Мусобиқаи анъанавии гуштии озод барои дарёфти ҷоизаҳои гиромидошти кишоварзи маъруф Саидхоҷа Урунхоҷаев, дукарат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ бо пирӯзии паҳлавонони тоҷик ба анҷом расид.
Абдурозиқ Олимов, довари ин мусобиқа ба радиои Озодӣ гуфт, дар сабқати гуштигирон, ки дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд тӯли се рӯз идома кард, ҳудуди 140 варзишгар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон, ҳамчунин Русия ширкат карданд. Вай афзуд, гуштигирони тоҷик дар рақобатҳои инфиродӣ дар ҳамаи вазнҳо ғолиб омаданд. Исҳоқ Мирзоев аз шаҳри Исфара дар вазни 50 килограм, Аслиддин Шарифов аз Душанбе дар вазни 55 килограм, Баҳодур Олимов аз Хуҷанд дар вазни 60 килограм, Эраҷ Азизов аз Душанбе дар вазни 68 кило, Комилҷон Шарифов аз шаҳри Кӯлоб дар вазни 74 кило, Самеъ Воҳидов аз шаҳри Панҷакент дар вазни 84 кило, Валиҷон Шарифов аз Хуҷанд дар вазни 96 кило ва Сослан Соколаеви душанбегӣ дар вазни 120 кило мақоми аввалро касб карданд.
Абдурозиқ Олимов, мураббии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба гуштӣ ҳамчунин иттилоъ дод, ки гуштигирони тоҷик моҳи июл дар шаҳри Самараи Русия дар мусобиқоти варзишгарони Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ ширкат хоҳанд кард.