Воқеан ҳам ин барои аксарият ғайричашмдошт аст, зеро тайи чанд соли ахир ва ё дур намеравем, соле қабл дар толорҳои бузурги китобхона танҳо 2 ё 3 нафарро дидан мумкин буд, ки ба мутолиаи китоб машғуланд.
Аммо имрӯз ҳатто аксари муҳассилин аз он шиква менамоянд, ки дар китобхона барои дарёфти маводи лозимаву, ҷойи мутолиа навбат меистанд. Шариф Тошев - раиси китобхонаи миллии Тоҷикистон мегӯяд, ба вижа соли таҳсили 2005 муштариёни китобхонаи онҳо рӯз то рӯз меафзояд.
Вай афзуд, шумори муштариён танҳо дар 2 моҳи ахир нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 3 маротиба зиёд шудааст: «Агар моҳи октябри соли 2004 теъдоди хонандаҳо дар давоми як моҳ 8.858 нафар бошанд, октябри соли 2005-ум ин миқдор ба 19.357 нафар расидааст.»
Кормандони китобхона, ки баъзан бо муштариён сӯҳбат мекунанд, мегӯянд, имрӯзҳо ҷавонон мутолиа ва истифодаи китобро барои худ зарур медонанд. Омили дигар, тибқи пажӯҳиши китобхона талабот аз ҷониби омӯзгорон ва донишгоҳ будааст. Аммо ҷаноби Тошев омили аслии зиёд шудани ҳаводорони китобро, дар афзоиши феҳрасти адабиёти ин китобхона мебинад. Тайи 2 соли ахир ба китобхонаи миллӣ беш аз 10 ҳазор китоб ворид шудааст ва дар маҷмӯъ имрӯз китобхона дорои 3,5 миллион адабиёт аст.
Шариф Тошев раҳбари китобхона меафзояд: «Китобҳои тозанашре, ки дар Русия ба табъ расида буданд, ба китобхонаи мо ворид шуданд. Ҳамчунин мо аз моҳи апрели соли 2000-ум китобхонаи моделӣ таъсис додем, ки ҳадафи асосии он бо дастовардҳои навинӣ соҳаи китобдорӣ пешкаш намудани хизматрасонӣ мебошад.»
Аммо оё воқеан ҳам муштариён ҳама китобҳои лозимаи худро дарёфт карда метавонанд ва ё дигар шароитҳои китобхона онҳоро қонеъ мегардонад:
«Баъзан мешавад, ки китобҳои лозимаро намеёбем. Масалан китобҳои фанҳои дақиқ камтаранд.»
Шикояти муштарии дигар Маҳбуба аз шароити китобхона аст: "Китобхона дар зимистон сард аст, барои ҳамин хонандаҳо кам меоянд. Ҷаноби Шоев раҳбари китобхона мегӯяд, имсол шароити китобхона аз ҷиҳати моддӣ ҳам беҳтар гаштааст, аммо бо вуҷуди ин мушкилиҳо кам нестанд."
Як мушкили китобхонаро худи хонандаҳо эҷод мекунанд мегӯяд Лариса Дубинова корманди китобхона:
«Хонандагон китобҳоро медузданд, медаронанд, ва ё китобро пур аз суханҳои қабеҳ мекунанд. Баъзан мешавад, ки дар як рӯз 3 то зиёд китоб медузданд.»
Бо шурӯъи мавсими сессияи зимистона ҳам дар донишгоҳҳо рӯзҳои башумор мондааст ва талабот ба китоб дар китобхонаҳо боз ҳам зиёд мегардад, аммо оё сардии золи китобхонаҳо хонандагонро берун намекарда бошад, ин суол феълан бепосух мемонад.