Бо дуруд!
Мутаасифам, ки чун ин ҷо баҳс аз "таҳоҷуми фарҳангӣ" меравад, баъзе аз ҳамвандон, бидуни он ки "фарҳанг"-ро дуруст сарфаҳм рафта бошанд, даъвои "фархангӣ" будан ва ё муҳокимаи хубу бад будани "фарҳанг"-ҳои Шарқ ва Ғарбро доранд. Аммо фаромӯш накунем, ки фарҳангро метавон ба гурӯҳҳое бахшбандӣ кард, монанди фарҳанги иҷтимоӣ, иқтисодӣ, қонунмадориву додмандӣ ва диниву шаръӣ, ки ба гунаи кӯтоҳ аз онҳо ёд мекунем:
1-Фарҳанги иҷтимоӣ: Одамиён ба номи ҷондорони иҷтимоӣ ҳам ном бурда шудаанд, ки дӯст доранд гурӯҳӣ зиндагӣ кунанд. Фарҳанг дар одамӣ вобастагӣ ва тааллуқ меофаринад. Зербинои созмонҳои гуногунро месозад. Барои он ки мо худро вобаста ба як ҳамбудгоҳ бидонем, бояд ончиро ки он гурӯҳ мекунад, бипазирем ва анҷом дихем.
2-Фарҳанги иқтисодӣ: Арзиш додан ба тикаи симу зар ё коғаз, беш аз арзиши ростини он ва ба номи ин ки сика ва ё пул аст, бахши фарҳанги иқтисодӣ мебошад. Сармоядорӣ, низ як фарҳанги иҳтисодист ва дар баробари ин фарҳанг одамиён талош доранд, молу дорои бияндузанд ва бар он бияфзоянд.
3-Фарҳанги қонунмадорӣ ва додмандӣ: Ин гурӯҳи фарҳангӣ ба ҷомеа ҳамбудгоҳ ва сомон мебахшад. Дод ва додгустарӣ, ки омочи бунёдии фарҳанги додмандист, дар бархе ҷойҳо, онро дар ҳаққоният ва моликият ва дар бархе дигар онро дар мусолимат ва ё кинатузӣ медонанд. Бад-ин маънӣ аст, яке мегӯяд, "Агар касе ба рӯи Шумо шапотӣ бизанад, рӯи худро бигардонед, то ба рӯи дигари Шумо ҳам бизанад" ва дигаре баръакс мегӯяд "Чашм дар баробари чашм, дандон дар баробари дандон", яъне агар касе дасти Шуморо бизанад, Шумо ҳам дасти ӯро бизанед.
4-Фарҳанги диниву шаръӣ: Тарс аз ношинохтаҳо, бунёд ва пояи фарҳанги динӣ аст ва рӯиҳамрафта ончиро намешавад собит кард, зери чатри фарҳанги динӣ қарор мегирад, монанди ҳастии фариштагон, будани биҳишту дузах. Ҳар замон ки ношинохтае шинохта мешавад, аз тавони ин фарҳанг дар ба ҳам наздик кардани мардум коста шуда ва зери пурсиш қарор мегирад. Ин фарҳанг барои он ки тавони худро нигоҳ дорад, мардумро аз пажӯҳиш ва чӯёӣ бозмедорад. Яке аз муҳимтарин ва чашмгиртарин ҳолатҳои фарҳанги динӣ бовар ва гароиш бидуни пурсиш ба пайёмҳо ва додаҳо (иттилоот) ва пайравии бечуну чарои дастурҳост. Барги барандаи ин фарҳанг зиндагии ҷовидон ва дар биҳишти пас аз марг аст.
Инак, худ қазоват кунед, ки чун cухан аз "таҳоҷум" меравад, пас он ба кадом бахши фарҳанг аст. Боз ҳам фаромӯш накунем, ки дар замони худ Ҳеродот дар бахши китобе бо унвони "Расмҳо ва хуи эрониён" чунин гуфта, "Ҳеч нажоде монанди эрониён омодагии пазириши расм ва хуи бегонаро надорад". Ин бахубӣ нишон медиҳад, ки эрониён ва аз ҷумла тоҷикон фарҳанг ва адабу рафторро абзоре барои пешрафт медонистанд ва ҳарчи аз онро беҳтар буд, бармегузиданд. Лекин инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки фарҳанг дигар ва ва суннат дигар чиз аст. Имрӯзҳо агар мо барои эҳёи суннат ва анъанахои миллӣ талош меварзем, хато мекунем. Чун ки агар фарҳанг пешрафт бошад суннат истоӣ аст. Пас моро боястӣ аз ин нуктаҳо хулосаи дуруст барорем!
