Оилаи тоҷикӣ

Ба фикри ман ҳар хонавода худаш беҳтар медонад, ки чанд фарзанд дошта бошад, беҳтар аст, чунки ба вазъи молии хонавода ҳам хеле бастагӣ дорад.
Фарзанди камтар осоиши бештар!!!
Мо имрӯз ба амсоли гузаштаи Тоҷик монанди Спитамен, Деваштич,Томариса, Сойчи, Сино, Берунӣ ва бузургони дигар ниёз дорем, фикр мекунам дубора барои расидан ва мисли гузаштагон шудан бо фарзанди камтар роҳаттар бошад
Римӣ
--------------------------------------

Худованд лутф кунаду дар Тоҷикистон мард бештар ба дунё ояд. Зеро имрӯз шумораи зан дар Тоҷикистон бештар аст ва мард намерасад. Қисми зиёди мардони мо дар Русия ду се "Света" доранду занҳои мо хории саҳроро мекашанд. Қисме аз занҳо бошанд, аз дасти бемардӣ ба дод омада сафари Дубай мекунанд. Ё кош қонуни дузанагӣ дар Тоҷикистони мо ҳам ба тасвиб мерасид...
Соҳибёр
------------------------------------

Бигзор ҳамон мард чӣ қадар хоҳад, ҳамон шавад. Ризқи ҳар як кӯдакро Худованд медиҳад.
-----------------------------------

Аслан бародарон нисбати ин фикрҳои хуберо иншо доштаанд ва банда ба он ақидаам, ки дар ҳоли ҳозир доштани ду фарзанд барои оилаи тоҷик кифоя аст ва илова ба ин пеш аз тарҳрезӣ кардан ба ин мақсад бояд оилаи тоҷик андешаи онро дошта бошад, ки оё аз ӯҳдаи тарбияти ин ду фарзанд баромада метавонад е хайр?
Аммо банда дар он ақидаам, ки оилаҳои тоҷик тарбияти шӯравӣ дар хотироти феълиашон нақш бастааст ва бештари эшон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ба даҳ нафари фарзанд дошта бошанд. Аммо фикр мекунам, дар ҳоле ки абарқудратони даврони шӯравӣ дар он айем стратегияи худро ба кор бурданд ва нисбати аҳолии миллатҳои Осиёи Марказӣ пропагандаи серфарзандиро эълон дошта буданд ва ин ҳама ба як рӯзи сиёҳи худро тарҳрезӣ карда буданд ва эшон итминони комил доштанд, ки рӯзе шӯравии бузург пош мехӯрад ва империяи эшон соҳиби қувваи кории арзоне хоҳад шуд ва эшон ба мақсади худ расиданд.
Ва имрӯз эшон ба мақсади худ расиданд ва бубинед, ҳоли муҳоҷирони тоҷикро дар Русия.
Абдулло
---------------------------------------

Ба назари ман, дар ҳоли ҳозир доштани 2 ё 3 фарзанд барои хонаводаҳои тоҷик муносиб, балки хеле хуб мебошад. Албатта, барои мардуми ом, вале онҳое ки тавоноии молияшон болост, муҳим нест, ки чанд фарзанд дошта бошанд. Фақат зодан муҳим нест, муҳим он аст, баъдан он фарзандон чи гуна тарбият мешаванд. Хуб аст, агар ин фарзандон ифтихоре бошанд барои падар ва модар ва барои миллати тоҷик. Онҳое ки аз лиҳози молӣ бисёр фақир ҳастанд, беҳтар аст, фарзанд надошта бошанд.
Рустик
---------------------------------------

Ассалому алейкум, халқи тоҷикам.
Ҳамешу дуъо мекунам, тоҷикони мо дар ҳар куҷо бошанд, сарбаланд бошанд, хуб зиндагӣ кунанд ва дар байни худ ҳамдигарфаҳмӣ дошта бошанд.
Абдухолиқ
---------------------------------------

