Ганҷи парешон

Бештари бостоншиносон мегӯянд, бояд ин ёдгориҳои нодир дар осорхонаҳои Тоҷикистон маҳфуз бошанд, ба вижа, ки имрӯз дар кишвар амният барқарор аст ва сайёҳон ҳарчӣ бештар суол мекунанд - "Шумо чӣ далеле аз таърихи ҳазорсолаатон доред?" Бостоншинос ва рӯзноманигор Қиёмиддини Саттор мегӯяд, дар қарни бист ёдгориҳои зиёди бостонии Тоҷикистон ошкор аз кишвар берун бурда шуданд:

Солҳои пеш мутахассисон аз Санкт-Петербург ва Маскав ё дигар шаҳрҳо омада барои як ҳангомаи илмӣ ёдгориҳои таърихии моро кофтукоб мекарданд ва партофта мерафтанд. Чизҳои асосиро мегирифтанд ва чизҳое, ки дуввум ва савввумдараҷа буданд, як сӯ мепартофтанд. Инро ҳам дар Аҷинатеппа, ҳам дар Тахти Сангин, ҳам дар Қалъаи Кофарниҳон, ки ёдгории тоисломист, ҳам дар шаҳристони қадимаи Панҷакент дидан мумкин аст...

Бостоншиноси тоҷик бо таассуф меафзояд, бархе аз ин ганҷи гаронбаҳо, мисли Хазинаи Омударё, ки алҳол дар Музейи миллии Бритониё маҳфуз аст, шояд бебозгашт аз даст рафтааст. Ва аммо мақомоти Тоҷикистон бояд барои баргардонидани ёдгориҳои бостонии кишвар аз осорхонаҳои Бритониёву Фаронсаву Олмон ва Русия ва аз ҷумла бозгардони Хазинаи Омударё талоши зиёде ба харҷ диҳанд:

Хазинаи Омударё санъате ҳаст аз омезиши санъати Юнону Бохтарӣ ва хело ёдгориҳо аз даврони Ҳохиманишҳо ҳам ҳастанд дар ин Хазина. Мутаассифона, ин ёдгорӣ аз марзи феълии Тоҷикистон берун бурда шудааст ва Тахти Сангин, аз рӯи гуфтаи олимон, ҳамон ҷоест, ки Хазинаи Омударё пайдо шудааст. Солҳои 70-ум - 80-ум, ки он ҷо бо роҳбарии доктори улуми таърих Хичикиён ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида мешуд ва аз он ҷо як барелефи Искандари Мақдунӣ низ ёфт шуда буд, ки қисман дар осорхонаҳои Санкт Петербург ҳастанд ва шумо хабар доред, агар иштибоҳ накунам, солҳои 1990-1991, дар арафаи ҳаводиси Душанбе аз осорхонаи пойтахт бисёр ашёҳои атиқаро ба яғмо бурданд. Ва бархе аз онҳоро дар фурудгоҳи шаҳри Маскав мусодира карданд ва мутаассифона, он ёдгорҳио то ҳанӯз ба Тоҷикистон баргардонида нашудаанд.

Музаффар Азизов, раиси бахши ҳифзи ёдгориҳои бостонии вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумат моҳҳои ахир сари мавзӯъи бозгардони ёдгориҳои бостонӣ аз дигар кишварҳо андеша мекунад. Ва аммо айни ҳол вазорат дигар масъаларо мехоҳад комилан анҷом диҳад - бозгардони ёдгориҳои бостон, ба мисли биноҳои қадима, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он ба дасти афроди алоҳида уфтодаанд.
Дар яке аз осорхонаҳои маъруфи олам - Эрмитажи Санкт Петербург ёдгориҳои зиёди зимни ҳафриёт дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон пайдошуда маҳфузанд - аз ҷумла, нигораҳои деворҳои кушкҳои Панҷакенти қадим. Светлана Атаскина, корманди Эрмитаж мегӯяд, бештари ёдгориҳо тибқи созиш бо ҳукумати Тоҷикистон ба ихтиёри Эрмитаж гузаштаанд:

Миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Эрмитаж созише ҳосил шудааст, ки тибқи он ёдгориҳои таърихии кишвар аз сӯи мутахассисони Эрмитаж таъмиру тармим мешаванд, Ҳоло дигарон онҳоро наметавонад бо ин нозукӣ тармим кунанд, дар дасти каси дигар онҳо шояд нобуд шаванд. Ва он бозёфтҳое, ки дар давраи шуравӣ тибқи созиш ба Эрмитаж таъмиру тармим мешуд, Тоҷикистон ва Эрмитаж миёни ҳам тақсим мекарданд. Он чизҳое, ки тибқи созиш бояд ба Тоҷикистон интиқол меёфтанд, аллакай фиристода шудаанд. Зиёда аз ин, бозёфтҳое, ки алҳол дар Эрмитаж маҳфуз аст, ин ҷо муваққатан нигаҳ дошта мешавад. Дар созиш ҳамин гуна навишта шудааст.

Ба суоли мо "Оё "муваққатан ҳифз кардани ёдгориҳо" маънии замоне ба Тоҷикистон баргардонидани онҳоро дорад?" хонум Атаскина посух дод, ин қазияест, ки онро бояд ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти Эрмитаж ҳал кунанд.