Фаронса Бразилияро шикаст дод

Дастаи мунтахаби футболи Фаронса дар бозии чорякфинали Ҷоми ҷаҳонӣ мунтахаби Бразилияро бо ҳисоби як бар ҳеҷ мағлуб намуда ба бозии нимфиналӣ роҳхат гирифт. Тӯбро дар дақиқаи 57 Терӣ Анрӣ ба ҳадаф расонд. Ҳамин тариқ дар нимфинал Олмон бо Италия ва Фаронса бо Португалия қуваозмоӣ хоҳанд кард.