Қиссаҳои Бедорӣ: Парвандаи нотамоми куштори Отахони Латифӣ

ОҒОЗИ РОҲ

Отахони Латифӣ соли 1938 дар шаҳри Панҷакент дида ба ҷаҳон кушода, касби хабарнигориро дар донишгоҳи шаҳри Ленинград, Санкт-Петербурги кунунии Русия меомӯзад.Отахони Латифӣ дар солҳои шастуми асри гузашта вориди майдони матбуот шуда, ибтидо дар рӯзномаи Комсомолская Правда ва баъдан то поёни солҳои 80 ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи Правда, органи Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва бо гузашти андак вақт ба ҳайси як хабарнигори забардаст дар майдони матбуоти шӯравӣ муаррифӣ мешавад.

Саломуддин Мирзораҳматов, хабарнигори маъруфи тоҷики муқими АлмаАто ва аз шогирдони мактаби хабарнигории Отахони Латифӣ мегӯяд: "Устод Латифӣ ҳанӯз дар солҳои 70 тавонист, ки дар ҳамон низоми коммунистӣ мавқеъ пайдо кунад ва дар баробари ин қолабҳоро бишканад. Аз чаҳорчӯбаҳо барояд. Ӯро дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон мардуми зиёде, ки ҳар кадом дар муҳиту дар соҳаву кабсу кори худ обрӯву эътибори зиёде доштанд, мешинохтанд ва бо ин кас робити дӯстиву муҳаббат доштанд."


"ҲИЗБ"-И ЛАТИФӢ

Дар аҳди Шӯравӣ қудрат саддарсад ва ҳатто тибқи Қонуни Асосӣ дар ихтиёри Ҳизби Коммунист қарор дошт. Аммо дар баробари ин қудрати бузург ва яккатоз дар Тоҷикистон як ташаккули ғайрирасмӣ ҳам дар саҳнаи матраҳ буд, ки қишри рӯшанфикри ҷомиаро муттаҳид мекард ва дар маҳофил аз он ҳатто ҳамчун ҳизби Латифӣ ном мебурданд. Саломуддин Мирзораҳматов мегӯяд: "Дар нимаи дуввуми солҳои 80 Латифӣ ба як ҳизбе монанд буд, ки ҳизб дар як шахс. Ҳизбе, ки ба ҳукумати Тоҷикистон ва ба дастгоҳи ҳизби коммунисти Тоҷикистон мухолиф буд."

Сиёсати бозсозӣ бисёре аз намояндагони ин ба истилоҳ "ҳизб"-и Латифиро рӯи об баровард, ки чанд намунааш интихоб шудани Давлати Худоназар ба раёсати Иттиҳодияи синамогарон ва интисоби Акбари Турсон ба симати раҳбари пажӯҳишгоҳи ховаршиносист. Дар интихоботи вукалои мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ дар баҳори соли 1989, ки бори аввал ба сурати алтернативӣ мегузашт, бештари курсиҳоро аз ҳавзаҳои Тоҷикистон низ ёрони Латифӣ ба даст оварданд. Аммо худи ӯ дар ин маърака бо фарқи хеле ночизе, ки ба бовари тарафдоронаш, натиҷаи тахаллуфи мақомот буд, дар ҳавзаи Роҳиоҳани Душанбе мағлуб мешавад.

Аммо эътибори Латифӣ дар он солҳо чунон боло рафта буд, ки ӯро ҳатто "котиби чорум"-и кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон ном мебурданд. Бо ин ҳол, ки ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар он солҳо ҳамагӣ 3 котиб дошт. Ва дар ҳамон соли 1989 Отахони Латифӣ ба мақоми муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин мешавад. Ӯ дар ин мақом ду сол ифои вазифа карда ва соли 1991 ҳанӯз қабл аз истеъфои раисиҷумҳур Қаҳҳор Маҳкамов, суқути Шӯравӣ ва ба панҷаи даргириҳо печидани Тоҷикистон тарки ҳукумат мекунад.

