Ҷереми Бранстен Ба гуфтаи дипломатҳои ғарбӣ, се кишвари Иттиҳодияи Аврупо, Бритониё, Фаронса ва Олмон дар баробари дигар имтиёзот мехоҳанд, ба Ирон реакторҳои ҳастаии оби сабук низ пешниҳод кунанд, ба шарте ки Ирон аз фаъолиятҳои ғанисозии уран ва сохтани реактори ҳастаии оби вазнин комилан даст кашад. Фарқи ин ду реактор аз ҳам чист ва Ирон чаро мехоҳад реактори ҳастаии оби вазнин низ дошта бошад.
Мусоҳиба бо олими физики Донишгоҳи Оксфорди Бритониё Френк Барнебӣ.
Фарқи аслии миёни реактори ҳастаии оби сабук ва реактори ҳастаии оби вазнин дар чист?
"Ҳар ду навъи реактор плутоний ҳосил мекунанд ва плутонийро метавон аз дигар моддаҳои сӯзишвории ҳосилшуда ҷудо кард ва барои сохтани силоҳи атомӣ истифода бурд. Аз тарафи дигар реактори ҳастаии оби вазнин агар ба таври умумӣ бигӯем барои ҳосил кардани плутонийи лозим барои бомби қавии атомӣ беҳтар аст.
Агар шумо мехоҳед бомби атомӣ тавлид кунед, реактор ҳастаии оби вазнин беҳтар аст, аммо барои тавлиди бомби атомӣ ҳамчунин метавон аз реактори ҳастаии оби сабук низ истифода кард. "
Метавон гуфт, ки тамоми нерӯгоҳҳои барқи атомӣ бо реакторҳои ҳастаии оби сабук кор мекунанд?
"Реакторҳои Канада, ки CANDU хонда мешаванд, реакторҳои ҳастаии оби вазнин ҳастанд. Яъне на ҳамаи нерӯгоҳҳои барқи атомии кишварҳои дунё, вале дар аксари нерӯгоҳҳои барқи атомии дунё умдатан реакторҳои навъи оби сабукро истифода мекунанд. Ва албатта нерӯгоҳе, ки Русия дар Бушеҳри Ирон месозад, дорои реактори ҳастаии навъи оби сабук хоҳад буд."
Аммо мафҳумҳои "оби сабук" ва "оби вазнин" чӣ маънӣ доранд?
"Фарқи миёни оби вазнин ва оби сабук, ё ки оби оддӣ ин аст, ки дар оби оддӣ яъне H20 аз изотопҳои оддии ҳидроген истифода мекунад. Аммо дар оби вазнин деутериум, истифода мешавад, ки ҳидрогени ғайримуқаррариест, ки дар табиат кашф шудааст. Ҳамин гуна шумо бояд аввал деутериум ҳосил кунед ва онро бо оксиген биёмезед ва оби вазнин ҳосил намоед."
Пас чаро Ирон мехоҳад реактори ҳастаии навъи оби вазнин низ бисозад, агар дар воқеъ мехоҳад танҳо нерӯи барқ тавлид кунад ва дигар пажӯҳишҳо анҷом диҳад?
"Манфиати реактори ҳастаии навъи оби вазнин аз нигоҳи Ирон ин аст, ки дар чунин реактор ҳамчун сӯзишворӣ метавон урани табииеро истифода бурд, ки Ирон захираҳои онро дорад. Ва шарт нест, ки барои реактори оби вазнин уранро аз нав ғанисозӣ кунед. Ҳамин аст манфиати реактори ҳастаии оби вазнин аз нигоҳи Ирон."
Ва реакторҳои ҳастаии оби сабук ба мисли реакторҳои нерӯгоҳи Бушеҳр ба уране ниёз доранд, ки ғанисозишуда аст?
"Дар реакторҳои ҳастаии оби сабук урани 235 то андоза 3,5 фоиза ғанисозишуда истифода мекунанд. Аммо дар силоҳҳои атомӣ урани то андоза 90 дар сад ғанисозишуда лозим аст, яъне тафовут инҷо бисёр бузург аст. Ҳамин гуна ирониҳо метавонанд урани табииро ҳамчун сӯзишворӣ дар реакторҳои ҳастаии оби вазнин истифода баранд, вале агар реакторҳои ҳастаии оби сабукро интихоб кунанд, онҳоро лозим меояд, аввал уранро ғанисозӣ кунанд. "
Хулоса пофишории Ирон ба он ки реактори ҳастаии оби вазнинро танҳо ба хотири ҳадафҳои сулҳомез месозад, ва шояд барои он ки намехоҳад, вобастаи урани ғанисозишуда дар хориҷ бошад, барои шумо як далели мантиқист?
"Бале ин як шаҳри мантиқист."
Аммо шумо ба ин гуфта бовар доред?
"Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ мадраке доир ба ин роҳ ё роҳи дигар нест. Ҳеҷ нишонае нест, ки Ирон дар пайи сохтани силоҳи атомӣ аст. Аз сӯи дигар барномаи ҳастаии он метавонад, бо тавлиди силоҳи атомӣ низ бианҷомад. Ба андешаи ман бояд дар ин масъала ҳеҷ чизеро сарфи назар набояд кард."