аз Душанбе Масоили марбут ба нақши матбуъоти даврии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонӣ шудан ё глобализатсия мавриди баррасии намояндагони дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, аҳзоби сиёсӣ ва расонаҳои гурӯҳӣ қарор гирифт.
Нишасти мазкур бо ибтикори нашрияи мустақилли сиёсии «Миллат» доир гардида ва ширкаткунандагони он пиромуни мушкилоти матбуъоти тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ табодули назар карданд. Адолати Мирзо - сардабири нашрияи «Миллат» то кунун набудани нашрияи ҳаррӯза ва тафаккури воҳид миёни журналистони тоҷикро заъфи ин кишвар дар раванди ҷаҳонӣ шудан номид ва гуфт: "Набудани як рӯзнома дар як кишвари мустақил нишони заъфи он аст. Мутаассифона, имрӯз сари ин масъала ҳеҷ ниҳоде таваҷҷуҳи ҷиддӣ надорад. Мушкили дигар ин аст, ки дар Тоҷикистон ду равия дар матбуъот дида мешавад, яъне ду шакли тафаккур: нашрияҳое, ки ба забони форсии тоҷикӣ ва нашрияҳое, ки ба забони русӣ афкори ҷомеъаро шакл медиҳанд. Шакли пешниҳоди ахбори бархе аз ин расонаҳои русӣ бо тафаккури ҷомеъаи имрӯзи Тоҷикистон, ба вижа ҷомеъаи тоҷик мутобиқ нест. Чанд радиои мустақил ҳам дорем, ба мисли «Азия-Плюс», «Ватан» ва «Русское радио-Ориёно», ки забонашон аслан русист. Чаро ба расонаҳои миллӣ камбар таваҷҷуҳ шудааст, дар ҳоле ки 80 дарсади мардуми Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва насли имрӯзаи мардуми мо забони русиро тақрибан намедонанд".
Дар ҳамин ҳол, Раҳматуллоҳ Зойиров - раҳбари Ҳизби Сусиёл-Демукроти Тоҷикистон рушди матбуъоти мустақил ва барҳам задани расонаҳои гурӯҳии ҳукуматиро аз шароити ҷаҳонӣ шудан медонад ва мегӯяд, ки агар давлати Тоҷикистон мехоҳад матбуъот воқеъан ба унвони «ҳукумати чаҳорум» шинохта шавад, бояд ҳамаи расонаҳоро мустақиллу ғайридавлатӣ кунад: "Яке аз тақозоҳои ҷаҳонӣ шудан ин аст, ки ҳамаи расонаҳои гурӯҳӣ бояд мақоми ҳамсон дошта бошанд, яъне матбуъот комилан мустақил бошад. Рӯзномаҳои давлатӣ набояд вуҷуд дошта бошанд, ҳатто агар онҳоро худи ҳукумат таъмини молӣ мекунад, рӯзномаҳо бояд вобастаи ҳукумат набошанд. Давлат тибқи Қонуни Асосии кишвар муваззаф шудааст, ки озодии баён, матбуъот ва чандандешии сиёсиро таъмин кунад ва рӯзномаҳо сарфи назар аз ҳукуматӣ ё мустақил будан, ин арзишҳоро бояд риъоят кунанд. Дар ғайри ин сурат, матбуъот наметавонад, ба истилоҳ, «ҳукумати чаҳорум» бошад".
Бархе аз коршиносон дар ин нишаст гуфтанд, ки бозтоби якҷониба ва ғайримунсифонаи рӯйдодҳо аз сӯи расонаҳо бо тақозоҳои раванди ҷаҳонӣ шудан мунофот дорад.