Саломуддин Мирзораҳматов: "Ва дар ҳамин нимаи дуввуми солҳои 80 ӯ як силсила мақолотеро дар рӯзномаи "Правда" ба чоп расонд, ки бисёр корҳои ношоями дастгоҳи ҳизби коммунисти Тоҷикистонро фош кард. Ва ҳукумату раҳбарияти ҳизби коммунисти Тоҷикистон роҳҳоеро ҷустуҷӯ мекарданд, ки ӯ аз рӯзномаи "Правда" равад. Лекин онҳо муваффақ нашуданд. Аз ин рӯ, ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамин тадбир расид, ки ӯро ба ҳайъати ҳукумат ҷалб кунаду бо ҳамин аз ин ҳизби мухолиф дар як шахс худро халос кунад. Устод Латифӣ ба ҳукумат барои пулу мол наомада буд, қасдаш хидмат ба мардум ва ба давлати Тоҷикистон буд ва дар ин роҳ хеле муваффақ ҳам шуд."

Дар пайи истеъфояш аз ҳайъати ҳукумат Латифӣ ба мақоми раиси Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон нишаста, ҳамзамон дар ҳамроҳӣ бо тоҷири тоҷиктабори муқими Финландия Алексей Сафаров ширкатеро бо номи "Зарфин" таъсис медиҳад, ки дар андак фурсат ба як ширкати хеле матраҳ дар майдони тиҷорати Тоҷикистон табдил меёбад.

Дар баҳори соли 1992 аммо Латифӣ барои чанд рӯз ба майдони сиёсат бармегардад ва бо миёнҷигии ӯву Акбари Турсон ва Лоиқи Шералӣ мухолифати байни ду майдони Шаҳидону Озодӣ поён ёфта ва ҳукумати муросои миллӣ ташкил мешавад. Отахони Латифӣ ҳамеша талош дошт, аз ҷиҳатгирӣ дар он ҳаводиси пуршӯр парҳез кунад ва ҳамон як нафари холис, яъне ЖУРНАЛИСТ боқӣ монад. Аммо талотуми ҳодисот дигар ба гунае буд, ки тақрибан ҳамаро ба гирдоби худ фурӯ мекашид.

Саломуддин Мирзораҳматов, хабарнигори тоҷики муқими Алма-Ато: "Устод Латифиро воқиъаҳои мудҳиши солҳои 1990 ва 1992 ба майдони сиёсат накашидааст. Устод Латифӣ аз аввали фаъолияти рӯзноманигориаш дар майдони сиёсат буд ва то вақти куштори ваҳшиёнааш аз ин майдон нарафта буд. Сиёсатмадоре буд, ки кӯшиш мекард, то ахлоқро бо сиёсат наздик созад. "

МУҲОҶИРАТ

Отахони Латифӣ дар поёни соли 1992 тарки Тоҷикистон кард ва ду солро дар Маскаву се соли дигари муҳоҷираташро дар Теҳрон ба сар бурд. Манзура Яъқубова мегӯяд, рӯзи онҳо дар муҳоҷират хеле ба сахтӣ мегузашт: "Одамон фикр мекунанд, ки ба мо Тӯраҷонзода пул додагӣ, Нурӣ пул додагӣ... Ин тавр нест! Ягон кас як тин пул ба мо надодааст. Ҳамин пулҳое буд, ки ман кор мекардам дар Маскаву Отахон кор мекарданду менавиштанд. Ва баъд пули хонаҳои Душанбе, ки мо иҷора супурда рафта будем, бо ҳамин пулҳо зиндагӣ мекардем. Аз касе ягон тин қарздор нестем. На Отахон ва на оилааш!"

Латифӣ тайи ин 5 сол раҳбари Шӯрои ҳамоҳангсози нирӯҳои демократии Тоҷикистон дар кишварҳои муштаракулманофеъ буд. Ӯ дар нахустин даври музокироти сулҳи тоҷикон дар баҳори соли 1994 дар Маскав раҳбарии ҳайъати Иттиҳоди мухолифини тоҷикро бар ӯҳда гирифт ва то замони ба ин ҷараён пайвастани Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаву Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва баъдан Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ӯ буд, ки кори музокиротро аз сӯи мухолифин пеш мебурд.

