Жан-Кристоф Пеух Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев сафари худро дар Вашингтон оғоз кард. Дар дидори ӯ бо президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш ҳалли низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ ва баҳси ҳастаии Ғарб Бо Эрон аз мавзӯъҳои марказӣ ба шумор мераванд.
Ин аввалин сафари раиси ҷумҳури Озарбойҷон пас аз интихоботи соли 2003 аст. Нойиби сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико Адам Эрелӣ аз овардани ҳама гуна ҷузъиёт дар бобати барномаи сафари Алиев ба Вашингтон худдорӣ кард. Суханони вай дар бораи мулоқоти Кондолиза Райс бо Илҳом Алиев дастаке надоштанд, ки ба масъалаҳое ғайрианъанавии ин мулоқот ишора кунанд:
"Як силсила манфиатҳои муҳиме дар равобити мо бо Озарбойҷон вуҷуд дорад, монанди, пеш аз ҳама ва дақиқан, ҳуқуқи инсон. рушди демократӣ, дақиқан. амнияти инержӣ, эътидоли минтақа ва мубориза бо терроризм."
Бо вуҷуди ин кам иттифоқ меафтад, ки як сафари маъмулии сарвари як кишвар ба Амрико ингуна ҷалби таваҷҷӯҳ кунад. Нозирон мегӯянд, масъалаи низоъи Қарабоғи Кӯҳӣ баррасӣ хоҳад шуд. Таври маълум гуфтушуниди нимаҳои феврали соли равон дар Париж бенатиҷа поён ёфт. Эҳтимол дар мулоқотҳои Вашингтон роҳҳои эҳёи раванд баррасӣ ва тарҳрезӣ шаванд.
Аммо таҳлилгари сиёсӣ дар Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳ дар Лондон, Томас де Волл мегӯяд, гумон аст, дар ин нишаст ҷаҳише дар ҳалли қазияи Қарабоғ ба амал ояд: "Ин мавзӯъ рӯ хоҳад зад, вале ман гумон намекунам, президент Буш гуфтании нав ва ғайриоддие дошта бошад. Ба фикрам, вай чанд ҷумла хоҳад гуфт, ки оре, бисёр мехоҳад, раванди сулҳ пешрафт кунад ва омода хоҳад буд, ба он сармоягузорӣ кунад. Аммо ба фикрам, масъалаи асосӣ эҳтимолан Эрон хоҳад буд."
Дарвоқеъ чанд рӯзи охир тахминҳои зиёд садо медиҳад, ки масъалаи Эрон дар мулоқотҳои Вашингтон ба масъалаи Қарабоғ бартарӣ хоҳад ёфт. Суханони вазири дифоъи Эрон Мустафо Муҳаммаднаҷҷор дар ҳафтаи гузашта дар Боку низ натавонистанд, ин мавзӯъро камранг кунанд. Вай изҳори умедворӣ кард, ки Илҳом Алиев мавзеъгирии Эронро дар Вашингтон ба таври мусбат шарҳ хоҳад дод. Шореҳони сиёсӣ дар Озарбойҷон бар инанд, ки дар Вашингтон аз Боку дархост хоҳад шуд, ки ба эътилофи зидди Эрон бипайвандад. Бархе аз онҳо мегӯянд, беҳтар аст, агар Алиев ин пешниҳодро бипазирад, вале бархи дигар бар ин аст, ки Озарбойҷон дар масъалаи Эрон бояд бетарафиро ихтиёр кунад. Вале ҳамаи онҳо дар як нукта изҳори ҳамфикрӣ мекунанд, ки гуфтушуниди Вашингтону Боку, бешубҳа, дар Теҳрон нигаронии амиқеро ба бор овардаанд. Як нашрияи Боку имрӯз навишт, дар ҳар сурат, Теҳрон хуб медонад, ки Озарбойҷон ҳампаймони Амрико дар минтақаи Хазар аст.