"Ягон мусалмон, ҳеҷ як яҳудӣ ва ё масеҳӣ, ҳинду ё буддоӣ - ҳеҷ як инсоне, ки ба усули адёни ҷаҳонӣ мутақоид аст, ҳеҷ як инсоне, ки муддаии мӯътақид будан ба арзишҳои мазкур асту ба ҳақиқат ва адолат эътиқод дорад, наметавонад дар мубориза бо таҳаммулнопазирӣ бетараф бошад." Ин порчае аз суханронии Кофи Анон, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аст, ки дар нишасте бахшида ба масоили яҳудбадбинӣ гуфта буд.
Рӯзи 16 уми ноябрро СММ Рӯзи ҷаҳонии таҳаммул эълон кардааст ва таҳаммулпазирӣ муҳимтарин шарти сулҳу субот ва демократия номида шудааст. Ба назари ҷомеашиносони тоҷик ҳам яке аз хусусиятҳои хуб ва сабаби мувафақиятҳои ахири Тоҷикистон ин таҳаммулпазир будани мардум ва фарҳанги тоҷикон аст. Марям Давлатова мегӯяд, мардуми тоҷик яке аз миллатҳои хеле пуртаҳаммул аст, зеро онҳо дар тӯли тамаддуни худ ба бисёр душвориҳо тоб овардааст. "Масалан дар никоҳ ин чизҳо ҳис карда мешаванд, вақте ки оилаҳои тоҷик аз ӯзбакҳо ҳам келин мекунанд ё аз миллати рус ҳам дар даврони шӯравӣ зиёд ба назар мерасид. Ин ҳам ҳамон таҳаммулпазирии миллӣ аст, яъне қабул кардани миллатҳои дигар."
Аммо бо вуҷуди ин хонум Давлатова дар мавриди муросо кардан ва ё қадр намудани фарҳангу забон ва ё мазҳаби дигар халқиятҳо меафзояд сокинони Тоҷикистон ба хусус ҷавонони тоҷик боз ҳам ба омӯзиши бештари ин масъала ниёз доранд. Дар ҳамин ҳол бо худи ҷавонон сӯҳбат доштем, ки оё то куҷо онҳо нисбат ба тафовутҳои милливу нажодӣ, фарҳангиву забонии дигарон таҳаммул ва муросоро раво мебинанд. Онҳо мегӯянд: "Ҳар кас ҳуқуқи худашро дорад, барои ҳамин ҳар кас ҳуқуқ дорад интихоб кунад ва ин кори мо нест, ки дахолат кунем, зеро ҳар шахсро калааш дар китфи худаш аст ва худ бояд фикр кунад.
-- Масалан агар як нафар аз оилаи Шумо гузарад ба дини дигар Шумо чӣ гуна муносибат мекунед бо ин?
-- Ман аввал аз вай сабабшро мепурсам ва агар бисёр хоҳад ва фикр кунад, ки интихоби вай дуруст аст, ин ягон ҷои айб надорад ва ман ҳам муносибатамро дигар намекунам бо ӯ.
Нафари дигар мегӯяд: "Дар ҳамин ҷомеаи мо агар касе хост аз миллати худ, аз дини худаш рӯ гардонад, назари ман ба ин хеле манфӣ мебошад, чун ман мехоҳам тоҷикон як миллати барӯманд бошанд ва имрӯз аксари онҳое, ки ба динҳои ғайр мегараванд ё миллату тарзи либоспӯшии маданияташонро иваз мекунанд, инҳо нафароне ҳастанд, ки аз рӯи дармондагиву эҳтиёҷ ба маблағ ба ин роҳ мераванд ва ман чӣ хел таҳаммул кунам, ки як нафар ба хотири пул миллаташро, динашро дигар мекунад.»
Назари ҷавонони тоҷикро дар мавриди фаъолияти динҳои ғайр дар Тоҷикистон ин гуна аст:
-- Давлати мо демократӣ аст ва кадом дине бошад, метавонад дар Тоҷикистон фаъолият кунад.
-- Ҳастанд ва ман медонам афродеро, ки одамони дигарро ба воситаи ройгон дарс додану машқҳо ба дини дигар мегузаронанд, аммо ман ба ин бетарафам ва ин фикру хоҳиши худи одамаст.
Дар аксари дигар мавридҳо ҷавонон худро таҳаммулпазир мепиндоранд, аммо ба мавзӯи салиқаи ҷинсӣ ва ва ё муносибати маҳрамонаи ҳамҷинс ба ҳамҷинс онҳо чунин назар доранд:
-- Демократия мегӯяд ин дуруст аст, аммо фаромӯш набояд кард, ки мо фарҳанг ва тафаккури худро дорем Худо ҳаминхел офаридааст, ки духтар бояд бо писар бошад ва писар бо духтар.
-- Як ҳамсабақи ман ҳамин хел буд, вале ман ба ин рафтори вай аҳамият намедодам ва муносибати худро бо ӯ канда намекардам, чунки ин ҳаёти вай аст ва ман ҳуқуқи дахолатро надорам.
Бояд гуфт дар иттиҳодияи сарварони ҷавон барои наврасону ҷавонони тоҷик дарси таҳаммулпазирӣ омӯхта мешавад. Дилбар Шерматова, мураббии тарбияи шаҳрвандии ин иттиҳодия мегӯяд имрӯз зарур аст, ки боз ҳам қисми бештари ҷавононро барои омӯзиши ин мавзӯъ фаро гирифт, зеро ҷалби ҷавонон ба ин мавзӯъ хеле муҳим аст.
Дар ҳамин ҳол бо Елена ном зани рус, ки аз рӯи зарурат дар Тоҷикиситон зиндагӣ мекунад, сӯҳбат доштем, ки оё дар Тоҷикистон дар кадом шароит зиндагӣ дорад ва ё дар ин кишвар аз чизе азият мекашад. Гуфт: "На, ман ягон ноҳинҷорие ҳис намекунам дар ин кишвар, ҳама хуб аст,баръакс аллакай одат шудааст, ки аз Тоҷикистон берун шавам зуд пазмони ин кишвар мешавам, ҳатто одамонашро ҳам ёд мекунам. Ман фикр мекунам, ки маҳз мардуми тоҷик хеле муросо дорад бо дигар халқҳо."