Барои муайян намудани ин ки довталаби ғайритоҷик то кадом андоза забони давлатии Тоҷикистонро медонад, комиссияи қабули донишгоҳ аз вай ба забони тоҷик санҷиши хаттӣ ва ё диктант мегирад. Ёқубҷон Дадоҷонов - ҷонишини котиби масъули комиссияи қабул ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар ин маврид мегӯяд:
«Узбакҳо ва русҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, бояд забони давлатии ин кишварро донанд. Барои исботи он ки забони давлатӣ, яъне тоҷикиро медонанд, дар комиссияи қабул аз онҳо диктант гирифта мешавад. Дар ҳолати супурдани санҷиши хаттӣ ҳуҷҷатҳои онҳо бе ҳеҷ мамониат ба тамоми шӯъбаҳои донишгоҳ қабул карда мешавад. Дар акси ҳол онҳо ҳуқуқи ҳуҷҷат супурдан надоранд.»
Ин иқдом, ба гуфтаи масъули комиссияи қабули донишгоҳи Хуҷанд, танҳо ба хотири тарғиби забони давлатии тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон бо такя ба Қонуни забони ин кишвар аз соли 1989 милодӣ сурат гирифтааст.
Аммо Донишгоҳи Хуҷанд шаҳрвандони кишварҳои дигар, масалан Узбакистон ё Русияро барои таҳсил танҳо ба гурӯҳҳои шартномавӣ қабул мекунад. Барои онҳо ҳаққи таҳсил дар Донишгоҳи Хуҷанд солона ҳудудан 450 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст.
Як хатмкардаи узбактабори яке аз мактабҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Бобоева Нафиса дар суҳбат бо Радиои Озодӣ мегӯяд, ба худ бовар дорад, ки санҷиши хаттӣ ба забони давлатии тоҷикиро хуб месупорад:
«Ман ба омӯзиши физика шавқ дорам. Аммо ба факултаи буҷавии донишгоҳ ҳуҷҷатҳоямро қабул накарданд. Мо дар мактаб забони тоҷикӣ низ меомӯхтем, ман ба худ бовар дорам ва ба ин забон диктант ҳам навишта метавонам.»
Аслан дар тамоми мактабҳои миёнаи русиву узбакии Суғд таълими забони давлатии тоҷикӣ ҷорист. Аммо ба сабаби норасоии омӯзгорон, пастии усул ва сифати таълим на танҳо намояндагони қавму халқҳои дигари сокини Суғд, балки худи тоҷикон низ забони модарии худ - тоҷикиро дар мактаб хуб намеомӯзанд.
Ҷӯра Юсуфӣ - коршиноси Суғд бо ишора ба ин мегӯяд:
«Ин иқдом ба масъалаи омӯзиши забони тоҷикии давлатӣ дар мактабҳои русӣ, узбакӣ ва қирғизӣ, ва забонҳои дигар, ки дар Тоҷикистон шумораи онҳо хеле зиёд аст, такон мебахшад. Боиси афсӯс аст, ки бо вуҷуди дар барномаи вазорати маориф дохил кардани омӯзиши забони давлатӣ ба муҳассилони ғайритоҷик муаллимони фанни забони тоҷикӣ дар бисёр мактабҳо намерасанд.»
Дар вилояти Суғд, ки беш аз 2 миллион аҳолӣ дорад, тахминан 25 дар сад халқҳои узбактабор ба сар мебаранд. Аксари онҳо кам ё беш забони тоҷикиро медонанд. Теъдоди русҳо дар қаламрави вилоят поинтар аз 20 ҳазор аст. Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи масъулини комиссияи қабул ба Донишгоҳи Хуҷанд, ин мактаби олӣ дорои 16 факулта буда, дар тамоми онҳо як шӯъбаӣ ба забони узбакӣ ва дар бархе ба забони русӣ низ вуҷуд дорад. Инчунин, дар Донишгоҳи Хуҷанд дари як факултаи алоҳидаи филологияи узбакӣ бар рӯи донишҷӯён боз аст.
Ин барои аввалин маротиба аст, ки Донишгоҳи Хуҷанд дар қабули донишҷӯён ба масъалаи забони давлатӣ аҳамияти аввал медиҳад. Солҳои қабл довталабон аз ҳисоби халқҳои дигари сокини Суғд бо истифода аз ин каме аз забони тоҷикӣ баҳра бардошта ва забони русиро медонанд, барои таҳсил озодона ба тамоми факултаҳои тоҷикӣ қабул карда мешуданд. Ҳамчунин давраи таҳсил дар Донишгоҳ барои онҳо як мактаби хуби омӯзиши забони тоҷикӣ ба ҳисоб мерафт. Як донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Хуҷанд бо номи Моҳира мегӯяд, эҳтимол қоидаи нав бархе аз довталабони ғайритоҷикро аз ин маткаби ройгони омӯзиши забони давлатӣ маҳрум гардонад :
«Дар курси мо дар байни 30 нафар ду духтараки узбак мехонанд. Аввал онҳо ба тоҷикӣ хуб гап намезаданд. Аммо ҳозир бисёр нағз забони моро аз худ кардаанд. То ҳатто ки ба ин забон мақолаҳо менависанд.»
Мусоҳибам афзуд, ба таври ғайримунтазира ҷорӣ шудани қоидаи нави қабул ба Донишгоҳи Хуҷанд дар рӯ ба рӯи он довталабони ғайритоҷик, ки ба имтиҳонҳо омодагии бештар ба забони русӣ ва ё узбакӣ дидаанд, душвориҳое пеш овардааст.