Тибқи омори Бунёди ҳимоят аз атфоли Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) танҳо дар 2 бозори шаҳри Душанбе зиёда аз 400 наврасу кӯдакон ба мошиншӯӣ ва боркашӣ машғул будаанд, аммо маълумоти дақиқ дар мавриди кори иҷбории кӯдакони тоҷик дар хонаву бозорҳо дар соли 2005 ва теъдоди чунин атфол ҳоло дақиқ муайян нашудааст ва UNICEF бо дигар муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ доир ба вазъи чунин кудакон, хушунат нисбат ба онҳо таҳқиқотро идома медиҳад.
Вале тибқи гузориши UNICEF солҳои 1999 то 2004 дар бозори кори Тоҷикистон 18 дар сад кӯдакони синни 5 то 14-сола ба кор ҷалб шудаанд. Аз ин теъдод 19 дар сад писарҳову 17 дар сад духтарҳо будаанд. Ба тавзеҳи UNICEF, зимни таҳқиқот ин нукта ба эътибор гирифта шудааст, ки тифли наврас ҳафтае то 14 соат бо фаъолияти иқтисодӣ ва то 42 соат бо кори хона машғул будааст.
Ба гуфтаи созмон хушунат нисбат ба кӯдакон имрӯз мушкилест аввалиндараҷа ва бояд роҳи ҳалли онро дарёфт. Ин ҳама дар гузориши тозаи Бунёди ҳимоят аз атфоли Созмони Милали Муттаҳид, зикр шудааст, ки имрӯз дар Душанбе муаррифӣ кард. Гуфта шуд, ин созмон тайи як соли ахир фаъолияту барномаҳои худро бештар ба мубориза бо хушунат нисбат ба кӯдакон равона кардааст.
Нилуфари Пурзан - ҳамоҳангсози барномаҳои UNICEF дар Тоҷикистон мегӯяд: «Огоҳӣ дар байни мардум, хонаводаҳо кам аст. Баъзе падару модарон фикр мекунанд, ки задани фарзандонашон кори хубе аст дар тарбияи фарзандонашон, аммо ин баръакс таъсири манфӣ мерасонад ба тарбияи кӯдак. Мо дар ин маврид кори бештаре хоҳем кард, ки ҳам огоҳии мардумро боло бибарем ва ҳам иттилои бештаре дар ихтиёрӣ кормандони ҳукуматӣ бигзорем, то битавонад аз ин падида пешгирӣ намоянд. »
UNICEF мегӯяд, тайи солҳои 2000-2004 куллан 95 дар сади кӯдакони Тоҷикистон бо таҳсили ибтидоӣ фаро гирифта шуданд ва аммо танҳо 83 дар сади онҳо баъдан таҳсилро дар мактаби миёна идома додаанд. Дар ин байн, теъдоди духтарони аз таҳсилмонда, бештар аз писарон будааст. Гавҳарбону Шарофова корманди вазорати маориф мегӯяд:
«UNICEF дар лаҳзаҳои бисёр мушкил ба мо ёрӣ расонид ва имрӯз бо кӯшиши онҳо беш аз 1500 ҳазор хонандаи тоҷик боз ба синфхонаҳои худ баргардонида шудаанд.»
Ба гуфтаи Нилуфари Пурзан барои амалӣ сохтани ҳамаи барномаҳои UNICEF тайи сол беш аз 3 миллион доллар ҷудо шуда буд, ки 25 дар сади он танҳо барои мубориза бо хушунату зӯроварӣ ва ҳамчунин ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон масраф шуд.