Хонаводҳое ки имрӯз ташкил мешаванд, бояд омодагии хуб дошта бошанд, ки фарзандони хуб ба воя расонанд. Дар ин маврид омодагии равонӣ, донишҳои амиқи равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ ва инсоншиносӣ, ҳатто мавзӯъҳои марбут ба қаробати ҷинсӣ муҳим мебошанд. Афроде ки чунин донишҳоро доранд, худ медонанд, ки бояд чанд фарзанд дошта бошанд. Аммо аксари ҷавонони мо чунин омодагиро надоранд.
Фарзанд, ин таваллуди дубораи инсон ва давоми умри инсон аст.
Барои ҳамёрӣ ба веблоги ман ки bedorgar.blogfa.com ном дорад, рӯй оред.
Азиз, Эрон
-------------------------------------

Ин гапи баъзе аз бачаҳое, ки дар ин ҷо худро исломфаҳм гуфта, аз ҷониби худо ё пайғамбар ҳарф мезананд, дар бораи илоҳӣ будани ризқ, шарҳ намедиҳанд, ки оё ризқро худо медиҳад, гуфта дар хона биншинем, чӣ мешавад?
Ва ё уммати пайғамбар ва миллати тоҷик зиёд шавад гуфта, 10-то бача кунем, оё ин муҳим нест, ки 7-тоаш шаробхӯру зинокор шавад ва ё аз ҳеҷ касбу ҳирфа бархӯрдор набуда, сафи мардикоронро афзояд?
Ин баҳс фақат дар ҳавзаи камият маҳдуд нашуда, ба кайфият низ рабт мегирад. Оё сатҳи баланди кайфиятӣ ва рифоҳии ҷомеаи мусулмон-тоҷик ба фоидаи ислом ва уммати пайғамбар хоҳад буд ё баракси ин? Пас фикри шахсии ман ин аст, ки на ба думболи фарз бояд рафт, балки бо афзоиши рифоҳи иҷтимоӣ метавон шумораи фарзандонро афзоиш дод.
Бо сипос
Муҳаммад аз Теҳрон
---------------------------------------

Бародари азиз, Аминҷон!
Шумо ки аз ислом ин қадар огаҳед, оё аз худ пурсидаед, ки паёмбари ислом аз уммати зиёд, вале бесавод, наркоман, бадбахту бечораву фақир ифтихор хоҳад кард?
Агар Шумо барин исломдӯстон боре ҷомеъашиносӣ ва равоншиносиро хуб биомӯзед, ба дурустӣ пай хоҳед бурд, ки исломро инсоншиносоне ба забон биёранд, ки ин дини мубин бо инсон сарукор дорад, на бо ҳар касе ки аз роҳ расад ва назарпардозӣ кунад.
Агар дониши мо амиқ мебуд, ин тарафи масъаларо ҳам мегуфтем, ки "фақудушаъи ла юътиҳи" -- касе ки надорад, наметавонад, бидилҳад.
Агар майл доред, бо ман ба таври хусусӣ дар ин бора баҳс кунед, нишонии электрони ман ин гуна аст -- saifi_isfarangi@mail.ru
Бо эҳтиром
ҳаммеҳани Шумо
Азиз
-------------------------------------

Аз 10-то камаш кам аст, чунки 3-4-тоаш ба Русия равад, 2-3-тоашро зиндон кунанд ё...2 нафари дигараш солим мемондагист.
Мулломирсиддиқ, Ҳиндустон
---------------------------------------

Салом ба ҳамватанон!
Зиёд кардани миллат ин фахр мебошад. Ба шарте ки соҳибфарзанд босавод бошаду фарзандонашро тарбият кунад. Бисёр мардҳое ҳастанд, ки худашон зиёдатӣ ва барои ватан зараровар мебошанд. Агар 10-то фарзанди дигар таваллуд кунанд, ватан ва миллатро хароб мекунанд.
Бо эҳтиром
Саъдии Шоҳназарзода
----------------------------------------

Оре, медонам, ки 15-уми май Рӯзи ҷаҳонии оила аст.
Аммо инки оилаи тоҷик бояд чанд фарзанд дошта бошад ва чаро, намедонам.
Ба фикри ман, ҳарчанд ҳоло хонадор нашудаам, кофӣ аст, агар 2 фарзанд дошта бошам.
Чунки ин вобаста ба имкониятҳои ман аст.

Ба ин андеша ки оила бояд танзим карда шавад, мувофиқам. Аз онҳое ки фикр мекунанд,
ҳарчи худо диҳад, ҳамон мешавад, гуфтаниям, ки дирӯз волидонамон, ки бехудо буданд,
аз шӯравӣ барои серфарзанд буданашон кӯмакпулӣ мегирифтанд. Имрӯз ки намедонам,
чӣ тавр шудаасту кадом худояшонро шинохтаанд, ин қадар кунд фикр мекунанд.

