Маъсуми Муҳамммадраҷаб Имрӯз ҳазорону ҳазорон боз девони шеъри Лоиқро мекушоянд. Аслан на айёми барҳаёт будани ин шоири, бидуни шубҳа, бузурги даҳсолаҳои ахир ва на баъди ин олами пуршӯрро падруд гуфтани ӯ, алоқамадони назм дафтари шеърашро аз даст нагузоштаанд, зеро аз он дафтар ҳар кас ба дарди худ даво ва ба суоли худ посух пайдо мекунад.
Шоири ошиқ, шоири миллат, шоири шайдои Варзоб... Ҳар кас Лоиқро бо таври худ сифат мекунад ва аммо қабл аз ҳама ӯ Инсоне буд шарифу ҳалим, марде буд, ки ҳеҷ гоҳ аз майдони набард фирор накардааст ва орифе буд, ки мақоми суханро то ба фалак боло бурдааст.
Агар дарди миллату кишвар Лоиқро абгор намекард, имрӯз ҳамроҳ бо ӯ 65 умин мавлудашро таҷлил мекардем.
Нигоҳе ба шеъри Лоиқ ва нигоҳи Лоиқ ба шеър дар хотироти адибону донишмандон ва наздикону пайвандони ӯ.
Ало, шеъри Аҷам, фардо маро ту зинда хоҳӣ дошт,
Ало, шӯри дили дунё, маро ту зинда хоҳӣ дошт...
Дилам рӯзе агар аз дарди шеъру ишқ мемирад,
Ало, ишқи ҷаҳоноро, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Ало, девони Ҳофиз, ҳофизам бошӣ зи ҳар марге,
Ало, девони Мавлоно, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Лоиқ Шералӣ.
Лоиқ охирин бор барои навор дар канори рӯди Варзоб шеър хондааст. Ин лаҳза сиву ҳафт рӯз қабл аз марги шоир, дар рӯзи 24 - уми майи соли 2000 - ум наворбардорӣ шудааст. Дар он лаҳзаҳо устод Лоиқ дар сар чӣ андешаву гуфтаниҳое дошт, ки берун аз навор монд? Донишманди тоҷик Зебунисо, наворбардори охирин сабти видеоии Лоиқ дар ёдномаи худ навиштааст: «Дар он рӯз Лоиқ мегуфт «Мехоҳам сафедорро ба оғӯш гирифта, ғазал бигӯям...» Сафедор барои мардуми тоҷик рамзи ростиву зебоӣ ва озодагӣ аст. Барои навори вопасин Лоиқ дар канори рӯди Варзоб ва оғӯши сабзаву дарахтон шеър хондааст. Лоиқе, ки дӯстдорони ашъораш дар қаламрави шеъри порсӣ ва донишмандони шеъри тоҷик ба ҳангоми зиндагиаш «шоири ишқ», «шоири миллат» ва «шоири имрӯзу фардо»-яш хондаву имрӯз ҳам, панҷ сол баъд аз маргаш ҳамин гуна сифоташ мекунанд. Вале аслан Лоиқ навору аксбардориҳоро хуш надошт ва мегуфт, ояндагон шахсият ва зиндагиномаи ӯро дар шеърҳояш биҷӯянд:
Агар, эй дӯстон, аҳли сафоед,
Ба дарди шоирон гар ошноед,
Аҷал чун чашми шоирро бипӯшад,
Шумо девони шеърашро кушоед.
Аммо Шеъри Лоиқ, садо ва шахсияти Лоиқ ҳанӯз дар замони зиндагиаш қалби ҳазорон дӯстдорони шеъри порсии тоҷикиро барои ҳамешагӣ тасхир карда буд.
Ба эътирофи донишмандони шеъри форсӣ, Лоиқ Шералӣ шӯрангезтарин ғазалҳои ошиқона, самимитарин Модарномаву Хайёмнома ва дилрастарин шеърҳои муосири форсии тоҷикиро дар бораи дарду ормонҳои миллии тоҷикон сурудааст.
