Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷумла дар Тоҷикистон сӯҳбатҳо дар бораи Спид фақат дар охири солҳои ҳаштодум шурӯъ шуданд.
Бар пояи иттилои расмӣ соли 1991 дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамагӣ як мубталои бемории Спид ба қайд гирифта шуда буд.
Соли 2005-ум ин рақам ба 385 нафар расид ва он ҳам дақиқ нест. Зеро ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ нагузаштаанду, касе мӯҳтавои хуни онҳоро тафтиш накардааст.
Барои танзими роҳи дурусти мубориза бо тавсеаи Спид аз аввал бояд муайян кард, ки дар Тоҷикистон хатари сирояти Эйч ай Вӣ ва Спид аз куҷо меояд?
Матлуба Деҳқонова:
"Дар Тоҷикистон вируси Эйч Ай Вӣ (HIV) асосан ба воситаи сӯзандору тавсеа меёбад. Аз ин рӯ зарур аст, ки хатари истеъмоли маводи муххадир, яъне истеъмоли маводи мухаддир ба воситаи сӯзандору коҳиш ёбад. "
Дар баъзе расонаҳои Тоҷикистон муҳоҷирони кории ин ҷумҳурӣ манбаи асосии сирояти вируси Эйч ай Вӣ ва дигар бемориҳои гузаранда номида шудаанд. Оё Шумо ин фикрро дастгирӣ мекунед?
Матлуба Деҳқонова:
" Ман бо ин фикр мувофиқ нестам, ки муҳоҷирон манбаи асосии ангезаи Эйч ай вӣ (HIV) мебошанд. Ин ақида ғалат аст. Феълан дар Тоҷикистон 385 ҳодисаи сирояти Эйч Ай Вӣ (HIV) тасдиқ шудааст. Наметавон гуфт, ки ин рақам дар дар сад дақиқ аст, зеро ҳар рӯз шумораи мардуми мубталои ангезаи Эйч Ай Вӣ имкони афзоиш дорад.Ба ҳар ҳол аз байни 385 шахси олудаи ин вирус ҳаштод дар сад нашъамандоне мебошанд, ки маводи мухаддирро тавассути сӯзандору истеъмол мекунанд. Имсол дар ҷисми нӯҳ муҳоҷир ангезаи Эйч ай Вӣ ташхис шуд. Хулоса, чунин тамоюл вуҷуд дорад, вале наметавон гуфт, ки муҳоҷирон манбаи асосии сирояти ин вирус мебошанд. "
Шумо дар ин бора чӣ мегӯед:
Зебо Ҷалилова:
" Ба фикрам муҳоҷирон ва занони танфурӯш гурӯҳи зарбапазир ба ҳисоб мераванд, вале онҳоро яксон манбаи сирояти Спид- Вич эълон кардан кори нодуруст аст. Чаро онҳо зери хатар мебошанд, чунки ба ваҷҳи умум муҳоҷирон ҷавононе мебошанд, ки ба қадри кофӣ аз роҳҳои ҷилавгирии сирояти Эйч Ай Вӣ ва Спид хабардор нестанд. Онҳо дар шароити фишори асабонии ҳаёт дар хориҷ аз ватан буда, баъзан имкон надоранд, ки дар бораи роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин вабои аср иттилои зарурӣ дастрас намоянд. Ҳамин суханронро метавон дар бораи қурбониҳои қочоқи инсон ва заноне гуфт, ки барои рӯзгузаронӣ ба танфурӯшӣ даст задаанд. "
Дар як сӯҳбати телефонӣ бо шаҳри Самараи Русия аз раиси ҷамоаи тоҷикони ин минтақа Мусайяб Узбаков пусидем, ки оё касе аз саломатии муҳоҷирони тоҷикистонӣ хабардор ҳаст?