Агар мард бошанд, аз ҳамон кӯдаконе ки сару пойи бараҳна дар кӯчаҳо
дурушт ба воя мерасанд, пуштибонӣ кунанд ва ба фарзандӣ хонда, боодоб ба
камол расонанд, зеро ки ҳайф шуд, қарори расидани ин гуна кумакҳоро аз ҷониби
хориҷиён "якдилона" дастгирӣ кардед.

Бигзор бо худо ҷанг кунам, вале ман намегузорам, ки ин фармони худо фарзандонамро хор гардонад.
Моро то ҳол ғурур ва шуркӯҳи гузаштаамон роҳбалад аст. Тоҷикон бояд сарфароз бошанд!
Диловар,
Ҳанновер, Олмон

---------------------------------------

Азизон,
Мебинам, ки баҳсу кашмакаш хеле хуб идома дорад. Фикри ман низ қувватдиҳандаи фикри он мардумоне ҳаст, ки зарбулмасали "Дер ояду шер ояд"-ро мисол задаанд. Оилаи тоҷик набояд миқдори фарзандони худро шумурд, балки миқдори инержии худро, ки метавонад он фарзандонро бо тарбияти неку ақли солим ба камол расонад, ба ҳисоб гирифт.
Бо камоли эҳтиром
Фаррух
-------------------------------------

Ман аз номи худ ва оилаи худ ҳамайи оилаҳои тоҷик ва ҳамватани худро ба ин рӯз табрику таҳният мегӯям ва барояшон саломатӣ, муваффақият ва саодати дунё ва охиратро орзу дорам.
бо арзи салом бародари шумо.
(Ном навишта нашудааст)
-------------------------------------

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳу баракотуҳу.
Дуруст аст, ки фарзандони бофаросат бояд ба воя расонд ва ин вазифаи волидайн аст. Аммо ҳадиси паёмбари ислом саллалоҳу алайҳи вассалам ба ёд меояд, ки фармудааст: "танокаҳу такосару файнни...". яъне издивоҷ кунед ва бисёр шавед ва ман фахр мекунам барои умматони зиёдам. Ин худ далел аст, ки бояд фарзанди зиёд дошт.
Ба бародар Ашӯри Назарзода мегӯям, ки аввал бояд каме аз ислом огоҳ буд. Худованд мегӯяд, "Фамсуҳу фӣ манокибиҳо ва кулли мин ризқиҳ", яъне замин кушод асту шумо дар ҷустуҷӯи ризқ бошед ва худованд ба шумо мерасонад. Ва ин ки мо тоҷикон дар кишварҳои дигар барои ризқ кор мекунем, зидди гуфтаи худованд нест.
Бо саломи бародарӣ
Аминҷон
-------------------------------------
Албатта, фарзанд неъмати худовандист. Аммо чи гуна фарзанд? Абдурраҳмони Ҷомӣ мефармояд, фарзанди нек боғи падар ва фарзанди бад доғи падар. Агар падару модар 1000 фарзанди нек дошта бошанд, кам аст ва локин 1 фарзанди бад ҳам падару модар ва ҳам ҷамъиятро аз худ безор мекунад.
Ҷовидон
-------------------------------------

Дар оилаи тоҷикӣ, одатан, аз 3 фарзанд зиёд таваллуд кардан дар шароити имрӯза берун аз мантиқ аст, зеро дар баробари таваллуд хӯронидан ва бо шароити лозима таъмин намудани кӯдак низ бояд дар назар бошад.
Илҳомҷон Ҳамидов
-------------------------------------

Ассалому алайкум!
Ҳар кас фикру андешаи худро дорад доир ба ин мавзӯъ, ман ҳам.
Ба фикри ман, ҳар он шахсе, ки оила барпо мекунад орзуву ҳавасе дорад, ки фарзандор шавад. Бародаре гуфтанд, ки ризқу рӯзии фарзандро Худованд медиҳад, ман зид нестам, лекин хуб мешуд, ки фарзанди бисёр дар он оилае ба дунё биояд, ки он оила аз ӯҳдаи ба воя расонидани онҳо барояд.
Бо эҳтиром яке аз ҳамватанони Шумо
Идимоҳ
-------------------------------------