Сафар Абдулло - донишманди адабиётшиноси тоҷик, дар як пажуҳишаш мегӯяд, ки «Лоиқ дар воқеъ шоири дили ҳазорон буд. Мо ҳеҷ нафареро аз шоирони рӯзгори мо дар Тоҷикистон намедонем, ки ба андозаи устод Лоиқ маҳбубият ва маъруфият дошта бошад ва дар саросари кишвар ӯро дӯст дошта ва ашъорашро дар баробари осори классикони адабиёти форсӣ арҷ гузоранд...»
Вале мояи маҳбубияти Лоиқ Шералӣ дар миёни шеърдӯстон аз куҷо сарчашма мегирад? Адиби тоҷик Абдулҳамиди Самад дар ин бора ингуна изҳори назар мекунад:
Устод Лоиқ дар миёни шоирони тоҷик, бештар ормонҳои миллиро суруда тавонист, нишонрас ва мондагор суруда тавонист. Ҳадафи аслии шоирии Лоиқ аз тасвиру тавсифи чизҳои зоҳиран зебо иборат нест, манзури ӯ тасвири зулфи печону хами абрӯву теғи нигоҳу мисли инҳо нест, манзури шоирии устод Лоиқ ифшои дарду армонҳои миллӣ аст.
"ФАРЗАНДИ ТАМОМИ ОДАМИЗОДАМ МАН"
Аммо ба назари пажуҳишгарони ашъори Лоиқ, вақте ки ӯ аз дарду армони халқи худ сухан мегӯяд, дардҳои тамоми одамизодро бозгӯ мекунад. Шеъри Лоиқ аз қолаб ва маҳдудаҳои давру замонӣ ва чаҳорчӯби арзишу ормонҳои як миллати худи ӯ берун рафтааст. Лоиқ ба ин маънӣ мегӯяд :
Таърих ба пуштораи ман чун боре,
Фарзанди тамоми одамизодам ман!
Як рӯди хурӯшон ва ҷӯшоне ҳам, ки аз қалби кӯҳҳо сарчашма мегирад, ба сӯи баҳр мешитобад ва саранҷом ба он мепайвандад.
Даҳсолаи ахири умри Лоиқ , ки ба давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон рост омад, инро рӯшан ошкор сохт, ки дили ӯ на танҳо ба миллати тоҷик, балки ба кулли одамон месӯзад. Ҳолдонҳои Лоиқ мегӯянд, ки ӯ ба ҳайси як шоир бо илҳом аз ишқ ва муҳаббати халқаш, аз қайди ҳар дастаеву гурӯҳе ва, ба хусус, нирӯе силоҳбадаст озод буд ва ҳадафи аслиаш барқарории сулҳу оштӣ миёни мардуми Тоҷикистон буд.
Доктор Маьсумаи Турфа, ки дар нимаи дуввуми солҳои навади асри бист дар Тоҷикистон ба ҳайси сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид адои вазифа кардааст, аз устод Лоиқ ингуна ёдовар мешавад:
Дар бораи шоири ширинзабони ҳамаи форсизабонон, ҳамаи тоҷику даризабонҳо, яъне устод Лоиқ бисёр суханҳои оқилонатар аз ман гуфтаанд ва ҳама медонанд, ки ашъори эшон арзиши бисёре дорад ва аслан дар мавриди шеърашон ҳарфи зиёде зада шудааст. Аммо ман мехоҳам нуктаеро ёдоварӣ бикунам, ки худам шахсан ба он дахолат доштам ва дар мавриди Лоиқ Шералӣ аз он камтар ёд мешавад. Ва он нақше ҳаст, ки эшон дар эҷоди сулҳи тоҷикон доштанд, сулҳе, ки алъон мардум ба он сахт дил бастаанд ва бо сахтиҳо ба даст омадааст. Хуб ёдам ҳаст вақте, ки чун аввалин хабарнигори хориҷӣ дохили Тоҷикистон шудам ва бо рушанфикрон сӯҳбат мекардам, вақте ки баъди ихтилофу