Хулоса:
Зи доно бипурсид, пас додгар,
Ки фарҳанг беҳтар бувад ё гуҳар?
Чунин дод посух бад-у раҳнамун,
Ки фарҳанг бошад зи гавҳар фузун.
Ки фарҳанг ороиши ҷон бувад,
Зи гавҳар сухан гуфтан осон бувад.
Гуҳар бе ҳунар хору зор асту суст,
Ба фарҳанг бошад равон тандуруст.
Бо эҳтиром,
Дилшод
---------------------------------------
Банда бисёр бодиққат ин номаҳоро хондам ва аз чандинтои онҳо нохуш шудам. Аввалан, мо ҳоло чӣ дорем, ки онро фарҳанг номем ва аз зери султаи фарҳанги рус набаромада, худро ба фарҳанги охундҳои эронӣ мезанем. Сониян, ман ҷонибдори рушди фарҳанги миллӣ ҳастам, вале нимҳазлу нимҷиддӣ бояд бигӯям, ки "Э кош, ҳамаи кишварҳо ва мардумони олам ба Тоҷикистон як таҳоҷуми фарҳангӣ мекарданд, вагарна аз таҳоҷуми бефарҳангӣ рӯ ба завол дорем.
Бо эҳтиром
Асадулло
--------------------------------------
Ба назари ман, ин ҷо иштибоҳи асосӣ ин аст, ки мо худ намедонем, чи чиз аз фарҳангҳои дигар омадааст ва чи чиз фарҳанги хоси мост. Масалан, дирӯз хабар дода шуд, ки мо тоҷикон дар як сол барои баргузории маросими гуногуни динӣ 280 миллион доллар сарф кардаем. Магар мо ин қадар халқи сарватмандем? Магар кӯдаки мо пойафзол дорад, ки ба мактаб равад? Магар модари мо пуле дорад, ки барои дорую дармон ба духтурон диҳад? Бадбахтона, ҳоло мо ин қадар динпараст шудаем, ки мехоҳем аз арабҳо ҳам мусулмонтар бошем. Магар намешавад, ин сармояро барои илму донишомӯзии фарзандонамон сарф кунем? Ба онҳо китобу компютер бихарем, барои саломатии онҳо харҷ кунем ва ғайра. Бачаҳои тоҷик дар даҳ сол шояд як бор ба назди духтур бурда шаванд, он ҳам вақте ки вай тамоман аз пой биафтад.
Бежан
----------------------------------------
Ман намедонам, барои он ки мо ин чизро муайян карда наметавонем, балки онро сарвари давлат муайян мекунанд.
Сарагул
---------------------------------------
Салом.
Бо хондани назарҳои гуногун, ки аксаран назарҳои хубанд, ман ҳам хостам дар ин баҳс ширкат кунам. Вале мо бояд бар асоси воқеъият андеша кунем. Мо аз як сӯ мегӯем, ки 97 дарсади аҳолии Тоҷикистон мусулмонанд ва аз сӯи дигар шоҳиди дар ҷомеа ривоҷ ёфтани фарҳангҳои бегона мешавем. Ба монанди дискоклубҳо, казино ва марказҳои фаҳш. Ва фарҳанги мусиқии мо низ пойбанди ягон арзиш нест. Бархе аз созмонҳои байнулмилалӣ низ дар ин корҳо саҳм доранд, зеро шояд махсусиятҳои фарҳангии моро дуруст намедонанд. Ба фикри ман, бояд порлумон назоратро ба чунин созмонҳо ҷиддитар кунад.
Як масъалаи дигар ин аст, ки мо набояд ин қадар бо ноумедӣ ба мушкилоти худ бархӯрд кунем ва фарҳанги ғарбиро болотар аз фарҳанги худ гузорем ва онро боиси пешрафти миллати тоҷик донем. Агар пешрафт дар сарулибос бошад, ин иштибоҳи маҳз аст. Тоҷикон худ фарҳанги хоси худро доранд, аммо афсӯс, ҳоло он бо баргузории ҷашну консертҳои идонаи бефоида ва зоҳирнамоиҳо маҳдуд шудааст.
