Аз ёддоштҳои Сайёфи Мизроб Дар авохири ҳафтаи гузашта консерти ифтихорӣ бахшида ба 75 - умин солгарди бузургтарин сароянда ва асосгузори операи тоҷик Аҳмад Бобоқулов баргузор гардид.
Дар ин рӯз, дари бинои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахт серодам буду аксарияти одамон ҷавон. Чун донистем, ки ин ҷавонон боз муҳассилини Консерваторияи миллианд, шод шудем. Зеро гумон доштем, ки ҳамаи онҳо мухлисин, ҳаводорон ва дар охири кор идомадиҳандаи санъати волои Устод Бобоқулованд. Ва шоду хурсанд бо ин ҷавонон мусоҳиб шудем. Ва усулан бо як суол ба онҳо муроҷеъ шудем. «Устод Аҳмад Бобоқуловро мешиносед?»
Ва қаблан шод аз ҷавобҳои пухтаву сермурчу қаламфури ҷавонон надонистем, ки ба ин донишҷӯён на танҳо роҷеъ ба зиндагиномаи устод, шарҳи ҳол, қиссаи омаду рафти худ, ниятҳои пинҳониву пайдоии журналист, балки дар бораи садоафзо - микрофон, чӣ будани диктофон ва дигару дигар курси махсуси маҳви бесаводӣ хоҳем гузаронид....Қисса кӯтоҳ-инак ин мову суолоти мо ва ин санъаткорони ҷавон-ояндасозони опера ва балети тоҷик:
- Устод Аҳмад Бобоқуловро мешиносед?
- Ако, ҳоло истед! Ку, як фаҳмонед, кӣ шумо, чува ин суолро медиҳед, ва дар дасти Шумо ин чист?
- Ман журналистам. Барои он суол медиҳам, ки мехоҳам назари Шуморо дар бораи шахсияти устод донам?
- Кадом устод?
-Аҳмад Бобоқулов!
- Асабӣ нашавед, ако. Ана акнун гӯед, ки ин чист дар дасти Шумо?
- Ин? ...Диктофон.
- Он барои чист?
- Барои сабти садо
- Кадом садо?
- Садои мубораки Шумо!!!
- Баъд онро чи кор мекунед?
- Чиро?
-Садои маро!
- Пахш мекунем!
-Бо чи?
- Не, бо мошину БТЭр не, тариқи Радио... Акнун фаҳмидед?
- Фаҳмидам! Акнун савол диҳед!
- Шумо устод Аҳмад Бобоқулро мешиносед?
- Хуб, суол фаҳмо! Акнун ман бояд чӣ ҷавоб диҳам?
- Шумо ҷавоб диҳед, ки он касро мешиносед ё не?
- Ман чи гӯям?
-Бародар, аз барои савоб гӯед, ки мешиносед ё не?
- Ман ку намешиносам, ако, лекин агар Шумо нағзакак хоҳиш кунед, мегӯям, ки мешиносам! Акнун кадом ҷавоб ба Шумо маъқул аст? ... Истед, ки дар ТВ маро нишон медиҳанд? Имшаб занг зада, ба кампири очам расонам, ки писаратон...
- Не!
- Чи неъ!!!
- Шуморо дар ТВ нишон намедиҳанд!
- Чаро?
-Чунки ин радио..
-Фарқаш чи?
-Фарқаш ин ки мо Шуморо... дар Радио нишон медиҳем, на дар ТВ?! Фаҳмидед?
- Фаҳмидам! Суол диҳед, ако...
Ман бо як азоби алим аз мусоҳиб халос шуда, назди дигар донишҷӯи консерваторияи миллӣ меравам..
- Шумо устод Аҳмад Бобоқуловро мешиносед?
- Киро, киро???
- Устод Аҳмад Бобоқуловро!
-Не, намешиносам!
(ба дигарӣ) -Шумо чи?
-Чӣ, ман чӣ?
-Мешиносед ӯро?
- Ҳа, то ест киро?
- Аҳмад Бобоқуловро
- Ака, ман мардакворӣ, рости гап намешиносам ӯро, лекин ҳолӣ консерташда даромада, шинос мешем. Ман автографашро ҳам гирифтаниям!
- Ба фикри Шумо ӯ зинда аст?
- О, кадом мурда консерт медиҳад? (баъд аз суоли ман рамуз гирифта)... ё ки мурдай бечора?
- Ман намедонам!
- Надонӣ, чи «прикол» мекунӣ?
- Шумо Аҳмад Бобоқуловро мешиносед? (ин суол ба духтарон аст)
- Мешносем! Мешиносем!
- Ӯ кист?
-Сарояндаи сурудҳои мардумӣ! Фалак мехонад. Шашмақом месарояд...(байни ҳам баҳс мекунанд ва ба хулосае меоянд). Таронаҳои мардумӣ мехонад!
- Шояд опера ҳам мехонд?
- Шояд... ягон то хондааст. Аммо фалака зӯр мехонд. Шашмақомҳояш то ҳанӯз зиндаанд. Дутора нағз менавохт. Не пианино мезад! (баҳс идома дорад ва ман назди дигаре меравам)
- Аҳмад Бобоқуловро мешиносед?
- Ҳа! Лекин, аввал ман худамро муаррифӣ кунам, майлаш мӣ?
-....?
-Ман шоира ва муаллима! Шеърҳои маро хондаед, албатта...
- Мебахшед, Аҳмад Бобоқуловро мешиносед ё не?
- О, ки ӯро намешиносад? У шеърҳои Мирсаид Миршакарро мехонд. Масалан, шеъри маъруфи «Республикаи ман» ...
-Шояд ин шеъри Боқӣ Раҳимзода бошад?
- О, фарқаш чи? Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршаккар, Аҳмад Бобоқулов...
- Ташаккур
...ва зуд фирор мекунам...аз ҷавобҳои подарҳавои донишҷӯёни консерватория. О неее.. ман дидам, ки мусоҳиби нахустини ман боз сӯи ман меояд....