тазоҳуроти панҷоҳрӯза ҳукумати муросои миллӣ ташкил шуд,Лоиқ чӣ нақши фаъоле дар он доштанд. Ва ба хотири он ки шоире буд, ки ҳама ӯро дӯсташ медоштанд ва ба ҳарфаш таваҷҷуҳ мекарданд ва ҳама ба ҳусни нияти ӯ эътимод доштанд, Лоиқ тавонист ҳарфашро муассир бикунад ва асар бикунад ба рӯҳияи ҳукуматдорон ва мухолифин. Ва хуб ёдам ҳаст, ки тақрибан 48 соат, агар иғроқ накунам, хоб ба чашми ӯ наомад ва тамоми ин муддат бо тарафҳои мухталиф вориди музокира буд, то бо ҳам тавофуқ кунанд. Вақте дертар, соли 1998 вориди Тоҷикистон шудам, ки барои эҷоди сулҳ бо Созмони Милал кор бикунам, чун аввалин бор Лоиқро дидам, ба назарам расид, ки ӯ ангорам сӯхта бошад, ангорам, ки дилашон сӯхта бошад. Дар чеҳраашон, дар нигоҳашон, дар дастҳояшон ин сӯхтагӣ ва пажмурдагӣ ба назар мерасид. Ман ҳис кардам дилашон сӯхта ва шикаста ба хотири он ки Тоҷикистон чунин як ҷангро аз сар гузаронд. Ва шояд ба ҳамон далел буд, ки он шеърҳои фавқулодда олӣ аз худашон осор гузоштанд, ки воқеан нишон медиҳад чӣ гуна дилашон шикаста буд. "Кушед ин замонаро, ки мекушад таронаро. Даруни чашм мекушад, нигоҳи шоиронаро..." Ваё он ҷое, ки дилсӯзӣ мекунад ба ҳоли миллат - "Ҷабри таърих ягон қавм надидааст, ки мо. Заҳри таърих нажоде начашидааст, ки мо". Чун ин шеърҳоро мехонед, хуб эҳсос мекунед, ки чӣ гуна дилашон сӯхтааст.
"Ӯ СУХАНРО БОЗ БОЛО БУРДУ БАР КУРСӢ НИШОНД"...
Лоиқ Шералӣ панҷоҳу нӯҳ сол ба сар бурда ва чиҳил соли умри худро, ба гуфтаи пажуҳишгарони зиндагиву осораш, сарфи шеър кардааст. Дар фосилаи байни китоби нахустини ашъораш бо номи «Марди роҳ», то вопасин китоби шеъраш «Фарёди бефарёдрас», ки дар соли 1997 милодӣ рӯи чоп омад, беш аз даҳ китоби ашъор ба дасти чоп додааст. Соли 2002, баъди ду соли марги шоир «Куллиёти ашъори Лоиқ» дар ду ҷилд дар Хуҷанд ба нашр расид ва дар соли 2005 милодӣ дар шаҳри Теҳрон дубора рӯи чоп омад.
Пажуҳишгарони ашъор ва шахсияти Лоиқ бар инанд, ки ҳарчанд қисмати умдаи фаъолияти эҷодии вай дар давраи шӯравӣ сурат гирифта, дафтарҳои шеъри зиёде ба дасти нашр дод, аммо аз онҳо ин чиз рӯшан ба назар мерасад, ки идеологияи хушки шӯравӣ ба дилу зеҳни табиатан озоди Лоиқ Шералӣ роҳ наёфта буд . Акбари Турсони Набипур - донишманди тоҷики муқими Амрико дар як мақолаи худ дар бораи шинохти шахсият ва ашъори Лоиқ менависад: «Дар замони кӯтоҳе ҳам, ки дар Кохи бузурги Кремлин, дар курсии баланди ба истилоҳ «вакилии халқ» менишаст, аз рӯи фармудаи одоби суннатии халқи тоҷик «нони худ хӯрдану нишастанро аз камари заррин ба миён бастану ба хидмат истодан афзалтар медонист». Лоиқ ба ин васила садоқати худро ба ҳақиқати зиндагӣ ва ҳақиқати шеър ҳифз кардааст.
