«Намегӯянд, намегӯянд охир, ки писарам дар куҷо ҳаст, қоил намешаванд, то ман равам бинамаш.»
Ин ҳарфҳои ҷонсӯзи Муҳаббат Қасирова, модари яке аз тифлони парваришгоҳи кӯдакони маъюб ва камрушд мавсум ба «Чорбоғ» аст, ки бо гузашти ду шаб аз сӯхтори ин мактаб - интернат ҳанӯз ҳам аз тақдири фарзандаш хабаре надорад. Шокири ҳаштсолаи ин зан бо иллати бемории рӯҳӣ дар қатори дигар кӯдакон дар парваришгоҳи «Чорбоғ» тарбия мегирифтааст. Аммо баъд аз ҳодисаи сӯхтори парваришгоҳ Муҳаббат фарзандашро дар миёни кӯдакони зинда пайдо накардааст.
«Нест мегӯянд дар рӯйхати ҳалокшудаҳо, қоил намешаванд, баъд мебарем нишон медиҳем мегӯянд. Нишон диҳанд охир бачаамро, охир хона бубарамаш.»
Муҳаббат бори охир фарзандашро се моҳ пеш дидааст ва дигар имкони ба хабаргирии ӯ омаданро наёфтааст. Имрӯз мегиряду аз он пушаймон аст, ки чаро фарзандашро ба парваришгоҳ супурдааст. Муҳаббат тахмин мезанад, ки фарзандаш дар қатори 13 тифли дигар, ки дар коми оташ нобуд шудааст, вале масъулину мураббиён ин хабарро аз ӯ ҳоло пинҳон медоранд.
Имрӯз наздикону пайвандони 13 тифли дигари ҳалокшуда ҳам ҳоли ин модарро доранд. Онҳо бо гиряву нола ҷасади фарзандонашонро суроғ мекунанд.
Падари Меҳрдоди Абдусаттори 14 - сола, таи ин 2 рӯз бо фарзандаш дар беморхонаи табобати пӯст қарор дорад.
«Дар ҷои кор будам, ки хабар доданд, ки дар парваришгоҳи «Чорбоғ» 13 нафар ҳалок шудаанд. Биё писари ту ҳам сахт захмӣ шудааст. Баъд расида омадам.»
Баъд аз сӯхтори шаби ҳаштуми январ дар парваришгоҳи «Чорбоғ», 77 кӯдаки маълули дигар, ки ҷон ба саломат бурданд, ба парваришгоҳи маълулон воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдуллоев интиқол дода шуданд. Ба хабаргирии онҳо рафтам. Умед, яке аз ин тифлон, шаби ҳавлнокеро, ки бинои парваришгоҳ дар коми оташ месӯхт, ёдовар мешавад ва мегӯяд, он лаҳзаеро, ки ҳамсолонаш ва дӯстонаш талош мекарданд, ки аз забонаи оташ худро берун кашанд, аммо бар асари маълулии бадан наметавонистанд, халос шаванд, бо чашмонаш медид ва садои гиряву фиғони имдодталабонаи ин кӯдаконро мешунид:
«Мо дигар намехоҳем алова бинем. Оташ баланд шуд, чор бача мурд. Ҳама тарсидем мо ва давида берун баромадем, бо кӯдако ва нянкаҳомон»
Саидмоҳ Шукурова, яке аз мураббиёни парваришгоҳи «Чорбоғ» ҳам он шаби ба гуфтаи худаш шумро ёдовар шуда мегӯяд:
«Соат аз 12 гузашта буд, нишаста будам, ки садо баланд шуд, берун баромадам, ки оташ баланд шудааст ва тирезара шикаста кӯдакора саломат берун кардем. Бурдем дар роҳ мондем. Баъд мошини оташфишонӣ омад. Дар пеши чашми ман 9 кӯдаки сӯхтаро берун оварданд, дидам сип- сиёҳи хурдакак шудагӣ. Дидам дигар... (гиря мекунад)»
Саидмоҳ мураббиёни ҷавони парваришгоҳро сарзаниш карда мегӯяд, агар онҳо каме боэҳтиёт мебуданд ва чунин бепарвоӣ зоҳир намекарданд, шояд...
