Дидани зан дар сари фармони мошин агар дар Урупо падидаи ғайримуқаррарӣ нест, аммо барои ҷомеъаи муҳофизакори Тоҷикистон зиёд шудани занони ронанда як тамоюли нисбатан ҷадид ба шумор меравад. Чаро ки солҳои қаблӣ дар Тоҷикистон ронандагӣ аслан шуғли мардона ба ҳисоб мерафт ва низ занон ба ин касб кам таваҷҷуҳ доштанд.
Индира - яке аз он ҷавонзанони ба қавле "мудерн"-и тоҷик аст, ки бахти паси фармони мошин нишастан насибаш гаштааст. Ӯ аз хурдӣ ин орзуро доштааст, вале мегӯяд, ҳамзамон барои кораш ҳам доштани нақлиёти шахсӣ зарур аст:
"Мошин кори одамро бисёр осон мекунад. Ман қариб ҳар куҷое, ки наравам, барои кор аз мошини хусусиам истифода мекунам."
Коршиносон яке аз омилҳои афзудани шумораи занони мошинронро дар он мебинанд, ки имрӯз занон бештар ба ҳаёти фаъъоли ҷомеъа ворид шудаанд ва ҳам зарурати доштани нақлиёти шахсиро ҳам барои кору зиндагӣ дарк кардаанд.
Юсуф Гадоев - сардори бахши сабти мошинҳои Идораи бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, омӯхтани ронандагӣ барои ҳар як зан аз манфиъат холӣ нест:
"Вақте зан худаш мошин ронда метавонад, вақте дар хонааш ягон камбудӣ мешавад ва ё хидмати тиббӣ лозим меояд, ӯ ба умеди касе нашуда, худаш онро ба зудӣ анҷом медиҳад."
Гузашта аз ин мегӯяд, ҷаноби Гадоев, занону духтарон дар муқоиса бо мардон дар рондани мошин хеле боэҳтиётанд ва аз ин аст, ки аз ҷониби онҳо нақзи қоъидаҳои ҳаракат хеле кам ба назар мерасад. Мушкили занону духтарони мошинрон танҳо дар он аст, ки онҳо дар тафовут бо мардон наметавонанд, мошини дар роҳ вайроншудаи худро таъмир кунанд ва барои ҳамин дуру дароз мунтазири ягон ронандаи боинсоф меистанд, то ки ба онҳо кӯмак кунад.