Кобул Кохи Доруламон дар яке аз баландиҳои ғарби Кобул 80 сол ба ин сӯ побарҷост. Аммо ин "Хонаи амн"-и зимомдорони Афғонистон, ки ҳоло ба мисли лонаи чуғз як вайронае беш нест, шоҳиди бозиҳо ва дасисаҳои хунини аср буд.
Бо ин зинаҳои замоне мармарӣ эъморгари ин қаср Амонуллохон аз шӯришиёни Ҳабибуллохони Ғозӣ, маъруф ба Бачаи Сақо ба сафорати Шӯравӣ фирор мекарду, ба таъйиди манбаъҳои таърих, аз ҷайбаш ҷавоҳир ба замин мерехт. Ва сари ҳамон Бачаи Сақо, ки ба ҷои гулҳои қаср фармуда буд, шалғам кишт кунанд, пойандози саманди сафеди Нодирхон дар даромадгоҳи ҳамин кох шуд. Ва ба амри тақдир писари ҳамон Нодирхон - Зоҳиршоҳ аз зинаҳои ҳамин қаср ба қасди Рум поён шуду дигар барнагашт. Ҳукумати ӯро амакбачааш Довуд ғасб кард. Довудро ҳам коммунист Нурмуҳаммад Таракӣ ба қатл расонид ва худ низ аз дасти Ҳафизулло Амин бо болишт кушта шуд. Аммо силсилаи табадуллоти хунин дар Афғонистон ба итмом нарасид.
27 декабри соли 1979 Ҳафизулло Амин аз сӯи хадамоти амниятии Иттиҳоди Шӯравӣ ба қатл расид.
Бурҳонуддини Раббонӣ, он замон узви Наҳзати исломии Афғонистон, хизби ягонаи исломиёни кишвар баъди тақкиб аз сӯи ҳукумати Довуд тарки ватан карда, дар Покистон ба сар мебурд. Оқои Раббонӣ Амин ва куштори ӯро ин гуна арзёбӣ кард: "Хабарҳоро аз радио шунидам, ки Амин кушта шуд. Ӯ яке аз зимомдорони золим ва ҷинояткор дар кишвари мо буд, ки боиси куштори мардуми зиёд шуда буд. Ҳарчанд ин коре буд, ки ба дасти хориҷиён нисбати як афғон шуд, боз ҳам мардум шод гашт, ки чунин шахси қотил ба сазои худ расид."
Оқои Раббонӣ аз соли 1992 то соли 2001 расман раисҷумхури Давлати исломии Афғонистон буд. Аммо 27 декабри соли 1979 оғози вуруди нирӯҳои шурави ба хоки Афгонистон ва минбаъд гоми ҷиддие дар фурӯпошии шӯравӣ гашт.
Муҳаммад Иброҳим Қосимӣ, намояндаи мардумии Афғонистон шоҳиди он рӯз ин гуна қисса кард: "Дар ҳамон рӯз ман дарс мехондам, донишҷӯ будам ва шаб ба имтиҳон омода мешудам, тамоми шаб садои ҳавопаймоҳро шунидам ва инфиҷорҳо дар Доруламон."
Вуруди нирӯҳои шӯравӣ бар асоси моддаи 4-и Созишномаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон, ки соли 1978 имзо шуда буд, ҳамчунин ба истинод ба моддаи 51-и Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт. Дар айни ҳол, дар ҷаласаи вижаи Шӯрои амнияти СММ 14 январи соли 1980 ин амали шӯравӣ мавриди интиқод қарор гирифта, дар Маҷмаъи умумӣ 194 кишвар баровардани нирӯҳои шӯравиро аз хоки Афғонистон талаб кард.
Абураб Расули Сайёф, узви Наҳзати исломии Афғонистон, ки қаробати хунӣ ва мухолифати ақидатӣ бо Ҳафизулло Амин дошт, дар зиндони Пули Чархӣ ба сар мебурд. Ӯ вуруди нирӯҳои шӯравӣ ба Афғонистонро таҷовуз хонд. Сайёф баъди вуруди нирухои шурави ба Афғонистон аз суйи ҳукумати Бабрак Кормал аз зиндон раҳо шуд ва рӯ ба Покистон овард. Соли 1992 ба Кобул минҳайси сарвари Ҳизби иттиҳоди исломии Афғонистон, яке аз чеҳраҳои саршиноси ҷиҳоди кишвар ворид шуд ва ҳоло намояндаи мардум дар парлумон аст.
Дар Покистон муҷоҳидини Афғонистон, ки ба як ҳизб - Наҳзати исломии Афғонистон тааллуқ доштанд, ба ду ҳизб - Ҷамъияти исломии таҳти сарварии Бурҳонуддини Раббонӣ ва Ҳизби исломи таҳти сарварии Гулбуддини Ҳикматёр тақсим шуданд. Иттиҳоди исломии Сайёф мебоист ин ду ҳизбро ба ҳам созиш диҳад, аммо то ба имрӯз ин созиш ба вуҷуд наомад.
Холид Форуқӣ, баъд аз инқилоби Савр мардуми вулусволии Зивори Пактикоро ба ҷиҳод даъват кард ва дар пайгарди қавонини даврони коммунистӣ ҳарор гирифт. Форуқӣ ба Афғонистон минҳайси муовини Ҳизби исломии Ҳикматёр ворид шуд. Алъон аз ҷумлаи сарварони ҳизб дар Афғонистон аст, ки бо ҳукумати Ҳомид Карзай созиш кардааст ва сарварии Ҳикматёрро эътироф намекунад.
Нурулҳақи Улумӣ, яке аз чехрахои саршиноси коммунистони Афғонистон 27 декабр ба ҷурми носозӣ бо ҳукумат дар зиндони Амин буд ва 28 декабр аз зиндон раҳо шуд.
Вай то охирин рӯзҳои ҳузури артиши шӯравӣ дар вилояти Қандаҳор сарварии кушунҳои ҳукуматиро бар ӯҳда дошт ва баробари ба қудрат расидани муҷоҳидин ба хориҷа фирор кард ва ҳоло низ узви парлумони Афғонистон аст.
Нирӯҳои шӯравӣ аз моҳи майи соли 1988 бар асоси созишнома миёни Афғонистон, Покистон, Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА маҷбур ба тарки Афғонистон шуданд. Ҳузури низомии шӯравӣ дар Афғонистон ин кишварро ба фоҷиаҳои бузурги инсониву иқтисодӣ овард. 4 млн сокини кишвар ба Покистон, 2 млн ба Эрон гуреза шуданд. Ҳудуди 2 млн деҳқон маскуни Кобул шуд. Ҳудуди 2 млн нафар кушта, 2 млн дигар захмиву маъюб гардиданд. Дар муддати 10 сол Иттиҳоди Шурави дар Афғонистон наздик ба 15 ҳазор сарбозро аз даст дод ва 50 ҳазор сарбоз захмӣ шуда, 7 ҳазор нафар якумра маъюб гаштанд.
Дар ин ҷанг ҳудуди миллион сокини Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат кард.
Нихоят, соли 1991 баъди се соли хуруҷ аз Афғонистон Иттиҳоди Шуравӣ ҳам пошид.
Кохи Доруламон, ки бар асари ҷангҳое, ки ширкатдоронаш коммунистон, шӯравиҳо, муҷоҳидин, Толибону Ал-Қойидаву дигарон буданд, валангор шудааст, қарор аст ба 25 миллион доллар тармим гардад ва ба бинои парлумони Афғонистон табдил ёбад.