Манзура Яъқубова, ҳамсари Отахони Латифӣ: "Баъде ки инқилобҳо дар ин ҷо сар шуд, ун кас маҷбур шуда, ба Эрон рафтанд. Ман ҳам, ки дар клиника ҳамчун ассистенти кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯву бинӣ кор мекардам, корамро партофта, аз пасашон маҷбур ҳамроҳи Алиҷон баромада рафтам. Латифҷон он вақт дар Маскав буд. Тайи ҳама солҳои муҳоҷират ман ҳамроҳашон будам. Муҳоҷирати мо аз Эрон сар шуд. Баъд гашта ба Петербург омадем. Аз он ҷо - ба Маскав. Аз Маскав баргаштем ба Эрон, чунки Отахон диққинафас (астма) дошт ва вазъи саломаташ дар Маскав бад шуд. Ман, ки акнун дар Маскав кор мекардам, боз корамро партофтаму рафтам аз пасашон Эрон."

БОЗГАШТ ВА ҲАЛОКАТ

Созишномаи сулҳ билохира баъди 3 соли музокиротҳо, рӯзи 27 июни соли 1997 ба имзо расид. Отахони Латифӣ ба думбол ба Душанбе бармегардад ва аз моҳи сентябри соли 1997 дар симати раиси зеркумиссиюни ҳуқуқии кумиссиюни оштии миллӣ (КОМ) ба кори истиқрори сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон мепардозад. Муҳиддини Кабирӣ, узви парлумони Тоҷикистон, ки дар поёни солҳои 90 ёвари раиси КОМ буд, аз солҳои ҳамкориаш бо Отахони Латифӣ дар ин кумиссиюн қисса мекунад: "Назари худро ҳамеша бо ҷуръат ва бо доштани мавқеъи хос изҳор мекард. Ҳатто баъзан мешуд, ки назари ӯ аз мавқеъи умумии ҷониби оппозисиюн фарқ мекард. Ва ин бисёр як ҳолатҳои аҷиб буд, ки тими мухолифин бо доштани чунин як шахсиятҳои қавӣ ва баъзан ихтилофоти назарҳо инсиҷом ва якпорчагии худро аз даст намедод. Ва шояд ин нуқтаи қувват ва бурди тими оппозисиюн дар КОМ ҳам буд."

Латифӣ дар ин симат як соли пурра, то кушта шуданаш дар таърихи 22 сентябри соли 1998 фаъолият мекунад.
Алиҷон, фарзанди Отахони Латифӣ - дар бораи охирин дидораш бо падар: "21 сентябри соли 1998 буд. Мо ҳама дар зодрӯзи фарзанди аввали ман Меҳрон ҷамъ шудем. Дар он ҷо падарам гуфтанд, ки дигар аз сиёсат даст мекашанд ва фикр мекунанд, ки ҳамроҳи модар боз ягон 20 соли дигар умр доранд, ки ҳамагиашро сарфи сафару саёҳати кураи Замин хоҳанд кард. Ҳатто чанд бор худашон гуфта буданд, ки муҳофизон ба вай лозим нестанд."

Латифиро дар ҳавлии манзили муваққате, ки ба сар мебурд, дар фосилаи ҳамагӣ чандсад метр аз меҳмонхонаи "Вахш", мақари кумиссиюни оштии миллӣ куштанд. Бо амри тақдир ҳамон рӯз Латифӣ пойи поёда ва танҳо буд. Бидуни ронандаву мошин ва бидуни ҳеҷ яке аз ду муҳофизе, ки дошт.

Манзура Яъқубова, ҳамсари Отахони Латифӣ: "Ҳамон субҳ ман каме мариз будам ва гуфтамаш, ки мебахшед, ман хеста наметавонам. Он кас гуфтанд, ки ман рафта хонаеро, ки тармим мешуд, хабар мегираму баъд ба кор меравам. Ҳамон рӯз на ронандаашон омаду на муҳофизонашон. Худашон баромада рафтанд. Рафтанду баъди ҳамагӣ 5 дақиқа ҳамсояҳоямон ба ман занг заданд, ки давида, ба ҳавлӣ биёед. Давида омадам, ки алакай кор тамом шудааст. Ҳамсояҳо мегӯянд, ки ду бача омада, аввал гарм саломуалейк карданд. Баъд яке аз ҳамонҳо, дар дасташ пистолет будааст, аз пасашон тир холӣ мекунад. Ва бо ҳамин - тамом."