"Ҷамоаҳои муҳоҷирон имкон надоранд, ки ҳамаи муҳоҷиронро аз ин хатар огаҳ намоянд. Агар касе аз муҳоҷирон ба чунин муолиҷа эҳтиёҷ дошта бошад, ӯ метавонад бар пояи эълонҳои мавҷуд дар воситаҳои ахбори умум ба марказҳои муолиҷаи Спид муроҷиат кунад. Феълан муҳоҷирон ҳангоми вуруд ба Русия бояд тасдиқи тафтиши хунашро дошта бошанд. Мақомоти Русия муҳоҷирони олуда бо ангезаи Вич-Спидро ба қаламрави ин кишварро роҳ намедиҳанд. Ман фикр мекунам, ки мақомоти Тоҷикистон ҳам бояд чунин таҷрибаро ҷорӣ намоянд, то баъзе муҳоҷирон аъзои оилаашонро на танҳо бо Спид, балки дигар бемориҳои ҷимоъӣ низ олуда накунанд. "
Ҳамсӯҳбатамон зарурати тафтиши хуни ҳамаи муҳоҷиронро дар миён гузошт. Ҳам ҳангоми сафар ба хориҷа ва ҳам ҳангоми бозашти онҳо ба ватан.
Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?
Матлуба Деҳқонова :
"Маркази ҷилавгирӣ аз Спид дар вилояти Суғд ба ҳар муҳоҷир имкони муоинаи хунро фароҳам меорад. Вале ин муоина ҳатмӣ нест. Фақат он муҳоҷироне, ки ба Русия сафар мекунанд, маҷбуранд, ки қабл аз сафар хунашонро тафтиш намоянд. Аммо ин тақозо аз мо нест. Мақомоти муҳоҷирати Русия аз ҳар муҳоҷири воридшаванда натиҷаи тафтиши хунро талаб мекунанд."
Мардум аз озмоиши хун ва худо нахоҳад, ифшои ангезаи Эйч Ай Вӣ дар ҷисмашон каме тарс доранд. Худи бемориву гирифтори як бало бошад, балои дигар аксуламали пешбининашавандаи ҷомеа ба ин мардум аст.
Ҳатто дар кишварҳои аврупоӣ шахсонеро дидан мумкин аст, ки ба мардуми гирифтор бо нафрат менигаранд ва онҳоро табйиз мекунанд.
Аз ин рӯ, дар байни муҳоҷирони тоҷик ҳам таваҷҷӯҳ ба муоинаи хун зиёд нест.
Оё Шумо аз ин нигарониҳо огаҳӣ доред?
Оё дар маркази мубориза бо Спид дар шаҳри Хуҷанд имкони муоинаи ниҳонӣ вуҷуд дорад?
Матлуба Деҳқонова:
"Дар вилояти мо имкон дорад, ки ташхису муоинаи мардум тариқи мустаъор сурат гирад. Дар оғоз машварати пеш аз тафтиш доир мегардад. Дар ин машварат инсон метавонад аз ифшои ном худдорӣ карда, барои худ тахаллусе интихоб намояд. Баъди муоинаи хун натиҷаи манфӣ ҳамон лаҳза эълон мешаванд. Манфӣ ба ин манзур, ки дар ҷисм ангезаи Эйч Ай Вӣ мушоҳида намешавад. Дар ҳоле ки натиҷаи тафтиши хун мусбат бошад, мо бо ин шахс дубора машварат мекунем ва бо иҷозати ӯ намунаи хунашро барои ташхис дар таҷҳизоти дақиқ ба шаҳри душанбе мефиристем. Ташхис дар Душанбе ду ҳафтаро дар бар мегирад. Ба истиснои як табибе, ки дар утоқ нишасттаст, ягон каси дигар маълумот надорад, ки ин намунаи хун аз они кист.