Бо эҳтиром
Салим
---------------------------------------
Фикру андешаҳои ҳамватанон, ки пеш аз ман омадаанд, маро рӯҳбаланд кард. Баҳси муаддабона ниҳоят гарави ҳамдигарфаҳмии мо мешавад.
Ман як нуктаро мехоҳам таъкид кунам. Бигзор ҳар яки мо даст рӯйи дил монда аз худ суол кунад: оё адабиёти худро аз Рудакӣ то Бозор Собир медонад? Оё "Тоҷикон" ё "Таърихи халқи тоҷик"-ро хондааст? Оё бо забони тоҷикӣ пухтаву равон ҳарф мезанад? Оё чун мусулмон намозу рӯзаро медонаду риоя мекунад? Тоҷикистони камбағалу қашшоқро, ки ҳуқуқҳои инсон поймол мешаванд, дӯст медорад? Оё назаре дар мавриди рушди кишвараш дорад, умуман, такдири Ватан, Миллат, Забон ва ҳамватанонаш, новобаста аз қавму миллаташон (баъзеҳо миллатҳоеро, ки асрҳо инҷониб бо мо зиндагӣ доранд ва мо хешу табори хунӣ шудаем, таҳқир мекунанд) барои ӯ бефарк аст? Оё сиёсатбезор аст?
Агар посухи ин ҳама суолҳо мусбӣ нест, пас ман, ту ва мо тоҷик нестем. Кишварҳои бефарҳанг (ба маънии фарҳанги хаттиву моддӣ) он қадар даъвои миллат мекунанд, ки тавба! Дар Тоҷикистон ин гуна ифтихорро ман намебинам.
Ман дар як сӯҳбат шунидам, ки нафаре мегуфт: "Ман намехоҳам фарзандам ба хизмати Артиши Тоҷикистон равад". Далели он марди фарҳангӣ чунин буд: "Вақте дар ин кишвар ман нон пайдо карда наметавонам, ин ватани ман нест. Ин ватани онҳоест, ки онҳоро соҳиби сарвату давлат кардааст. Ман намехоҳам писари ман барои ҳимояти сарвати кадом - як касоне нобуд гардад". Ин сухан низ мантиқ дорад. Аммо агар ҳар яки мо чунин фикр кунад, чӣ хоҳад шуд? Чӣ бояд кард?
Яке аз роҳҳои нигоҳ доштани фарҳанги тоҷикон - бозгашт ба хатти форсист. Хатти падару бобои мо, хатти Мавлавӣ то Айнӣ. Тоҷикистон яктост мисли модар. Дигар касе ба ҷуз мо аз ин ватан ифтихор карда наметавонад ва ғамашро низ намехӯрад.
Боқимонда гапҳо дар сӯҳбатҳоямон, ҳамватанони азиз.
Родиёи Озодӣ, илтимос суханони маро кӯтоҳ накунед, агар Шумо ҳам тоҷику тоҷикистонӣ бошед.
Сабриддин, муҳоҷир, Маскав
___________________________
Матраҳ кардани чунин суол дар минтақае чун Тоҷикистон аслан мантиқӣ нест. Чунин пурсиш бояд дар кишварҳое мавриди баҳс қарор бигирад, ки он миллат суннат ва арзишҳои волои миллии худро то ба ҳол нигаҳ дошта ва ҳоло мавриди "таҳоҷуми фарҳангӣ" қарор мегирад.
Вале мо миллате ҳастем, ки дер боз ба оҳанги дигарон пой мегузорем ва ҳуввияти миллии худро гум кардаем. Мо аз қарнҳост, ки мавриди таҳоҷуми фарҳангӣ қарор гирифтаем - ҳамлаи муғулҳо, тоторҳо, манғитҳо, русҳо ва болшевикҳо. Шояд шадидтарини онҳо ҳамлаи болшевикӣ буд, ки "меваҳои пурбор"-и он - бадахлоқӣ, урёнӣ, фаҳш, шаробнӯшӣ, хоби харгӯшӣ, хислати мушӣ, хӯи ғуломӣ, гурез аз ҳуввияти хеш ва динситезӣ бошанд.