Ҳукумати Тоҷикистон Отахони Латифиро аз тарафдорони собити ҷараёни сулҳи кишвар номида, куштори ӯро талоши латма задан ба ин ҷараён унвон мекунад.Ҷониби мухолифин дар пайи ин куштор фаъолияташ дар кумисиюни оштии миллиро мутаваққиф сохта, таъмини амнияти аъзои кумиссиюн, таҳқиқи мунсифонаи парвандаи куштори Латифӣ ва намояндагони дигари оппозисиюнро тақозо мекунад. Мухолифин танҳо рӯзи 30 сентябр баъди чандин рӯзи музокирот бо президент Эмомалӣ Раҳмонов ва ахзи тавофуқ дар бораи ташкили як кумиссиюни муштарак ба хотири назорат ба ҷараёни таҳқиқи куштори Отахони Латифӣ дубора ба кор шурӯъ мекунад.

Муҳиддини Кабирӣ: "Ин барои ҳамаи аъзои КОМ воқиъан як фоҷиъа буд. Ин як ҳолатеро ба вуҷуд овард, ки метавонист ҳатто раванди сулҳро ба қафо гардонад. Ҷониби оппозисиюн чанд муддат фаъолияти худро дар КОМ қатъ кард, вале вақте ки воқеъан ҳисс кард, ки худи ҳукумат аз ба ин таври ваҳшиёна кушта шудани Отахони Латифӣ сахт дар ташвиш аст ва ҷиддан аз пайи ҷустуҷӯи муҷримону қотилонаш ҳаст ва ин фоҷиъаро нафақат фоҷиъаи як тараф, балки фоҷиъаи тамоми миллату раванди сулҳ медонад, ин боиси паст шудани шиддат ва ташаннуҷ дар вазъияти онрӯза гашт. Баъди ин ҳодиса мо дар КОМ ҳисс кардем, ки кумиссиюн як нафари калидиашро аз даст додааст. Ӯ шахсияте буд, ки ҷойгузин надошт барои худ."

ПАРВАНДАИ НОТАМОМ

Дар таърихи 26 январи соли 1999 телевизиони Тоҷикистон навореро намоиш дод, ки дар он Равшан Ғафуров, аз саркаштарин фармондеҳони марбут ба гурӯҳи Саидмухтор Ёров, ки дар минтақаи Ҳазрати Мавлонои шарқи пойтахт амал мекард, баъди боздошт шуданаш масъулияти қатли Отахони Латифиро ба гардан мегирад ва мегӯяд, ин амалро бо амри раҳбарони мухолифин анҷом додааст. Аммо баъди ҳамагӣ ду ҳафтаи нашри ин навор Равшан Ғафуров худ ба таври мармуз зимни анҷоми як амалиёти тафтишотӣ кушта мешавад.

Саидмухтор Ёров ва Нозим Воҳидов, нафари дигаре, ки ба гуфтаи мақомот, дар сӯъиқасд ба ҷони Латифӣ мустақиман ширкат доштааст, низ дар ҷараёни амалиёти интизомии мақомот кушта шуда, аз ҷамъи афроди муттаҳам ба қатли Отахони Латифӣ танҳо парвандаи Абдуллоҳ Турсунов то ба додгоҳ мерасад. Рӯзи 7 июни соли 2000 Додгоҳи Олии Тоҷикистон Абдуллоҳ Турсунови 21-соларо ба 17 соли зиндон маҳкум мекунад. Бар асоси қарори додгоҳ, маҳз Абдуллоҳ Турсунов ба сӯи Латифӣ тир холӣ карда буд. Соли 1998, ки Латифӣ дар синни 62 кушта шуд, Турсунов ҳамагӣ 18 сол дошт.