"ДАР ВУҶУДИ ЛОИҚ ЧИЗИ МАСНУЪӢ НАБУД..."
Ононе, ки бо Лоиқ пайванду наздикӣ ва дӯстӣ доштаанд, мегӯянд, дар вуҷуди ӯ чизе маснӯъӣ набуд. Ба қавли Фарзона, шоираи тоҷик, ин озодагии ботин дар зоҳири устод Лоиқ ҳам ба чашм мехӯрд :
Ва аммо аҷибаш ин ки устод Лоиқ айни муъҷиза буданд, тамоми шеърашон ҳам омада, нозилшуда - дар ҳолати бехудӣ мегуфтанд он ҳарфҳоро. Ҳар чӣ ба худашон мепӯшиданд ва ҳар чӣ ба худ муносиб медидианд, воқеан муносибу мутаносиби худашон буд. Ва ҳаргиз халале, берабтие, номавзуние на дар зоҳир, на дар ботини устод ман мушоҳида накардаам. Чеҳрашон ҳам, ки нигоҳ мекардед, зиёд мутаваҷҷеҳи чеҳра набуданд. Гиребони курташона оҳар намедоданд, кафшашонро лок намезаданд. Кӯча мебаромаданд, ба ягон ҷаласаи шукӯҳманди иҷтимоӣ, масалан, ҷаласаи байналхалқӣ, бояд мутаваҷҷеҳи зоҳир мешуданд. Вале ба ёдашон намеомад, ки ҳамин куртаро бояд дарзмол кард. Агар яке, хайр дигарҳо кӯмак мекарданду бегуфти устод иҷро мекарданд, хуб. Агар не, мерафтанд бо ҳамон ҳоле, ки доштанд. Дирӯз мутаваҷҷеҳ шудам, ки бисёр олимон бештар калимоти арабиро дар сӯҳбатҳояшон истифода мебаранд ва бо ҳамин гӯё каломи худро оро медиҳанд, ҳарфу нутқи худро муҷаҳҳаз мекунанд. Аммо устод Лоиқ ба тоҷикии ноб сӯҳбат мекарданд. Калимотеро, ки халқ истифода мекунад, аммо вақте сӯҳбат мекунед аз зеҳн гум ва аз хотир фаромӯш мешавад, устод дубора зинда мекарданд. Бисёр оддӣ, бисёр маъмулӣ ва бисёр содда суҳбат мекарданд.
Аммо Зебуннисо Қутфидинова - ҳамсари Лоиқ мегӯяд, дар зери ин парешонии зоҳир ҷамъияти ботини Лоиқ ниҳон буд:
Лоиқ дар маъракаву нишастҳо бадоҳатан шеър мегуфтанд. Лекин ҳар чӣ гуфтанд, фаромӯш намекарданд. Ба хона ки омаданд, зуд сари миз нишаста, он чи гуфтаанд, рӯи коғаз меоварданд. Ҳофизаи хеле қавӣ доштанд ва ҳеҷ кас, ба гумонам, дар ягон вақту ягон ҷой надидаст, ки боре шеъри худро аз коғаз хонда бошанд. Тамоми шеъри худро аз ёд медонистанд. Баъзан аз кӯча, ки меомаданд, ба касе нигоҳ накарда, ба хонаи кориашон даромада менавиштанд. Ва баъзан шабҳоро сари мизи корӣ саҳар мекарданд. Умуман корашон доимӣ буд.
Аз хонум Зебуннисо пурсидам, оё байни ӯву Лоиқ сари масоили оилавӣ баҳсу муноқишаҳое ҳам сурат мегирифт?