Биёед, бо ҳам ба миллатҳое назар кунем, ки сад сол пеш ин мавзӯъро муноқиша мекарданд ва ба он тарғиб менамуданд, ҳоли онҳоро бубинем ниҳоят ба чи расид? Охири ин ба чое поён меёбад ки дигар зан як кӯдак ҳам таввалуд кардан намехохад ва дигар бадилро мекобад, мисол мехоҳад аз шиками бегона фарзанди худро таввалуд кунад, хулоса ин мавзӯъи хело калон аст ва бо ин калимаҳои кӯтоҳ ҳалли худро пайдо карда наметавонад ва он касоне ки ин амалро- камфарзандиро- тарғиб мекунанд, инро мефаҳманд.
Беимзо
----------------------------------------

Ассалому алейкум, коргарони Озодӣ!
Аввало ташаккури зиёд ба шумо.
Дигар, агар ин ки мо мусулмонем ва бояд кардаи худову расули худо саллалоҳу алайҳи васалам кунем, ки инсон чанд фарзанде ки кунад, боке надорад, чунки худованд худ мегӯяд, ки "наҳну нарзуқукум ва ийаҳум". Ин оят далолат ба он мекунад, ки чанде ки фарзанд шавад, худованд худ ризқдиҳанда аст ва ризқ медиҳад. Вале баъзе аз олимони ислом мегӯянд, ки агар дар давлати куфр бошад, битарсад аз тарбияти онҳо, метавонад камтар фарзанд ба дунё биёварад. Барои ҳамин мо набояд аз ризқёбӣ битарсем.
Хайр бародарон ва хоҳарони азиз.
Дар амони худо бошед.
Бо эҳтиром бародари шумо,
Ғиёсуддини Умарзод
-------------------------------------------

Салом.
Ба андешаи ман, доштани аҳолии зиёд дар сурате муфид аст, ки ин аҳолӣ босавод бошад ва дар ҳоли доштани фарзанди беш аз 3 нафар ғайри уқалои ва бар зарари давлати мо аст, чун мо наметавонем аз ӯҳдаи тарбияти онҳо бароем.
Бо эҳтиром
Наҷмиддин аз Дубай
-----------------------------------

Ба бародар Ашӯри Назарзода.
Бародар, ту бо худо ҷанг карда истодаӣ? Ба тақдири худо тан намедиҳӣ? Ин ҳол танҳо дар сари тоҷикон нест, бисёр кишварҳои дунё аҳолияшон ба хориҷа мераванд ва кор мекунанд.
Сарафроз бошед.
Мусофири дур аз Ватан
---------------------------------------

Ба назари ман бояд оилаи тоҷик бештар шавад, то миллати тоҷик бештар шавад
Абдураҳмон, Равалпиндӣ
---------------------------------------

Миқдори фарзандҳои ҳар оила ба имкони таъминкунии волидон вобаста аст. Ман ҳам тарафдори он ҳастам, ки дар оилаи ҳар тоҷик 2-4 фарзанди хуб тарбия шавад. Ин ҷо мехоҳам як масалро зикр намоям.
"Аз Шер пурсидаанд, ки чаро Харгӯш ҳар сол якчанд бор ва ҳар бор ҳафттогӣ бача таваллуд мекунаду ҷаноби Шер дар панҷ сол якто? Шер ҷавоб медиҳад, ки Харгӯш бисёр таваллуд кунад ҳам харгӯш таваллуд мекунад, аммо ман дер-дер таваллуд кунам ҳам шербача ба дунё меорам. " Зарбулмасали "Дер ояду шер ояд" -ро низ ба ҳамин масал нисбат медиҳанд.
Д. Раҳимӣ
----------------------------------------

Ассалому алайкум бародарони азиз. Пӯшида намонад, ки мо мусулмонем ва бояд ки оиладорӣ ҳам аз рӯи Ислом гирем. Чӣ қадре ки Худованд фарзанд медиҳад, бояд ки шукри Худо кунем, зеро ин ҳам неъмати Худост, аммо дар ин замон, ки иқтисод хуб нест, ё ғайраҳо ин махлуқи Худост ва Худованд ҳам моро ва ҳам кудаконамонро ризқ медиҳад.
Абдуллоҳи Қудратуллоҳ
--------------------------------------