Таҳоҷуми фарҳангие, ки баъзе аз кишварҳо аз он бонги хатар мезанад, барои Тоҷикистон таҳдиди бузурге нест. Агар инглисӣ ҷойгузиши русӣ мешавад, боке нест, чун ҳарду забон барои мо бегонаанд.
Агар хатти лотинӣ ё дигареро ҷойгузини сириллик мекунанд, барои ин ҳам доду фарёди зиёд набояд кард, зеро бо ҳеҷ кадоме аз онҳо осори ниёгони мо тадвин нашудааст.
Агар ҳарос дорем, ки таҳоҷуми фарҳангӣ дар қарни ҷаҳонишавӣ мунҷар ба парокандашавии миллати мо мегардад, аз он ҳам набояд ҳаросид, зеро ба ҳадде парокандаем, ки ҳатто як шаҳри таърихӣ дар ихтиёр надорем.
Агар бими онро дорем, ки арзишҳои динии мо мавриди таҳоҷум қарор мегирад, ин худ хандаовар аст, чун исломи 95 дар сади мардум аз тақлиди бешуурона беш нест.
Агар аз он нигаронем, ки ин таҳоҷум ба шуур ва андешаи мо таъсири бад мерасонад, инро ҳам бояд аз сар дур кард, зеро ба ҳадде бемаърифатем, ки як соли Худоро соли эстрада ва куртаи чакан эълон мекунем, дар ҳоле, ки миллатҳои мутамаддин бо ҷаҳониён аз гуфтугӯи тамаддунҳо ҳарф мезананд.
Агар бими он меравад, ки ин таҳоҷум оқибати истисмори ҷадидеро дорад, ин ҳам мантиқан дуруст нест, чун хӯи ғуломӣ дар рагу пайванди мо ба ҳадде реша давондааст, ки интизор намеравад ба ин наздикиҳо аз он вораст.
"Агарҳо" зиёданд, аммо хулосаи ҳарфҳои ман ин аст, ки оғӯши боз ба сӯи ақли ғарбӣ ва ҷону рӯҳи шарқӣ - роҳи растагоре барои миллати мост ва намунаи ҷону рӯҳи шарқӣ фарҳанги боарзиши форсӣ-исломист.
Меҳрдод
___________________________
Салом ба кормандони Радиои Озодӣ!
Ба фикри ман, таъсири фарҳангҳои дигар ба фарҳанги тоҷикии мо хуб аст, зеро мо метавонем аз фарҳангҳои кишварҳои дигар беҳтарини онҳоро қабул кунем ва фарҳанги худро ривоҷ диҳем. Ягон халқ дар ҷаҳон фарҳанги софи худро надорад, балки ҳамеша аз халқҳои дигар чизеро омӯхтааст. Дар навбати худ, фарҳангҳои қавие чун фарҳанги тоҷикон низ ба аҳли олам беҳтарин чизҳои худро тақдим кардааст ва ман дар ин ҳама бадиеро намебинам. Фақат онҳое аз таъсири бади фарҳангҳои бегона гап мезананд, ки саводи кофӣ надоранд ва аз навгониҳо хушашон намеояд. Мо тоҷикон халқи демократ ҳастем ва аҳамияти фарҳангро хуб медонем.
Бо эҳтиром,
Сурайё, шахри Душанбе
_____________________________
Бародари қанд Сиёвуш!
Дар ҳар сурат чакан ҳам моли тоҷикон аст, вале ман аз он дар ҳайратам, ки ту аз паҳншавии фарҳанги Ғарб дар Тоҷикистон таьриф мекунӣ. Магар ба ту хуш меояд, ки хоҳарат нимурён дар кӯча гардад? Ё шаби дароз дар дискотека ҷунбон-ҷунбон кунад ва ҳатто шароб бинӯшад? Як бор фикр кун-да. Вале дар як чиз бо ту мувофиқам, ки мусиқии тоҷикӣ моли як минтақа шудаасту аз тарафи дигар мусиқии эстрадии мо қариб пурра такрори мусиқии Ғарб. Ва ниҳоятан боиси афсӯс аст, ки тоҷикони мо фақат исломро фарҳанги миллии худ меҳисобанд, ҳол он ки фарҳанг доманаи васеъ дорад.