Баъзан чунин мавридҳое ҳам мешуд. Он гоҳ Лоиқ мегуфтанд, ки ҳозир вақтам нест, ана ин китобро хонда ист, баъди як лаҳза ман мебиёям. Аммо вақте меомаданд, ки мавзӯъи баҳсамонро фаромӯш кардаем. Мегуфтанд, ки ҳа, акнун баҳсу талошамон тамом шуд. Мегуфтам, ки охир, он кори шумо нодуруст буд, ин кори мо ҳам. Мегуфтанд, фаҳмида бошӣ, шуд.
Ҳолдонҳои Лоиқ мегӯянд, ӯ дар ҳама вазъ бо шеър буд ва гоҳо шеър мисли оби равон аз қалбу рӯҳи ӯ ҷорӣ мегашт. Ва онҳое, ки бо Лоиқ дар як манзил зистаанд, нақл мекунанд, ки ӯ сари суханҳои мавзуни ба зоҳир зебову сода ва олӣ, ки донандагони шеър онро «саҳли мумтанеъ», яъне - шеъри ба зоҳир содаву гуфтанаш сангин хондаанд, шабҳоро ба саҳар меовард.
Афзалшоҳи Шодӣ - сарояндаи маъруфи тоҷик, ки ба 80 шеъри Лоиқ оҳанг бастааст, чунин нақл мекунад:
Ман чандин солҳо дар хонадони устод Лоиқ ҳамчун фарзанди бузургашон зистаам. Ва шабҳо устод то соатҳои се - чори саҳар шеър мегуфтанд ва чароғи хонаашон фурӯзон буд. Ман дар хонаи дигар будам, аммо гоҳе чой ва ё чизи дигар меовардам ва шеърҳои устод пеши чашмам рӯи коғаз меомаданд, Ва як шаб, ёдам ҳаст, устод як шеър эҷод карданд, ки «Имрӯз агар он табу он сӯзи дилам нест, З- он аст, ки ғамхораву дилсӯзи дилам
нест» ва дар ин шеър як байте ҳам ҳаст, ки «Рӯзе ки танам мурд, кафандӯзи танам ҳаст, Рӯзе ки дилам мурд, кафандӯзи дилам нест.» Ва худи он саҳар ман ба он шеъри устод Лоиқ оҳанг эҷод кардам.
ЛОИҚ ЧӢ НИЯТҲОИ ЭҶОДӢ ДОШТ?
Ҳамсари устод Лоиқ - Зебуннисо Қутфидинова бо ёдоварӣ аз солҳои вопасини Лоиқ Шералӣ мегӯяд, ки ӯ ду нияти эҷодӣ дошт, ки мехост замони барҳаёт будан ба дасти худ анҷом диҳад, аммо умр бар вай вафо накард. Орзуи аввали Лоиқ, ба гуфтаи ҳамсараш ин буда, ки мехост куллиёти ашъорашро таҳия ва ашъори худро ба сара ва носара ҷудо кунад:
Дар ду - се соли охир Лоиқ бо бойгонии худашон бисёр кор мекарданд. Ҳатто баъзе шеърҳояшонро хат мезаданд ва мегуфтанд, ки ин шеър бояд ба куллиёти ман дохил нашавад. Аммо Куллиёташон, мутаассифона, пас аз маргашон чоп шуд, бо кӯшиши писарамон Ромиш ва ҷияни Лоиқ Баҳриддини Алавӣ. Онҳо бисёр сари ин масъала фикру андеша карданд ва бо маслиҳати дӯстону донишмандон, хусусан, бо гуфтаи Абдунабӣ Сатторзода ҳамаи шеърҳои Лоиқро ба Куллиёт дохил намуданд. Гуфтанд, ки агар худи Лоиқ мебуданду баъзе шеърҳояшонро мепартофтанд, гапи дигар буд, - аммо мо ҳаққи ин корро кардан надорем.
