Дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа баъд аз нокомӣ дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод, ки дар шаҳри Маскав ҷараён дорад, ба Душанбе баргашт. Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар ҳар се бозии худ аз дастаҳои «Нефтчӣ»-и Боку бо натиҷаи 0 бар 3, «Оқтеппа»-и Актюбинск бо натиҷаи 0 бар 1 ва «Металлург»-и Лиепая бо натиҷаи 1 бар 2 шикаст хӯрд ва дар гурӯҳи «В» дар мақоми охирин қарор гирифт. Исроил Шарифов, раҳбари дастаи «Вахш» дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба иллати камбуди маблағ, даста имкон надошт, ки ба Маскав ақаллан ду-се рӯз пеш сафар карда, бо тимҳои дигар бозиҳои санҷишӣ анҷом бидиҳад. Вай гуфт: «Бозигарони мо дар ҳарсе дидор кӯшиши зиёд ба харҷ доданд, вале аз имконоти хуби голзанӣ истифода карда натавонистанд.»
Ҳамсӯҳбати дигари мо Дамир Камолиддинов, мутахассиси варзидаи соҳа бар ин назар аст, ки «Вахш» ба Ҷоми Иттиҳод хуб омодагӣ нагирифтааст. Вай мегӯяд: «Мо аз бозигарони пуртаҷрибае, ки барои мустаҳкам кардани даста ба ҳайати «Вахш» даъват шудаанд, бозии хубу пурсамар ва натоиҷи баландро интизор будем.»
Ва аммо Зоир Бобоев, мураббии маъруфи футболи тоҷик натоиҷи ба даст овардаи тими «Вахш»-ро дар Ҷоми Иттиҳод қаноатбахш арзёбӣ карда, мегӯяд: «Дар дастаи «Вахш» аслан бозигарони ҷавон ҳунарнамоӣ карданд ва дар Ҷоми Иттиҳод таҷоруби бозии байналмилалӣ касб карданд. Бовар дорам, дар сурати сармоягузории кофӣ минбаъд натоиҷи назаррас ба даст меоранд.»
Нокомии дастаи қаҳрамони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод собит кард, ки футболи тоҷик ҳанӯз ҳам дар вазъи ногувору сатҳи поин қарор дорад.