Хотирнишон мекунам, ки мо ҳуҷҷат имзо карда, ӯҳдадор шудаем, ки аз додани маълумот дар бораи мардуми сироятшуда худддорӣ кунем. ин кор ҷавобгарӣ дорад. Агар худи ин шахс хоҳад, ки наздиконашро аз сирояти Эйч Ай Вӣ огаҳ кунад, ӯ ин корро худаш мекунад. Агар нахоҳад ки ҳатто наздиконаш огаҳ бошанд, мо ҳатто хешу ақрабояшро аз вазъи саломатии ӯ огаҳ намекунем."
Бемории спид ва сирояти Эйч Ай Вӣ барои шахс на танҳо зарбаи рӯҳӣ, балки зарбаи бузурги молӣ низ дар пай дорад. Қимати табобати мардуми мубталои ангезаи Эйч Ай Вӣ хеле баланд аст. Мардуми оддии Тоҷикистон эҳтимол қудрати харидории онро надошта бошад. Бо кумаки созмонҳои байналмилалӣ дар кишварҳое ба монанди Африқои Ҷанубӣ доруву дармон бо нархи махсус тақдим мешавад. Оё дар Тоҷикистон ҳам созмонҳои байналмилалӣ ба вижа Хазинаи Глобалии мубориза бо Спид, сил ва вараҷа барномае мавриди назар доранд?
Зебо Ҷалилова:
"Дар қисмати чоруми кумакҳои билоивази Хазинаи Глобалӣ табобати мардуми бо Эйч Ай Вӣ сироятшуда мавриди назар аст. Дар ҳоли ҳозир Хазина аз созмонҳои байналмилалӣ барои муолиҷаи мардуми мубталои Эйч Ай Вӣ доруву дармон мехарад. Ин доруву дармон ба мардуми гирифтор комилан бепул тақдим мешавад ва аслан табобати онҳо дар муассисаҳои беҳдоштии кишвар сурат мегирад. "
Шумо гуфтед, ки муолиҷаи бепул дар бахши чоруми татбиқи барнома пешкаш мешавад. Вале ба фикрам хуб мебуд, агар ба ваҷҳи умум, дар бораи барномаҳои Хазинаи Глобалӣ дар Тоҷикистон иттилоъ медодед:
Зебо Ҷалилова
"Хазинаи глобалии ҷилавгирӣ аз спид, сил ва вараҷа ба Тоҷикистон се грант ё худ кумаки биловаз тахсис додааст, ки ду то аз онҳо ба мубориза бо Спид ва дастгирии барномаи миллии мубориза бо Спид ҷудо шудаанд, бемориҳои ҷимоъӣ ва таҳкими марказҳои мубориза бо Спид дар Тоҷикистон масраф шуданд. Гранти аввал дувуним миллион долларо ташкил медод. Татбиқи он, ки мебоист се солро дар бар гирад, соли 2003-ум шурӯъ шуда буд. Дар маркази тавҷҷӯҳи ин барнома ҷилавгирӣ аз тавсеаи СПИд дар байни мӯътодони маводи мухаддир ва занони танфурӯш буд. Ҳамзамон қисме аз кумаки билоиваз барои муҷаҳҳазгардонии ташхисгоҳҳои хун масраф шуд.
Бахши дуюми ин грант, ки тахминан ҳашт миллион долларро ташкил медиҳад, соли 2004-ум тақдим шуд. Ин барнома панҷ солро дар бар мегирад ва акнун чораҳои ҷилавгирикунанда дар байни муҳоҷирону аҳли оилаҳои онҳо, дар байни маҳбусон ва кӯдакони бепарастор татбиқ мешаванд. Дар айни замон қисме аз маблағҳо барои таҳкими зербинои марказҳои мубориза бо Спид сарф хоҳад шуд. "
Роҳҳои интиқоли ангезаи Вич Спид маълум мебошанд. Аммо ташхиси беморон дар Тоҷикистон ҳанӯз возеҳ нест.
Шумораи мардуми мубталои Вич СПИД ҳадди ақалл 385 нафар аст. Онҳо чӣ гуна ташхис шуданд?
