Суханони Акбари Турсон, устоди Донишгоҳи Пенсилванияи Иёлоти Муттаҳида дар бораи маҳалгароӣ дар мусоҳибаи ихтисосии радиои Озодӣ баҳси думболадореро ба миён оварданд. Бархе аз номаҳо нишон доданд, ки шунавандагони мо ба чанд нуктаи муҳими сӯҳбатҳои донишманди тоҷик мутаваҷҷеҳ нашудаанд. Биноан ҳоло матни гуфтаҳои устод Турсонро нашр мекунем ва бо дарки ин ки мавзӯъи ҳассоси маҳалгароӣ солҳост як мавзӯъи пӯшидаи ҷомеаи тоҷик аст, омодаем ин баҳсро идома диҳем.
Акбари Турсон
------------------------------------------------
Ҳам шаҳри азиму ҳам кӯҳи баланд
(Дар шарҳи падидаи маҳалгароӣ)

Бахши аввал: Мушоҳидаҳо
1
Маҳалгароӣ аз ҷумлаи падидаҳои ҳамагонӣ ва ба ин маънӣ ҷаҳонӣ буда, аз худи тамаддуни инсонӣ ҳам солхӯрдатар аст. Пас, ин майлро унсури менталитети як худи қавми тоҷик ва ё фақат хоси мардуми баъзе ҷойҳои Тоҷикистон донистан нашояд.
Маҳалгароӣ ба зоти хеш як падидаи мураккаб буда, решаҳои рӯҳонию равонӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҷуғрофию зистмуҳитӣ ва ҳатто фалсафӣ (дар сохтори мантиқи тафаккур имтиёз пайдо кардани маъқулаи макон) дорад ва вобаста ба нуфузи омилҳои иқтисодӣ ё сиёсӣ ва ё ҳарду ба шаклу андозаи гуногун ба зуҳур меояд.
Вале дар давраи шӯравӣ маҳалгароиро аз ҷумлаи ба истилоҳ "боқимондаҳои бою феодалӣ" медонистанд, ки гӯё фақат дар шуури "одамони ақибмонда таҳшин шуда бошад. Ва ҳол он ки мардумшиносон ё ҷомеашиносон маҳалгароиро ба сифати падидаи махсуси иҷтимоию психологӣ таҳлилу таркиб накарда буданд ва, агар хато накунам, падидаи мазкура ҳанӯз ҳам аз ҷиҳати илмӣ ба таври бояду шояд тадқиқ нашудааст.
Дар сатҳи идеологияи давлатӣ бошад, маҳалгароиро ба низоми вазифатақсимкуниҳое, ки дар Русияи асрҳои 14-15 ба унвони местничество ҷорӣ буд (додани мансаб на фақат аз рӯи хидмати шоёни шахс, балки бо назардошти аслу насаб ва мақоми иҷтимоии аҷдоди ӯ), шабеҳ медонистанд. Сонитар маҳалгароиро куллан таъбир намуда, онро бо ҳамагуна саъю кӯши аз манофеи умумидавлатӣ афзалтар донистани манфиатҳои музофотӣ (масалан, эҳтиёҷоти ҷумҳуриҳои иттифоқӣ) баробар карданд. Вале дар зимн худи ин мафҳумҳоро муайяну мушаххас накарда буданд, ки сабаб дошт.
Агар ба ҷараёни муборизаҳои онвақта бо «маҳалчигӣ» бо заррабини тадқиқ назар афканем, бармало мебинем, ки мақсади асосии идеологҳои ҳизби ҳукмрон тамоман дигар буд. Азбаски кадрҳои масъули ҳизбию шӯравиро дар Маскав сарчин карда аз ҳамон ҷо ба ҷумҳуриҳо таъин мекарданд, мурод аз муборизаи мазкура фақат баҳонаи сиёсие буд барои сари вақт гирифтани пеши норозигиҳои имконпазир ва ҳамроҳа мустаҳкам намудани пояи ҳокимияти коммунистӣ дар «канорҳои миллӣ».
Аз ин ҷиҳат муборизаи шӯравиҳо бо маҳалгароӣ якҷониба буд: на ин ки сабаби падида, балки оқибатҳояшро ҳадафи мубориза қарор дода буданд, ки он ҳам бошад андаруни ташкилотҳои ҳизбӣ, бидуни рушодгӯӣ анҷом мепазируфт. Дар натиҷа ҳисси маҳалгароӣ аз шуур ба таҳтушшуур рафта, охир мадда кард ва ҳамин ки пояи назорати сиёсию идеологӣ суст шуд, якбора кафид.