« Дар назди он кӯдакҳо 2 мураббӣ бояд мебуд. Аммо онҳо дар ҷои худ набуданд. Агар мураббӣ ҳамон ҷо мешуд кӯдакора берун карда метавонистанд. Баъд яктоашро дида гуфтам куҷо будӣ? Чаро ба кӯдакон кумак накардӣ? Духтари ҷавон буд вай, гуфт ман дар саршуйӣ будам. Аз чӣ пожар шуд, гуфта дод задам? Гуфт, аз батареи гармидиҳӣ.»
Аммо сокинони хонаҳои маҳал мегӯянд, агар хадамоти сӯхторнишонӣ ва наҷот сари вақт дар ҷои ҳодиса ҳозир мешуданд, имкони наҷоти кўдакон вуҷуд дошт. Онҳо мегӯянд, хадамоти сӯхторхомӯшкун танҳо баъд аз яку ним соати даъват шудан ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, ки дар он вақт аллакай кӯдакону наврасони маълул бо кӯмаки сокинон аз бино берун бурда шуда буданд. Дар ҳоле, ки маркази сӯхторнишонӣ дар фосилаи камтар аз як километр аз парваришгоҳ қарор дорад. Ҳамсояҳои парваришгоҳ, ки он шаб танҳо наҷотдиҳандаҳои кӯдакони маълул будаанд, мегӯянд:
«Аз тирезаи хонаам нигоҳ кардам, ки бино сӯхта истодааст. Телефон кардам пожарникода, дер омадан, бо омадан обшон тамом шуд, гашта рафтанд барои об. Барвақт меомаданд агар ин хел намесӯхт.»
«Кӯдакҳо ҳамаш гиряву тарсу ваҳмида буданд. Нимша ин хона дароварданд. Нисфи дигараша ба истгоҳ баровардему қисмати дигарро ба палатаҳои дигар даровардем.»
«Кӯдакҳо аз тарса ба ҷои он ки аз оташ гурезанд, баръакс ба сӯи оташ медавиданд. Вақте расидам ман расида омадам кӯдакои палатаи 1 аллакай сӯхта буданд ва танҳо садои доду вой ва гиряи онҳо ба гӯшамон мерасид.»
Аммо ба таври дақиқ сабаби ин сӯхтор то ҳол номӯайян аст. Вале ба гуфти Соҳиб Зубайдуллоев, сардори раёсати оташнишонӣ яке аз фарзияҳои аслии ба вуқӯъ пайвастани сӯхтор ба ҳам расидани симҳои барқ дар ошхонаи парваришгоҳ будааст.
Президент Раҳмонов дар як ҷаласаи изтирорӣ аз вазоратҳои зидахл тақозо кард, ки ба зудтарин фурсат сабабҳои оташсӯзӣ ва омилони онро мушаххас намуда, ҷазо диҳанд. Дар ин ҷаласа ба Хайринисо Мавлонова - муовини сарвазир, ва Зокир Вазиров - вазири ҳифзи иҷтимоӣ ва Бобохон Маҳмадов - масъули бахши иҷтимоиёти дастгоҳи президент барои беаҳамиятӣ ва сари вақт ислоҳ накардани шароити парваришгоҳ огоҳӣ дода шуд.
Ҳамчунин, бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон як ситоди фаврӣ барои таъмини кӯдакони наҷотёфта бо либос ва ғизо таъсис ёфт. Ва аммо тифлон, ки ба парваришгоҳи кӯчаи Ҳувайдуллоев мунтақил шудаанд, дар сӯҳбат бо ман аз макони зисти нави худ изҳори хушнудӣ мекарданд. Онҳо мегӯянд, дар ин ҷо ба аёдати онҳо одамони зиёд меоянд ва барояшон таомҳои болаззат меоранд.
«Мада ин ҷо маъқул шуд, бозичаи бисёр дорем, бозӣ мекунам бо авқотҳои бомазза доранд. Ҳама моро хабар мегиранд. Уҷа безеб буд.»
Ман, чанд рӯзе қабл, дар арафаи соли нав ба парваришгоҳи оташзада рафта ва бо ин кӯдакони маълул сӯҳбате дошта будам. Ва ин навбат ҳам бо дидани ман ин атфол маро назди худ хондаву мепурсиданд, ки оё бароям ягон шеъри соли қироат бикунанд ба мисли дафъаи гузашта ё на?
«Апа, биё ман соли нава хонам?
Соли нав омад,
Шоду ғазалхон.
Табрик созем,
Онро рафиқон»
Нилуфар, тарбиятгирандаи дигари "Чорбоғ", ки Радиои Озодӣ дар борааш гузориш карда буд, аз оташ наҷот ёфтааст.