Бо пуштибонии молии Бунёди Глобалӣ, дармонгоҳҳои мубориза бо бемории сили Тоҷикистон, 30 мошини ёрии таъҷилӣ харидорӣ кардаанд. Мулло Маликов, муовини сартабиби Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон, гуфт, бунёди глобалӣ, ҷиҳати бо нақлиёт таъмин кардани дармонгоҳҳои кишвар 110 000 доллари амрикоӣ, ҷудо кардааст ва тариқи барномаи ҷаҳонии кӯмаки Умед, 12 мошини тамғаи «Нива» ва «Жигули», ки дар шароити кӯҳистони Тоҷикистон, мувофиқ мебошад, харидорӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Вай мегӯяд, қарор аст боз 18 чунин мошин харидорӣ карда шавад.
Ҷаноби Маликов зимни сипос аз созмонҳои кӯмакрасони соҳаи беҳдошт дар Тоҷикистон афзуд, яке аз мушкилоти умдае, ки барои пизишкон, дар роҳи мубориза бо ин бемории хавфнок монеъа эҷод мекунад, роҳҳои мушкилгузари кӯҳистони кишвар ва нарасидани нақлиёт будааст.
Бино ба маълумоти маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории сили Тоҷикистон, ахиран бо мусоидати барномаи Умед, созмонҳои ҷаҳони масоили беҳдоштӣ, аз қабили "Здрав плюс" ва "Пизишкони бидуни марз" маркази мазбур ва беморхонаҳои навоҳии дурдасти кишвар, бо дорую дармон ва ва дигар таҷҳизоти тиббӣ таъмин карда шуданд. Дар ҳамин ҳол Паскал Бернар раҳбари дафтари созмони «Пизишкони бемарз» дар Тоҷикистон мегӯяд:
"Ман аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмиллӣ изҳори сипос мекунам,ки сари вақт дарк карданд, ки дар Тоҷикистон воқеан, вазъи бемории сил дар ҳоли нигаронкунанда қарор дорад ва дасти кӯмак ба ин кишвар дароз карданд."
Тибқи маълумоти маркази ҷумҳуриявии мубориза бо сил, дар чанд моҳи ахири соли равон, ба беш аз 3 000 нафар, гирифторони сил табобати ройгон расонида шудааст.