Дар интиҳои бозсозии горбачевӣ, ки сартосари кишвари Шӯроҳо ба худсӯзӣ табдил ёфт, маҳалгароии тоҷикона ҳам аз қатор намонда сиёсатонида (политизатсия) шуд, ки охираш ҳамон ҷанги бародаркуш аст.
2
Мардум мегӯянд, ки одам ба одам зинда аст. Албатта дуруст мегӯянд. Лекин нағз медонем, ки ҳар кас бо ҳар одамизода улфат намешавад ва ҳар киро ҳамдаму ҳамроз намедонад. Барои ҳамкорӣ бошад, пеш аз ҳама ҳамнақшу ҳаммонанди худро меҷӯяд, ки ҳаммашрабу ҳамназар бошад. Лекин ҳамҷинс худаш кист? Ба наздики тоҷик ҳамҷинс аввал хешу табораш аст, баъд дӯсти наздикаш ё акахонду додархондаш, рафиқи ҳаммактабаш, ҳамшаҳр ё ҳамдеҳaаш.
Аввал бояд гуфт, ки таваҷҷӯҳи хос ба ҳамшаҳру ҳамдеҳу ҳамвилоят худ ба худаш ягон айбе надорад, чунки як кашиши табиист. Одамоне, ки зода ва парвардагони муҳити яксон (аз ҷумла муҳити ҷуғрофию экологӣ) мебошанд, қолаби муштараки пиндору гуфтору рафтори иҷтимоӣ доранд ва аз ин рӯ ба зудӣ забон ёфта, ҳамдигарро мефаҳманд. Вале тариқи давлатдорӣ бар пояи чунин маҳаку меъёрҳо такя карда наметавонад, зеро сиёсати маҳалгароёна дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо боиси ихтилофҳои тезутунди иҷтимоӣ мегардад.
Аслан муҳим нест, ки мақомеро куҷоӣ ишғол мекунад; муҳим он аст, ки оё ӯ ба ин мансаби давлатӣ ё мартабаи иҷтимоӣ аз рӯи дараҷаи саводу кордонӣ ва одоби шахсӣ лоиқ аст ё не. Дар ҷомеаи мутараққӣ аз ин боб меъёру маҳакҳое ҳастанд, ки барои ҳамагон ҳатмист. Аммо дар ҷомеае, ки ҳанӯз ба камоли сиёсию маънавӣ нарасидааст, кор тамоман ранги дигар мегирад. Ин ҷо тоифаи муайяни одамон пешию имтиёз пайдо мекунанд: ҳамшаҳр, ҳамдеҳа ё ҷӯраи қиёматӣ аз ҳисоби ҳаққу манфиати дигаршаҳру дигардеҳа кори худро буд мекунанд ва ё дар силсилаи маротиби иҷтимоъ ҷоеро ишғол мекунанд. ки ба он пурра сазовор нестанд.
Акнун ба даруни пӯсти ҳамон «бегонае» дароед, ки ба иллати дигаршаҳрию дигардеҳӣ будан дар ҷомеа мувофиқи қудрату имконаш кору ҷойи сазовор ёфта наметавонад ва бад-ин ҷиҳат худро шаҳрванди дуюмдараҷа ва бесоҳибу бегона эҳсос мекунад. Магар саволи дар ғояти ҳайрату афсӯс ва эътирози иҷтимоӣ дар миён гузоштаи Лоиқ «тоҷик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст?!» ифодаи ҳамин гуна эҳсос нест?
3
Коранда ва паҳнкунандаи тухми маҳалгароӣ ду қишри аҳли савод мебошад: яке зиёиён ба маънии танг ва дигаре маъмурон ба маънии васеъ. Шарҳ додан зиёдатист, ки на ҳамаи зиёиён ва на ҳамаи маъмурон маҳалгаростанд; онҳое, ки маҳалгароӣ мекунанд, зотан аз як тоифаанд. Манзурам, як гурӯҳи калони одамони маълумоти олидор мебошад, ки онҳоро Александр Солженицын ба ҷумлагӣ «образованщина» номидааст. Нависандаи шаҳири рус онҳоеро дар назар дорад, ки дар даврони советӣ ҳарому ҳалол маълумоти олӣ гирифта ва ҳатто ба унвонҳои илмӣ соҳиб шуда, тамоми зинаҳои силсилаи маротиби идораи давлату ҷомеаи шӯравиро пур карда буданд. Дар замони пасошӯравӣ ҳам дар аксари ҷумҳуриҳои собиқ, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо, лаҷоми идораи давлату ҷомеа ба дасти онҳост.
