Суруди тоҷикони Қирғизистон

Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон, новобаста ба маҳалли зист ва шароитҳои сиёсиву ҷуғрофӣ, мекӯшанд, забон ва фарҳанги миллии худро ҳифз кунанд, ҳарчанд на ҳамеша дар ин роҳ комёбӣ ёри онҳост. Аммо ба фарқ аз шароити тоҷикони Ӯзбакистон аз лиҳози ҳифзи ҳуввияти миллӣ тоҷикони ноҳияи Лайлаки Қирғизистон шароити нисбатан беҳтари сиёсӣ доранд ва на танҳо дар самти илму маърифат, балки дар ҳунар ва мусиқӣ низ дар тӯли солиёни зиёд тавонистаанд, манофеъи миллии худро ҳифз кунанд. Дар ин робита, мехоҳем, шуморо бо Алиҷон Қосимов шинос кунем, ки дар деҳаи Андарак воқеъ дар ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ба сар мебарад ва дастаи ҳунариии "Ҳайдариён"-и ӯ таронаҳои марғуби тоҷикиро иҷро мекунад. Ин як бозёфти журналистии Мирасрори Фарғонӣ, хабарнигори радиои Озодӣ аст ва тамоси телефонӣ имкон медиҳад, бо Алиҷон Қосимов як гуфтугӯи муфассал дар бораи тоҷикони Қирғизистон дошта бошем.


Барои шунидани ин сӯҳбат ва намунаи оҳангу таронаҳо, лутфан рамзи радиоро дар охири сарлавҳа "ангушт" занед.