳама чизеро, ки барои наздик шудан ба хам ниёз ҳаст, доранд.
Донишҷӯ

Ба назари банда ҷаҳони имрӯзаи мо бе ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳеч аст. Банда хушбинам ва хоҳони иҷро шудани ҳамаи тавофуқоти ин кишварҳоям. Бо эҳтиром
Мирсаид, корманди лоиҳаи Бонки Осиё