Дар ин ҳафта зимни сафари Алексей Миллер, раҳбари ширкати давлатии "Газпром"-и Русия, байни вазорати энержии Тоҷикистон ва "Газпром" дар бораи таъсиси як корхонаи муштарак ба хотири анҷоми корҳои иктишофӣ ва истихроҷи газ аз конҳои Тоҷикистон як ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид. Қарор аст, 75 дарсад аз саҳмияҳои ин корхона ба "Газпром" ва чаҳоряки боқимондааш ба давлати Тоҷикистон вогузор шавад.
Алексей Миллер гуфт, дар марҳалаи аввал ва тайи чанд рӯзи наздик мавзӯъи гушоиши дафтари "Зарубежнефтегаз", ширкати марбут ба "Газпром" дар Тоҷикистон матраҳ аст. Раҳбари "Газпром" дар пайи дидору мулоқотҳо бо раҳбарони Тоҷикистон таъйини масир ва шароити вуруди "Газпром" ба бозори газу нафти Тоҷикистонро ҳадафи аслии боздидаш аз Душанбе номид ва гуфт, ширкати вай ҷиҳати касби як нақши умда дар ин бозор ҷиддан талош хоҳад кард. Оқои Миллер афзуд, ки "Газпром" алакай корҳоеро дар ин замина анҷом дода ва соҳоти афзалтари ҳамкорӣ бо ниҳодҳои зирабти Тоҷикистонро ҳам барои худ маълум кардааст.
Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон гуфт, сухан дар бораи ҳамкорӣ дар мавриди идомаи корҳои иктишофӣ ва дар ниҳоят шурӯъи истихроҷи газ аз 4 кони кашфшудаи Сариқамишу Рангон ва Саргазону Олимтой меравад, ки дуи аввалаш дар водии Ҳисор ва дуи дигараш дар минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон ҷойгир буда, корҳои аввалияи иктишофӣ дар ин 4 конро заминшиносон ҳанӯз дар замони шӯравӣ анҷом додаанд. Оқил Оқилов захоири то ҳол ҳисобшудаи газ дар ду кони Сариқамишу Рангонро 40 миллиард метри мукааб ва захираи мавҷуд дар Саргазонро беш аз 30 миллиард баровард кард. Ва афзуд, ки захираи гази мавҷуд дар кони Олимтойи Фархорро бояд ҳанӯз ҳам тадқиқ кард.
Вазорати энержӣ бо ин ҳол, кулли захоири мавҷуди газ дар зери бистари хоки Тоҷикистонро ҳудудан 900 миллиард метри мукааб ҳисоб кардааст. Ин дар ҳолест, ки солона Тоҷикистон аз ҳамсоякишвари Узбакистон чизе дар ҳудуди беш аз 700 миллион метри мукааб газ ворид мекунад. Ниёзмандии куллии иқтисод ва мардуми Тоҷикистон ба гази табиӣ ҳамин тавр дар ҳоли ҳозир чизе бештар аз 1 миллиард метри мукааб дар сол баровард шудааст.Яъне захираи мавҷуд дар кишвар метавонад ниёзмандиҳои Тоҷикистонро ба гази табиӣ барои садсолаҳо бароварда созад.
Албатта, агар тавофуқи бадастомада бо Газпром аз ҳадди танҳо як ёддошти ҳусни тафоҳум фаротар рафта ва тавре ҳам ки Алексей Миллер дар Душанбе мегуфт, "Газпром" дар бозори гази Тоҷикистон гомҳои ҷиддӣ ва амалӣ бардорад. Раиси "Газпром" Алексей Миллер гуфтааст, ин ширкат барои шурӯъи кораш дар ин кишвар алакай дар моҳи апрел 6 миллион доллар ихтисос хоҳад дод. Оқои Миллер ин маблағро дар оғози кор кофӣ номида, вале афзудааст, ки иҷрои кулли барномаҳои ширкаташ дар Тоҷикистон сар карда аз корҳои иктишофӣ ва рӯҳамрафта то истихроҷу коркард ва фурӯши газ маболиғи бамаротиб бузургтареро тақозо хоҳанд кард ва "Газпром", ба гуфтаи раисаш, барои чунин маблағгузориҳои бузург омода ҳаст.