Ашур Назарзода
-----------------------------------------------
Бо бародар Толиби Ваҳдат комилан мувофиқам. Ман ҳам ҳамин нуктаро мехостам матраҳ кунам.
Имрӯз дар Тоҷикистон бештар хатари хуҷуми "фарҳанг"-и фолклорӣ ва қишлоқӣ вуҷуд дорад, на фарҳанги Ғарб. Тайи даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон равандҳои хатарнок идома доранд: лаҳҷаи деҳотӣ ҷойгузини забони адабии тоҷикӣ гаштааст, фалакхонӣ ҷои Шашмақомро гирифтааст, куртаи чакан ҷои атласро. Раҳбарияти кишвар қасдан ва ё ноогоҳона талош дорад фарҳанги қишлоқии як вилоятро ҳамчун фарҳанги миллати тоҷик муаррифӣ кунад.
Ба гумони ман, аз чунин "фарҳанг"-и қишлоқӣ дида тавсеаи фарҳанги Ғарб барои миллати точик боманфиаттар аст.
Бо камоли эҳтиром,
Сиёвуш
_______________________
Мо дарвоқеъ ҳадафи як ҳуҷуми фарҳангӣ қарор дорем, аммо на Ғарбию Шарқӣ, балки рустоӣ ё аниқтараш қишлоқӣ. Рафтору кирдори сатҳи русторо ба сатҳи ҳукумату давлат баровардаем ва мехоҳем, ҳамаи ин ба номи фарҳангу одоби миллӣ қабул шавад. Кӯшиш бар он аст, ки ҳамаи аносири маданияти қадимаи ШАҲРИИ тоҷикон нодида ва бегона шумурда шавад. Ҷомеаи нави Душанбе онро қабул надорад.
Толиби Ваҳдат
_____________________
Ба таври фишурда гуфтаниям, ки агар тоҷикон ҳарчӣ зудтар фарҳанги худро нашиносанд ва муайян накунанд, эҳтимоли на танҳо осеб дидан, балки фаромӯш шудани фарҳангу расму оини тоҷикон як хатари воқеист.
Ислом
______________________
Салом кормандони радиои Озодӣ ва ҳамаи фарҳангдӯстони тоҷик!
Фарҳанги ҳар миллат ҳувияти он миллат аст ва мутобиқи омилҳои зиёд, аз ҷумла таърихи гузашта, шароити иқлим, дин ва суннатҳо ташаккул меёбад.
Мо фарҳанги ғановатманди пешазисломӣ доштем. Баъд исломро пазируфтем, аммо онро ба одобу русуми худ мутобиқ сохтем на бо фарҳанги арабӣ.
Дар ду ҳамлаи муғул қабилаҳои он маҷбур шуданд, фарҳанги моро пазируфтанд ва ҳамин гуна туркҳо низ. Яъне на мо фарҳанги онҳоро пазируфтем, балки онҳо фарҳанги моро.
Баъдаш як марҳила бор русҳо будем, аммо боз ҳам кӯшидем, фарҳанги худро ҳифз кунем. Чун ниёгони мо миллатдӯст ва фарҳангдӯст буданд ва тавонистанд, мутобиқи замона фарҳангсозӣ кунанд ва дар муқобили фарҳангҳои дигар истанд.
Аммо имрӯз аз бетаваҷҷӯҳии донишмандон, фарҳангиён, раҳбарони давлату аҳзоби сиёсӣ ба ин масъала мо дигар тавони фарҳангсозӣ надорем ва ба осонӣ мавриди таҳоҷуми фарҳангӣ қарор дорем, ки зарараш аз спиду атом бадтар аст. Вале, дареғ, аксарият инро дарк намекунанд.
Агар имрӯз мо худ натавонем фарҳагсозӣ кунем, баъд аз 50 сол тоҷикро бояд дар китобҳои таърих ҷуст, он ҳам агар таърихнавис дошта бошем. Донишмандони мо бахше дар хидмати давлатдорон бахши дигар дар хидмати сарватмандон ҳастанд ва касе назарияи бархӯрд ба фарҳангҳои бегонаро омода намекунад, онгуна ки дар Ҷопон тавонистанд, ҳам арзишҳои ҷаҳониро бипазиранд ва ҳам фарҳанги худро ҳифз кунанд ва ҳам ба фанновариҳои пешрафта даст ёбанд.
Бо эҳтиром
Ҷамшед