Шеърҳои Фарзона худ ба мисли чашмаи қудсист. Чашмае аз Ишқ, Рӯҳоният ва Одамият. Фарзона -- шоираи тоҷик баъди Лоиқу Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир ва Гулрухсор бо рӯҳ ва калимоте тозаи Шеър дар адабиёти навини тоҷик зуҳур кард. Диди Фарзона ба зиндагӣ як диди нави ирфонист ва Шеъри ӯ танида аз ҷавҳари шеърият аст. Мисли ин ки як шоири тавонои ирфонии давраи классикии адабиёти форсу тоҷик марзҳои фазову вақтро шикаста, ба зиндагии имрӯз ворид шуда ва барои имрӯзиёну гузаштагон Шеър суруда бошад. Ба зиндагии имрӯз, ки ба таъбири Фарзона бештар як зиндагии иҷтимоист, на ҳастии адабиву фарҳангист. Ҳамин зиндагии иҷтимоии пуршару шӯри имрӯз аз қалбу рӯҳу шеърофарини Фарзона ва тахайюли ба гуфтаи худаш ибтидоии ӯ мегузарад. Фикри ибтидоӣ, яъне - андешаву ҷавҳари соф ва аслии инсонӣ. Чунонки дар яке аз аввалин шеърҳояш Фарзона ин маъниро ба риштаи шеър кашидааст:
Биханд, эй дар тилисми худ гирифтор,
Ба маъсумии фикри ибтидоӣ.
Дар ирфони ман инсонӣ - худоист,
Агар барҳақ, ту инсонӣ - Худоӣ!
Базми Шеъри Фарзона ахиран шомгоҳеро дар боғи навбунёди Донишгоҳи Хуҷанд бо номи шоиронаи Хуррамшаҳр барои дилбохтагони ашъораш ба субҳе рӯшантар аз сафедии рӯз бадал кард. Аслан Фарзона, то ҷое ки дар панҷ соли ошноӣ бо ӯ мушоҳида кардаам, дар зиндагии маъмулӣ як шоираи, мешавад гуфт, ирфонист. Ба минбару базмҳои мутантан хуш надорад. Бо аҳли хонаводаи худ дар як маҳаллаи канори Хуҷанд, дар манзили оддӣ ба сар мебарад. Ҳамсоягони ӯ намедонанд, ки дар ҷавори шоири мумтозе ба сар мебаранд. Ба базми шеъри ӯ низ танҳо дӯстдорони ашъораш, аз ҷумлаи аҳли адаб, донишҷӯён ва ашхоси гуногункасби синну солашон мухталиф даъват шуданд. Дар маҳфили адабии Фарзона танҳо Шеър буду Ҳунар ва Мусиқӣ. Фарзона шеърро ингуна тавсиф кард :
«Шеър ҳамеша дар вуҷуди худаш бояд фурӯғи аҳуроӣ дошта бошад. Шеър гароишҳои некӣ дошта бошад. Шеър бояд мову шуморо зиндагии тоза бахшад, имонамонро ба фардо гарм кунад. Як вақт ки устод Лоиқ шеъри «Амон аз ману ту» гуфта буданд, дар мақтаи шеърашон ҳарфҳои маъюсона буд. Баъди як фосила устод ба он ҳарфи рӯшан бастанд, «пас, биё даст ба ҳам додаву паймон бандем.» Ва ҳамин гуфтани устод мову шуморо ба ин рӯзҳои тоза, ба ин рӯзу рӯшноии тоза, ба ин шомҳои ҳумоюнӣ овард. Ман хаёл мекунам, ки шеър бояд ҳамеша дар ниҳоди худ нури савоб дошта бошад ва моро барад ба самти Ҳақиқат, ба самти Накуӣ.»
Шеъри Фарзона инчунин Шеър аст, Шеъре рӯшан ва ҳидоятгар ба сӯи хуршеди покӣ ва некуӣ. Аммо он ҳанӯз, чунонки бояд, аз ҷониби донишмандон ва хонандагон шинохта нашудааст. Ҳарчанд ки шеършиносон ва дӯстдорони шеъри форсӣ аз ӯ дар маҳфилҳо ва навиштаҳо ба унвони як шоираи тавонои форсигӯй ном мебаранд, вале шеъри Фарзона ҳанӯз ба сурати комил нақд нашудааст. Дар Тоҷикистон низ ҳар кӣ шеър мехонад, медонад, ки як шоираи ҷавоне ҳаст бо номи Фарзона ва шеъри баланд дорад, боҷавҳар ва бо сабки олӣ, ки хоси худи ӯст, аммо дар тавсифи шеъри Фарзона хонандаҳояш душворӣ мекашанд. Эҳтимол, аз он ҷо ки ҷомеаи имрӯзии Тоҷикистон ҳанӯз худро ва арзишҳои волои маънавии худро ба сурати комил нашинохта ва аз ин ҷо шоирони навин ва навпардози худро низ нашинохтааст. Аммо бо ин вуҷуд дар ҳалқаҳои шеърдӯст кам нестанд нафароне, ки шеъри Фарзона писанди дили онҳост ва онро мехонанду азбар мекунанд. Устоди адабиётшиноси Донишгоҳи Хуҷанд -- Саидмурод Ҳоҷиев аз ҷумлаи шефтагони ҳунари Фарзона аст, ки беш аз 100 шеъри ӯро азбар кардааст: «Дар соли 2003 сеҷилдаи ашъори Фарзона, шоираи халқии Тоҷикистон ба нашр расид. Шеърҳои сеҷилдаро шумурдам - нуҳсаду ҳаштоду ҳафт шеър буд, ҳаждаҳ ҳазору дусаду бист мисраъ. Рости гап, ошиқи шеър шудам ва ҳар рӯз дар зиндагиам аз Фарзонабону ду-се байт азёд мекунам. »
Дар базми шеъри Фарзона шоирони тоҷик Ҳақназар Ғоиб, Озарахш, Одинаи Раҳмон, Абдулҷаббори Сурӯш бо тозаҳои худ ва ҳунарпешагони мумтоз Ҷӯрабеки Мурод, Хосияти Зарафшонӣ, Исроилҷон Ғиёсиддинов ва Муҳиддин Ғозиев бо таронаҳои дилангез бар ашъори Фарзона ширкат карданд.