Ин бародарон менависанд, ки рӯзии касу фарзандонашро худованд медиҳад. Пас чи шудааст, ки рӯзии ҳамаи мо, муҳоҷирони тоҷикро худованд дар Русия чошу пареш кардааст? Чи дар ватани худи мо ҷои пошидани ин ризқ набуд???
Ин афсонаҳои хурофотӣ ба мардуми тоҷик намезебад. Бояд ҳамкадами замона буд ва агар пешрафт даркор аст, бояд ҳафт бор чен карду як бор бурид.
Ашӯри Назарзода
-------------------------------------

То замоне, ки мардуми мо зарурати камфарзандиро дарк накунад, беҳбудии ҷиддии иҷтимоии мо гайриимкон хоҳад буд. Имрӯз оилаи тоҷик бояд на беш аз 3 (се) фарзанд дошта бошад.
Мо, Худоро шукр, миллати камшумор нестем (дар Тоҷикистон ва минтақа 20-25 миллиён тоҷик ба сар мебарад) ва имруз бояд пеш аз ҳама дар паи беҳбудии иҷтимоии миллат бошем, на дар паи сершумории он.
Мирсаид аз Маскав
----------------------------------------

Ассалом!
Чи хеле ки ба ҳамаи мо маълум аст, имрӯза Тоҷикистони мо дар вазъи паст аст ва ҳақиқатан ҳам метавон гуфт, ки вазъи иқтисодии ҷомеа низ бад аст. Дар ин сурат, ба назари ман, барои ҳар оилаи тоҷик 2 фарзанд бас аст, чунки аз ин зиёдаш барои худи оила сахт мешавад. Нуктаи сахти аввал тарбияи фарзандон аст, ки ҳамон тавр ки гуфтем ба вазъи иқтисодии кишвар ва ҳам сатҳи омӯзишу парвариш бастаги дорад.
Агар як оилаи тоҷик, масалан, 4 фарзанд дошта бошад, барои ин ки онҳоро тарбия кунад, бояд 4 тақсим шавад ва ин як чизи берун аз ақл аст. Барои ин даромади оила бояд баланд бошад ва муассисоти Вазорати маорифи кишвар хуб кор кунанд, ки аз кӯдакистон сар карда то донишгоҳҳо инсонҳои хубу донишманд тарбия карда тавонанд. Вале дар ҳоли ҳозир чунин имконият нест, пас барои як оилаи тоҷик 2 фарзанд кофист.
Бо арзи сипос
Толиб Мирзоев
-------------------------------------

Ассалому алайкум.
Пайгамбари мо Муҳаммад (саллавлоҳу алайҳи васаллам) гуфтааст, ки маънои ҳадисаш ҳамин ки зиёд кунед фарзандонатонро. Мо, тоҷикон агар мусалмон бошем ба ҳамин ҳадис амал карда, фарзандонамонро зиёд мекунем, агар мусалмон набошем, намекунем. Баъзе бародарон мегуянд, ки дар ҳамин замон 2 - 3 фарзанд кофист, чи ризқи онҳоро шумо медиҳед ё худованди розиқ???
бо эҳтиром
мухлиси шумо
Абдулманнони Қаюмзод
--------------------------------------

Ассалому алайкум, бародарони азиз.
Пӯшида намонад, ки мо мусулмонем ва бояд ки аз рӯи ислом чи кадаре ки худованд фарзанд медиҳад, бояд шукр кунем. Ин ҳам неъмати худост. Аммо дар ин замон иктисод хуб нест гуфтан чи маъно дорад, вакте ки фарзанд махлуқи худост ва худованд ҳам моро ва ҳам кӯдаконамонро худ ризқ медиҳад.
Абдуллоҳи Қудратулло
----------------------------------------

Ба андешаи ман, дар ин вазъияти бӯҳрони иқтисодӣ ба ҳар як оилаи тоҷик 3-4 фарзанд куллан кифоя аст ва хело хуб мешавад агар ба модарони камфарзанд унвони қаҳрамонмодар медоданд.
Бо эҳтиром
Фирдавс, донишҷӯ
--------------------------------------

Ба фикри мо, дар ин замонаи сангин ба ҳар як оилаи тоҷик 4 фарзанд кифоя аст.
Муҳаммад