Ҳунарнамоии Нобовар ва Юлдуз

Гурӯҳи Шамс ҳафтаи гузашта дар шаҳри Тошканди Узбакистон буд бо як сафари ҳунарӣ. Дар ду консерте, ки ин даста ҳам ширкатдори он будааст, Нобовар Чаноров ҳамроҳ бо ҳунарманди маъруфи узбак Юлдуз Усомнова овозхонӣ кардаанд

Таасуроти Нобоварро бишнавед


Нобовар бо мо аз роҳ ба Хоруғ сӯҳбат мекард, чун гуфт, баъди ин сафари ҳунарӣ овозхонони дастаи "Шамс" қарор карданд танаффусе бигиранд ва ҳама ба чаҳор тараф тақсим шуданд. Яке Сочи рафту дигаре Русия, аммо Нобовар бо як дӯсташ аз Фаронса вақташро дар Тоҷикистон мегузаронад. Чун мунтазири ба фурӯш омадани диски нави таронаҳояш мебошад. Албоми нави гурӯҳи "Шамс" ин рузҳо аз ҷониби ширкати Кайлази Санкт-Петербург ба нашр расид ва як ҳафта баъд вориди бозори Тоҷикистон мешавад.

Идомаи сӯҳбати Нобовар

Ҳунармандони дигари тоҷик низ ин рӯзҳо дар сар барномаҳои нав мепарваранд. Баъди сафари пурсару садои Манижа Давлатова ба Афғонистон акнун овозхони дигар - Шабнами Тоҷиддин низ иддао дорад, ки дар фурсати наздик роҳии Афғонистон мешавад. Ӯ мегуяд, мардуми афғон ба таронаҳои падараш Тоҷиддини Муҳиддин муҳаббат доранд, ва дар баробари таронаҳои худ ӯ ният дорад оҳангҳои худро низ тақдими ҳаводорони афғониаш кунад.

Сӯҳбат бо Шабнами Тоҷиддин