Ба гуфтаи пайвандон ва дӯстонаш, Лоиқ мехост шеърҳои худро аз нигоҳи асолат ва ҷавҳари шеърият ва ҳақиқату самимияти баён бознигарӣ кунад. Аммо чун ин кор анҷом наёфта ва Лоиқ низ имрӯз дигар нест, ба мо маълум нест, ки шоир аз кадом шеърҳои худ мехост даст кашад. Аммо чун Лоиқ воқеан як шоири маснӯъӣ набуд ва ҳамеша аз таълифи назми ситоишии замонаш худро канор мегирифт, андешае бадоҳатан ба сари кас меояд, ки эҳтимол ӯ мехост чанд шеъри худро, ки ба қавле бо талаботи замонааш эҷод карда буд, аз куллиёти худ канор бигзорад. Масалан, шеъреро, ки ба ситоиши шахсияти коммунисти даврааш бахшида ва бо мисраи «Ин ҷаҳон шодоб шуд аз обрӯи коммунист» шурӯъ мешавад. Аммо ин гуна шеъргунаҳо дар куллиёташ ба нудрат, ҳамагӣ чанд адад ба чашм мерсад.
Вале дуввумин нияти Лоиқ рӯи коғаз овардани ёддоштҳояш будааст, ба тариқи наср. Ин ҳам маълум нест, ки ӯ ёддоштҳояшро ба чӣ тарз ва дар чӣ қолабе мехост рӯи коғаз оварад, аммо маълум аст, ки нияти Лоиқ навиштани як чизи ҳузновар ва ғамгинкунанда набуд, то ба дили хонанда яъс ва ноумедӣ ворид созад. Зебуннисо Қутфидинова - ҳамсари Лоиқ:
Худашон ин корро ба баъдтару баъдтар мемонданд. Фақат мегуфтанд, ки ман як ёддоштҳо менависам, ки ман аҷибу ғариб мешавад ва мардум мехонанд ва механданд...
Ҳолдонҳои Лоиқ мегӯянд, ӯ дар давраи поёни умраш бар асари фишори ҳаводиси Тоҷикистон, ки ба дилу рӯҳи ӯ асар мегузошт, зиёд май менӯшид. Рушан нест, ки ин ба саломатии ҷисми устод Лоиқ то чи андоза асари манфӣ гузошта бошад, аммо яқинан бар рӯҳу ҷони ӯ таъсир нагузошта ва ӯро аз ҷодаи шеъру шоирӣ бероҳа накардааст. Шоир Толиби Озарахш ба ин маънӣ меафзояд:
Ман шоирони бисёра дидам. Бо Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, устод Лоиқ ҳамсӯҳбат будам. Медонед, дар байни халқи мо як гап ҳаст, ки онҳо зиёд шароб менӯшиданд. Шароб менӯшиданд ё намешӯданд, одами озод буданд, озодамард буданд. Барои онҳо фарқ надошт бо кӣ сӯҳбат мекунанд, бо як дарвеш ё деҳқон ва ё як мансабдор. Барояшон ҳамаи одамон як хел буданд. Дар назари ман, устод Лоиқ фикр намекарданд, ки ҳозир ҷое мераванд ва мардум мегӯяд ки шоир омад. Рафташон рафтани як Шоир буд.
Қалбу рӯҳи Лоиқи Шералӣ ба мисли асбоби набзнависи табибон буд, ки ҳама дарду ормони халқи худро ба шакли шеър рӯи коғази сафед дармеёвард. Аммо ҷисми соҳиби ин рӯҳ ва дили қавӣ буд, ки ба дардҳо ва ҳамлаҳои рӯҳониву маънавии замонааш тоб наёвард ва дар синни панҷоҳунӯҳсолагӣ Лоиқ бар асари фишори хуни мағзи сар дунёи пуршӯрро тарк гуфт...