Худашон ба тафтиш омада буданд, тахмин мекарданд, ки дар ҷисми онҳо ангезаи Эйч ай Вӣ сироят кардааст?
Матлуба Деҳқонова:
"Медонед, аз ҳамин 385 ҳодисаи сирояти Эйч Ай Вӣ аксарият тасодуфан ташхис шудааст. Масалан, шахсе ба шахсе дар шифохона супурдани намунаи хун зарур шуду, тасодуфан табибон дар ҷисми ӯ ангезаи Эйч ай Виро пайдо карданд. Дар ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати баъзе табақаҳои мардум тартиб дода шудааст, ки бояд ҳар сари чанд вақт аз ташхиси тиббӣ гузашта, намунаи хун супоранд: шахсони гирифтори ҳепатит, дигар бемориҳои гузаранда, донорҳо ва ё ҳатто ин шахс аз рӯи эҳтиёҷе хун месупораду табибон дар ҷисми ӯ ангезаи Эйч ай Ви-ро ташхис мекунанд. Ҳамин тариқ аксарият тасодуфан ташхис шудаанд."
Зебо Ҷалилова:
"Умедвор ҳастем, ки ҷомеа ба мардуми сироятшуда таҳаммули бештар нишон медиҳад. Умедорем, ки ҷомеа ба баррасии ошкори мушкили Спид ҳозир хоҳад шуд ва дарк хоҳад кард, ки ин масъалаҳо бояд баҳс шаванд. Баҳси роҳҳои сирояти Эйч Ай Вӣ, муносибати солими ҷинсӣ хусусан дар миёни ҷавонон зарур мебошанд, зеро ин гурӯҳ зери хатар аст."
Ҳамчун табиб барои мардум чӣ машварат медиҳед? Барои ҷилавгирии тасодуфӣ аз ангезаи ВИЧ- Спид чӣ бяд кард?
Матлуба Деҳқонова:
"Шахс набояд аз ришгираки умумӣ истифода барад. Ҳамчунин ҳар фард бояд аз истифодаи таҷҳизоти олудаи тиббӣ худорӣ намояд. Дар ин ҷо, асосан тозагии таҷҳизоти генекологӣ ва табибони дандон: стоматологҳо мавриди таваҷҷӯҳ аст. Худоро шукр, ки то кунун дар ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи сирояти Эйс Ай Вӣ бо ин роҳ рӯй надодааст. "
Дар поёни гуфтор мехостам дар бораи кӯдаке суол кунам, ки мебоист имсол аз модари олуда бо ангезаи ВИЧ-Спид ба дунё ояд. Оё дар ин бора маълумоте дода метавонед ва ё иттилоъ махфӣ мебошад.
Матлуба Деҳқонова:
"Албатта ин ҳодиса пинҳон нест. Тибқи омори расмии тоҷикистон дар ҷумҳурӣ як зани гирифтори вируси Эйч Ай Вӣ фарзанд ба дунё овард. Вале то яку нимсолагии ин тифл мо гуфта наметавонем, ки ӯ дар ҷисми ӯ ҳам Эйч Ай Вӣ ҳузур дорад ё не. Феълан дар ҷисми ӯ хуни модар афзалият дорад. Абъди якуним солагии тифл ва тафтишҳои иловагӣ мо имкони хулосабарориро пайдо мекунем. "
Ташаккур аз Зебо Ҷалилова муовини мудири татбиқи барномаҳои тақдими кумакҳои билоивази Хазинаи Глобалии мубориза бо Спид, сил ва вараҷа ва Матлуба Деҳқонова ҳамоҳангсози барномаҳои Хазинаи глобалӣ дар вилояти Суғд ва муовини раиси Маркази мубориза Спид-и ин устон, ки дар ҳошияи боздид аз Прага дар гуфтори "барги Сабз" ширкат варзиданд.