Рунӣ ба Олмон рафту Сиссе ба шифохона

Дирӯз ситораи футболи англис Вейн Рунӣ ба Олмон сафар карда, тайёрӣ ба қуваозмоиҳои Ҷоми ҷаҳониро шурӯъ намуд. Табибони шаҳри Манчестери Англия баъди муоинаи пои Рунии 20-сола изҳор намуданд, ки ҷои шикасти устухони пои рости номбурда комилан табобат ёфтааст. То ҳол маълум нест, ки ӯ даҳуми июн дар бозии аввали Англия бар зидди мунтахаби Парагвай ҳунарнамоӣ хоҳад кард ё не?
Дар ҳамин ҳол иттилоъ расид, ки дирӯз ҳуҷумкунандаи мунтахаби Фаронса Ҷабраил Сиссе пояшро шикаст ва аз ширкат дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ маҳрум шуд. Дирӯз дар бозии дӯстона Фаронса Чинро бо ҳисоби се бар ҳеҷ ноком кард.
Хабари дигар аз Ҷоми ҷаҳонии футбол ин аст, ки вазорати умури хориҷии Олмон ба ноиби раёсатҷумҳурии Эрон Муҳаммади Алиободӣ раводиди сафар ба ин кишварро тақдим кард. Акнун мансабдори баландпояи эронӣ имкон дорад, қуваозмоиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футболро, ки рӯзи нуҳуми июн дар Олмон оғоз хоҳад ёфт, тамошо кунад. Мансабдорони эронӣ изҳор намуданд, ки Алиободӣ на чун намояндаи президенти Эрон, балки мустақилона ба Олмон меравад.
Раисҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод қаблан ишора карда буд, ки шояд барои тамошои қуваозмоиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ ба Олмон сафар кунад. Эҳтимоли сафари президент Аҳмадинажод боиси ташвишҳои иловагии амниятӣ дар Олмон шуда буд.