Баҳриддин Алавӣ, корманди пажуҳишгоҳи забон ва адабиёт дар шаҳри Душанбе, таҳиягари куллиёти Лоиқ:
Ҳаводиси солҳои ахири Тоҷикистон ҳам ба афкор ва рӯҳияи устод Лоиқ таъсири амиқ гузошт. Устод дар ашъори солҳои ахир дардҳо ва назарҳои худро нисбат ба замон ва ҳаводиси рӯзгоре, ки мо дорем, баён
кардааст. Ҳодисаҳоеро мо дидем, ки ҳанӯз ҳам одам бовар намекунад чунин ҳаводис дар Тоҷикистон иттифоқ уфтод. Фоҷиаҳоеро мо дидем, ки одамон бидуни ҳадаф ҳамдигарро мекуштанд, гӯшҳои ҳамдигарро мебуриданд, ҳама ҷо дуздӣ, ғорат , одамзанӣ ва ғорат... Замон ончунон ошуфта буд, ки касе ба фарёди касе намерасид. Ба ҳамин ҷиҳат номи китоби устод низ «Фарёди бефарёдрас» аст. Вале устод то охирин лаҳза аз шеъру шоирӣ даст накашид ва медонист, ки агар забонашро буранд, бо имову ишора сухан гӯянд, ва агар дастонашро бибуранд, бо баданаш бихазад ва агар хунаш берун бирезад, бо хунаш дар девор шеър бинвисад. Ҳамин тавр, устод Лоиқ аз рисолати шоирии худ, ки гуфтани дардҳои замона аст, то охирин лаҳзаи умр фуругузор нашуд
ИН ДАФТАРИ ШЕЪРУ ҒАЗАЛ ЧУН МАН НАМИРАД АЗ АҶАЛ
ва ё вопасин васият ва охирин шеъри Лоиқ
Пайвандони Лоиқ, ки ба ҳангоми назъи равон дар сари болинаш будаанд, мегӯянд, ӯ дар лаҳзаҳои охирини умраш низ аз шеър ва шоирӣ ҳарф гуфтааст. Афзалшоҳи Шодӣ нақл мекунад:
Дар даҳ рӯзи ахири зиндагиашон ман дар бемористон сари болини Лоиқ будам. Ва аз Худо умед доштам, ки ба Лоиқ умр медиҳад... Ва ман гоҳе даъвои шоирӣ ҳам доштам, ки устод аз он бохабар буданд. Вақте ки устод бори охирин ба ҳуш омаданд, гуфтанд, ки писарам, ман туро шоирӣ накун, гуфта будам. Аммо акнун ки Лоиқ нест, метавонӣ шеър нависӣ. Ва ашки чашми Лоиқ рехт. Ва мо видоъ мекардем. Мегуфтам, ки устод, шумо шифо меёбед. Гуфтанд, ки не, Лоиқ аз ин дунё рафт ва бигзор ки ин дунё барои шумо дунёи хушбахтӣ бошад, дунёи ободӣ бошад, дунёи фарҳанг бошад, дунёи ақл бошад, дунёи таърихи бузургонро донистан ва номи тоҷиконро бардоштан бошад. Ва як байт ҳам пеш аз маргашон гуфтаанд ки
Бар шаст расидаму зи шаст уфтодам,
Аз қуллаи мақсуд ба паст уфтодам.
Орзуи рамидаи тапишҳо будам,
Бо пои худ омадам, ба даст уфтодам.
Ин шеъри охирини Лоиқ, охирини охирин шеъре, ки гуфтаанд...
Ва аммо рафтани Лоиқ, рафтани як Шоир, милоде дигар буд. Милоде дар биҳиште аз Шеъру Ғазал. Фарзона - шоираи тоҷик:
Нубуғи шоирӣ мурдан надорад,
Биҳишт андӯҳи афсурдан надорад.
Салом, эй рафтанат милоди дигар,
Салом урдибиҳишти тозаю тар.
Салом, эй Лоиқи имрӯзу фардо,
Салом, эй шоири хуршеду дарё.
Салом, эй муҳтавои ишқу ҳастӣ,
Бимон бо соғари саршори мастӣ.
Салом, эй кофару эй ринду бутсоз,
Мусалмонии мо бо ту шуд оғоз.
Ту эй шеъри Аҷам, бошӣ, ки бошӣ,
Алорағми адам бошӣ, ки бошӣ.
Салом эй марди роҳи бекарона,
Салом, эй ҷовидона, ҷовидона!