"Туро ман дӯст медорам!"

Мусаввири рӯзи ошиқон дар Душанбе «Ту ишқи аввалину ҳам ишқи охарини ман, Туро ман дӯст медорам! Бо эҳтиром, Валентин»
Бо ҳамин шакл ва имзои мустаори Валентин ё Валентина ҷавонон ба ҳамдигар дар кортҳои шакли дил дошта номаҳои ошиқона навиштаанду изҳори муҳаббат кардаанд. Нигина, донишҷӯи донишгоҳи политехникӣ дар рӯзи ошиқон зиёда аз 100 номаи валентиӣ гирифтааст:

«Ман баъд ин кортҳои валентиниро ба дӯстонам тақсим кардам. Онҳое, ки дар кортҳои зебо навишта шуда буданд, мутолиа кардам. Хеле самимӣ навишта шуда буданд. Барои мисол дар якеаш навишта шуда буд, ки «орзу мекунам дар фасли зимистон бароят баҳор табассум бикунад». Дар як корти сурхи зебои дигар бошад навшита шуда буд, ки «дар дохили ин корти зебо бароят 100 бӯса мефиристам. Ошиқат ҳастам». Хулоса зиёд буданд ва ман бениҳоят хурсанд шудам. Аммо нафаре аз онҳо маро ба ягон ҷо даъват накард. Бисёр мехостам, ки соҳиби он номаи валентинӣ маро ба рақсгоҳ даъват кунад. Барои мисол ба тафреҳгоҳи «Континент» агар даъватӣ мешудам бо дилу ҷон мерафтам.»

Одатан, номаҳои валентинӣ хеле кӯтоҳ аз мисраъи шеърӣ ва ё суханони зебо иборат аст. Фирдавс, сокини ноҳияи Ҳисор ба ҳамсабақаш чунин изҳори муҳаббат кардааст.

«Муҳаббатҷони ман! Ман туро дӯст медорам!

Эй духтараки сафеди остин калта
Чашмак мезанум, биё бишин дар парта
Як гапаки хуб дорум якташ ганда
Худам худта мегирам, ҷурам дугоната»


Рӯзи ошиқон барои онҳое, ки ошиқанду аммо ишқашонро пинҳон медоранд, имконияти фаровони дарди дил карданро медиҳад. Зеро дар ин рӯз теъдоди аъзами ҷавонон интизоранд, ки шояд нафаре барояшон аз муҳаббати худ қисса кунад. Ба андешаи равоншиносон аз назари равонӣ духтарону писарон ба қабули муҳаббати ҳамдигар омодаанд. Инҷо мо ба чанде аз мусоҳибонамон имкон медиҳем, ки тариқи барномаи «Ояндасоз» ба наздиконашон изҳори муҳаббат кунанд.

«Рухшонаҷон, ман Акмал, туро сахт дӯст медорам.»
«Азиз, чашмони ту маро мафтун кардаанд, дар фироқат месӯзам, биё ба дардам даво бибахш. Таҳминаи ту»


Онҳое, ки романтиканд ба дӯстдоштаҳояшон гул тақдим мекунанд. Бозори гули Душанбе аз гулҳои тару тоза хеле муаттар буд. Як садбарги маҳаллӣ 3 сомонӣ ва садбаргҳои аз хориҷа воридшуда то 10 - 12 сомонӣ арзиш доштанд. Илҳом, фурӯшандаи бозори гул мегӯяд, аз миёни 20 намуди гуле, ки ба фурӯш гузоштааст аз ҳама бештар садбарги мавсум ба қатраи шомпон серхаридор будааст.

Душанбе дар рӯзи Валентин шаҳри ошиқонро мемонд. Тафреҳгоҳу тарабхонаҳо ҳам серодам буданд. Дар равшании шамъҳои мизҳои тарабхонаҳо чеҳраҳои хушбахти ошиқон мушоҳида мешуд. Писарон бо ҳавас қиссаи ишқ мегуфтанду духтарон дар ҷавоб табассум мекарданд.