Аммо Манзура Яъқубова: "Баъд аз ду сол буд, ки маро ба додситонӣ даъват карданд. Додситон гуфт, ки мана ҳамин нафар куштааст Отахонро. Ман гуфтам, ки агар ба ман фармоишгарро пайдо кунед, ман бовар мекунам, ман бо ҳамон фармоишгар нишаста, сӯҳбат мекунам. Баъд суд карданд ё накарданд он нафарро, ман намедонам. Мо нарафтем дигар на ба додситонӣ ва на ба додгоҳ." Аз ҳамсари Отахони Латифӣ мепурсам, ки натиҷа чӣ шуд ва оё тафтишот ин парвандаро тайи ин 8 сол ба поён овард ва фармоишгарони кушторро ошкор кард? Манзура Яъқубова мегӯяд: "Не, не, не, не! Дигар баргашта ба ин суол наомаданд ҳам. Сӯҳбат ҳам накарданд ва касе маро намепурсад ҳам."

Ва посухи Алиҷон, фарзанди Отахони Латифӣ ба ин ду пурсиш, ки оё дар додгоҳи Абдуллоҳ Турсунов аз фармоишгарони ин сӯъиқасд ҳам сӯҳбат мешуд ва оё натоиҷи тафтишот онҳоро қаноат дода ё на: "Сӯҳбатҳо мешуданд. Сӯҳбатҳо мешуданд, аммо аз ҷониби ин ҷавони муттаҳам ягон ҷавоб набуд. Ин бояд мақомоти Тоҷикистон қаноатманд ё ноқаноатманд бошанд, яъне аз кори худ. Шояд ҳамон нафар гунаҳкор бошаду бесабаб нанишастааст, аммо шояд ки бегуноҳ бошад. Агар гунаҳкор бошад, маълум нест, ки кӣ фармуд ин кушторро."

Муҳиддини Кабирӣ, аз ҳамкорони Латифӣ дар КОМ бо ишора ба ҳалокати мармузи Равшан Ғафуров, як муттаҳами аслӣ дар таҳияи куштори Латифӣ мегӯяд: "Ин то як дараҷа сарукалобаи ин парвандаро ва бисёри саволҳои матраҳшударо беҷавоб монд. Мо то ба ҳол аниқ намедонем, ки то кадом дараҷа ин ду нафар дар қатли Отахони Латифӣ даст доштанд ва агар даст ҳам дошта бошанд, ман мутмаъинам, ки ҳеҷ кадоме аз раҳбарияти мухолифини сиёсӣ дар ин кор даст надоштанд ва аслан ҳеҷ манфиате аз нобуд кардани Отахони Латифӣ ҳеҷ касе надошт. Ман фикр мекунам, ин кори дасти касоне буд, ки ба ҳеҷ яке аз ҷонибҳо тааллуқ надоштанд ва худи раванди сулҳ ба манфаъати онҳо набуд, чунки онҳо аз ин раванд дар канор монда буданд ва мехостанд то рӯзе, ки ҳадафҳои онҳо бароварда шавад, Тоҷикистон дар панҷаи ноамнӣ боқӣ монад. Мутаассифона, дар парвандаи Отахони Латифӣ то ба ҳол баъзе суолҳое монда, ки ҷавоб мехоҳанд. Вале чун Отахони Латифӣ ҷони худро барои сулҳ нисор кард ва муҳимтарин дастовард барои мо ҳамин сулҳу оромиш ҳаст, шояд беҳтар он бошад, ки ин суолҳо ҳамин гуна беҷавоб монанд ва ин парванда дигар бардошта нашавад. Бадтарин коре ки метавонист анҷом шавад, анҷом шуд: Марҳум Отахони Латифӣ ҷони худро аз даст дод. Ва фикр мекунам, бори дигар даст задан ба ин парванда ба манфаъати на натиҷаҳои сулҳ аст ва на рӯҳи шодравон Отахони Латифӣ аз ин кор шод хоҳад шуд."

Ва аммо Саломуддин Мирзораҳматов, хабарнигори тоҷики муқими Алма-Ато: "Ман фикр мекунам, рӯзе фаро мерасад, шояд баъди 5 сол, ё 10 сол, ё 15 сол, ман намедонам, вам о ҷавоб меёбем ба ин мусол: Сабаб чӣ буд ва фармоишгарон киҳо буданд?"