Ворисони Монӣ ва Беҳзод

Коргардони барнома Салими Аюбзод Агар наққоширо бо адабиёти бадеӣ ё илм, ҳатто синамои тоҷик қиёс кунем, мебинем, ки рассомони мо хеле зудтар аз чормеху чорбанди замони гузашта раҳо шуданд ва аз он ҷо ки осори онҳо ба тарҷума ниёз надорад, машҳури олам шудаву марзҳои ин ҳунарро то бекаронаҳо вусъат доданд.
Дар сомонаи интернетии "Толори ҳунарҳои зебои Тоҷикистон" намунаҳои осори танҳо чанд рассоми тоҷик гузошта шудааст. Аммо кӯшиш бар он аст, ки равияҳои гуногуни ҳунари мусаввирони тоҷик муаррифӣ шаванд. Чунончи, рассомони калонсол монанди Сабзалии Шариф ё Анваршо Сайфиддинов дар заминаи сабки хоси худ ба ба мавзӯъ ва рангомезиҳои тоза даст зада, намояндагони насли ҷавон, ба монанди Шарифи Сулаймон ё Фаррух Ҳоҷаев аслан бо сабку шеваҳои комилан наву ғайриоддӣ ба саҳна омадаанд. Муҳимтарин нукта дар осори насли ҷавон ин аст, ки осори онҳо ҳам аз дарун миллист ва ҳам барои бинандаи байнулмилалӣ қобили фаҳм.
Осори Фаридуни Неъматзода, рассоми тоҷики муқими Амрико барандаи Ҷоизаи аввали анҷумани миллии наққошони ин кишвар шуд ва намоиши намунаҳои кори ӯ дар Осорхонаи Манҳеттену толори Созмони Милали Муттаҳид ва даҳҳо нигористони шӯҳратманди Амрико баргузор шуд.
Хориҷиёни зиёде менависанд, ки онҳо аз намунаи осори наққошони тоҷик ба важд омадаанд ва танҳо баъд аз ин ба омӯзиши маданияти ин мардум сар кардаанд. Стив Виллиямсон навиштааст: "Ман ҳатто намедонистам, ки Тоҷикистон дар куҷрое аз харитаи ҷаҳон ҷойгир аст. Ҳоло медонам, ки Исмоили Сомонӣ кӣ буд ва Тоҷмаҳалро кӣ сохтааст." Аммо ҳамнафаси ин лаҳзаҳои мо, Раҳматкарими Давлат мегӯяд, дар ҳоле ки хориҷиён ба Тоҷикистон ҳарчи бештару бештар ба воситаи осори наққошони тоҷик шавқу рағбат ва меҳру дилбастагӣ пайдо мекунанд ва ба ин васила мардумон ба ҳамдигар пайванд мегиранд, наздик мешаванд, санъати тасвирӣ дар Тоҷикистон соҳаест, ки чандон ба ёди кас намерасад.
Аммо дар мавриди намоиши осори рассомони тоҷик дар хориҷ аз кишвар, Фаридуни Неъматзода орзу дорад, ки чунин намоишро дар Иёлоти Муттаҳида ташкил кунад.
Вай мехоҳад, мардуми Амрико тоҷиконро бишносанд ва дарк кунанд. Вай бовар дорад, ки рӯзе як намоиши бузурги рассомони тоҷикро дар Амрико созмон хоҳад дод.

ШАҲРИ ҲАЙКАЛҲО

Хабари онки пайкарасози тоҷики муқими Порис Амрӣ Аминов барандаи ҷоизаи аврупоии Треббия шудааст, бешубҳа, ҳамаи моро шод гардонд. Амрӣ аввалин асарҳои худро дар Душанбе офарида буд ва аз бозёфтҳои таърихи бостонии тоҷикон илҳом мегирад. Нусхаҳое аз осори ӯ ҳар ҳуҷраи меҳмонсарои "Тоҷикистон"-ро оро медиҳанд ва аз тарафи меҳмонон намунаҳои ҳунари тоҷикон шумурда мешаванд.
Ҷаҳонгардоне ки меҳмони Душанбе мешаванд, аз тамошои шаҳр таассуроти гуногун ва фаровон мегиранд. Душанбегиҳое ки ба шаҳру кишварҳои дигари олам сафар кардаанд, ба зудӣ ақидаи худро дар бораи пойтахти Тоҷикистон тағйир медиҳанд.
Масалан, одат шудааст, ки Душанберо шаҳри боғҳову гулгаштҳо ва ё боғшаҳр, шаҳри сарсабз номид. Аммо онҳое ки масалан, чанд рӯзро дар Мюнхен, Вашингтон, Сиетл ва ё ҳатто Исломобод ба сар бурдаанд, медонанд, ки дар қиёс ба онҳо Душанберо мешавад, шаҳри бедарахт номид.
Вале як гуфтаи сайёҳони хориҷиро рад карда намешавад, ки Душанбе шаҳри ҳайкалҳост. Рӯдакӣ, Сино, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ, Айнӣ, Лоҳутӣ. Ва ҳоло қариб дар ҳар маркази ноҳия пайкарае барафрошта шудааст.
Ҳамнафаси кунунии мо Нилуфари Собир ақидаи сайёҳони хориҷиро бо шаҳрвандони кишвар мавриди баҳс қарор дод.

НАҚҚОШӢ ВА ИСЛОМ

Аммо оё бархӯрди мардуми Тоҷикистон ба ҳунари суратгарӣ, ки мероси Мониву Беҳзод шумурда мешавад, чигуна аст?
Дар бархе аз сӯҳбатҳо бархе аз ҷавонон рассомӣ ва пайкарасозиро кори начандон муҳим ва ҳатто то ҷое гуноҳ меноманд.
Сар аз фурӯафтонии ҳайкали Ленин дар маркази Душанбе, дар муносибат ба муҷассамаҳо низ як беэҳтиромӣ ба назар мерасад. Баъзан дар пояи онҳо навиштаҷоти таҳқиромез пайдо мешавад.
Тахмин меравад, ки бо нирӯ гирифтани ҳувияти мазҳабии мо, эҳтимоли тазоди афкори ҷамъиятӣ ва ҳунарҳои тасвирӣ пеш хоҳад омад. Оё ин тур аст?
Гузориши ҳамнафаси навбатии мо Абдураҳими Умарзодро дар ин бора дар гӯшаи "Мазҳаб ва мудоро" хоҳед хонд.

ФАРМОИШИ ВИЖА

Агар рассомони тоҷик дар худи Тоҷикистон бепарастору бехаридору бемуштарӣ монанд, дигарон дар Порису Ню Йорк онҳоро ба канор хоҳанд гирифт. Зеро мусаввирони тоҷик, ки эҷодиёти онҳо ба тарҷума ниёз надорад, тавонистанд, худро берун аз Тоҷикистон ба хубӣ муаррифӣ кунанд ва шабакаи интернету афзойиши рафтуомадҳо дурахши ҳунари онҳоро афзунтар хоҳанд кард. Агар миллат ба онҳо фармоише надорад, дигарон доранд, монанди ин ки зани сарватманде ба Фаридуни Неъматзода, ҳанӯз дар аввалин соли зиндагияш дар Амрико, чунин дархостро пешниҳод кард. Вай хост, рассоми тоҷик, ки аз мулки дигар аст ва нигораҳои ғайриоддӣ меофарад, нақше кашад, ки дар он рӯҳу равони амрикоиён аз чашми мусаввири тоҷик падидор бошад.