Сабаби маҳалгароии ду қишри мазкури аҳли савод зоҳиран яке набошад ҳам, ботинан ҳамгун бувад. Зиёии маҳалгаро аслан шахси ноком аст, яъне одамест, ки дар касбу кори интихобкардааш комёб набудааст, фаразан дар илм ё санъат аз тарафи ҳампешагонаш ё ҷомеа эътироф нагардида, ҳатто агар мансаби академӣ ё унвони ифтихорӣ дар ҳунар ҳам дошта бошад. Вале камоли норасидагии маънавии чунин шахсон будаст, ки айби ошро дар мош меҷӯянд, яъне ҳамеша гумонбаранд, ки маҳз дигарон садди роҳаш мебошанд -- ё аз рӯи ҳамшаҳрчигӣ ё бадбинии шахсӣ ва ё фитнаи гурӯҳӣ. Дар натиҷа чунин «ҷабрдидаву» «ранҷидагон» ба як навъ дарди рӯҳонию равоние гирифтор мешаванд, ки дар илми равоншиносӣ комплекси норасидагӣ гӯянд.
Маъмури маҳалпараст ҳамон аст, ки вазифа ё мансабашро на аз рӯи савияи донишу малака ё лаёқати раҳбарӣ, балки тибқи меъёри маҳалчигӣ ва ё ёру ошнобозӣ гирифтааст. Ва табиист, ки ӯ низ саъю кӯш мекунад, ки дар идорааш одамонро аз рӯи ҳамон меъёру маҳакҳо гирд оварад. Ин амал заминаи психологӣ ҳам дорад: як меъёри ногуфта ё нонавиштаи чунин усули хоста гирифтани кадрҳои роҳбарикунанда он аст, ки одамони даргоҳ бояд аз худи саркор дида оқилтар ва ё таҷрибаноктар набошанд, то ки дар ҳузури тобеъон эшон, ҳамон тавре ки дилашон мехоҳаду ойини мансабашон ҳам тақозо мекунад, бемалол худнамоӣ ё фармонфармоӣ карда тавонанд.
Ва ҳамин ки дар идора муҳити созгоре иборат аз лаббайкгӯю тамаъкору лагандбардори худӣ ташаккул ёфт, сардори он низ ба як навъ дарди равонӣ гирифтор мешавад. Азбаски равоншиносон ин дардро ҳанӯз ташхису тасниф накардаанд, шояд онро шартан худгарӣ номем, ки дар силсилабандиҳои муназзами ҳазрати Иқбол ҳамрадифи худнигариву худшиканист. Ин дард аз калонгириҳои маъмулӣ оғоз шуда бо васвасаи азимманишӣ анҷом меёбад.
Шиддати бемории худгарӣ бошад, ба дараҷаи ҷоҳу ҷалоли маъмур вобаста аст; дар силсилаи маротиби бюрократӣ курсии мансабаш ҳар қадар баланд бошад, дардаш ҳамон қадар музминтар мешаваду муолиҷааш ҳамон қадар душвортар. Чунончи, дар қуллаи силсилаи мазкура маҳалбозӣ ба бутсозӣ табдил меёбад. Ин падида аломати равшани газак гирифтани як дарди кӯҳнаи равонист, ки аз фард ба ҷомеа таҳмил шуда, каму беш сойири қишрҳойи иҷтимоъро фаро мегирад. Равонпарешии иҷтимоӣ бошад, чунон ки таърих гувоҳ аст, оқибат ҳам забардастонро маънан хароб мекунаду ҳам зердастонро карахту фалаҷ мегардонад.
Ду шоири барҷастаи мо -- Лоиқи Шералӣ ва Бозори Собир ба сони табибҳои рӯҳонии миллат нахустин аломатҳои ин марази иҷтимоиро ташхис карданд. Чунончи, Лоиқ дар бораи раванди таҳаввули таърихии мардуми тоҷик дар ғояти дарду алам андешида, гуфта буд: «пешрафтанҳош вопас рафтан аст». Бозор, гуё ҳамин нуктаи ҳампешаашро шарҳ медода бошад, ки мегӯяд: «Акнун ба асли хеш бармегардем гуфта рост ба эътиқоди ибтидоӣ баргаштем, ки ғайр аз гиряву мотаву худоихӯрӣ чизеро қабул надорад». Албатта Бозор, чунон ки ҳар шоирро бояд, муболиға мекунад. Лекин гуфтааш аз ҳақиқат он қадр ҳам дур нест.