Роҳхати нахустин ба Турин

ДРИГИН БА ТУРИН

Андрей Дригин, варзишгари Тоҷикистон дар лижаронии кӯҳӣ барои ширкат дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2006 дар Турин роҳ ёфт. Дар ин бора Фарид Солеҳов, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи дуввуми декабр ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ гуфт, Андрей Дригин имсол дар ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Швейтсария ва Австрия натоиҷи хуб ба даст оварда, меъёри олимпиро иҷро кард ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Турин гардид. Воқиан, ӯ бори дуввум ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ комёб шуд. Вай соли 2002-ум ҳамроҳи варзишгари тоҷик Шамсулло Зокиров дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Солт-Лейк-Ситии Амрико иштирок кардааст. Ба гуфтаи Фарид Солеҳов дар ҳамин ҳол Андрей Дригин дар шаҳри Саяногорски Русия тамрин карда, ба Олимпиадаи зимистона, ки аз 10 то 27 феврали соли 2006 дар шаҳри Турини Италия доир мешавад, омодагӣ мебинад.

«ВАВИЛОН» - ҚАҲРАМОН

Дастаи «Вавилон»-и Душанбе қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футзол дар соли 2005 гардид. Ин даста дар бозии ниҳоӣ, ки дар толори бозиҳои дастии пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, бар тими «Индиго»-и Душанбе бо натиҷаи 7 бар 4 ғалаба кард ва бо медалҳои тиллои мусобиқот сарфароз гашт. Дастаи «Индиго» бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Боз ду дастаи шаҳри Душанбе барои дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқот талош карданд. «Телеком Текнолоҷи», ки бар ХИМА бо ҳисоби 14 бар 9 ғолиб омад, мақоми севумро соҳиб гашт. Воқиан бозигари «Телеком Текнолоҷи» Шерзод Ҷумъаев, ки ба дарвозаи ҳарифонаш 72 тӯб задааст, беҳтарин нишонзани мусобиқот гардид. Ҳамчунин Миралӣ Шарифов аз дастаи ХИМА беҳтарин дарвозабон, Абдумавлон Шокиров аз тими «Индиго» беҳтарин ҳимоятгар ва Хуршед Маҳмудов аз дастаи «Вавилон» беҳтарин ҳамлагар дониста шуданд.