Дар доираи ҳафтаи байналмилалии маориф, ки ҳамакнун дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт, муаррифии барномаҳои шӯрои амрикоии АКСЕЛ, созмони байналмилалии тадқиқот ва мубодилаи АЙРЕКС ва Релиф Интернейшнл доир гардид. Ричард Ҳоугленд, сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, ин қабил тадбирҳо шурӯъ аз соли 2000 бо ташаббуси Департаменти давлатӣ ва вазорати маорифи Иёлоти Муттаҳида дар беш аз 100 кишвари олам андешида мешавад. Ба гуфтаи оқои Ҳоугленд, натиҷаи ҳамин гуна маъракаҳо буд, ки имрӯз теъдоди ҷавонони тоҷик, ки мехоҳанд дар муассисаҳои таълимии Амрико таҳсил кунанд, меафзояд. Ҷаноби Ҳоуглэнд гуфт, ба ҳисоби миёна дар як сол ҳудуди сад ҷавони тоҷик бо дастгирии молии давлати Амрико барои идомаи таҳсил ба ин кишвар сафарбар мешаванд:
«Барои инҷониб хеле хуш аст, ҳар вақте раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мегӯяд, ман мехоҳам ҳарчи бештар толибилмону донишҷӯёни Тоҷикистон барои таҳсил ба макотиби Амрико даъват карда шаванд. Донишҷӯёне, ки аз Тоҷикистон барои идомаи таҳсил ба Амрико мераванд, риштаҳои таҳсилро худашон интихоб мекунанд. Мо бахшҳои таҳсили онҳоро таъин намекунем, ҷавонони тоҷик дар интихоби тахассус соҳибихтиёранд. Маблағи таҳсили ҷавононе, ки аз озмунҳо мегузаранд ва барои идомаи таҳсил ё такмили ихтисос дар Амрико роҳхат мегиранд, аз сӯйи худи Амрико пардохт мешавад. Ҳаҷми маблағи таҳсил ба муддати таҳсил ва нуфузи муассисаҳои таълимӣ вобаста аст. Масалан, барои таҳсили аспирантон дар донишгоҳҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳида солона ҳудуди 50 ҳазор доллари амрикоӣ ва барои толибилмони макотиби миёна 10 ҳазор доллар масраф мешавад.»
Грэм Ҳатлингер, намояндаи Шӯрои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ мегӯяд, ҳамзамон ҳудуди 300 донишҷӯ ва муҳаққиқ аз Амрико барои такмили донишҳои забонӣ ба ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ, минҷумла Тоҷикистон омадаанд ва муддати мадид дар ин кишвар таҳсил кардаанд:
«Вақте донишҷӯён ва муҳаққиқон аз ин кишвар бозмегарданд, ҷаҳонбинӣ ва андешаи онҳо нисбат ба ин мамлакат куллан тағйир меёбад. Тасаввуроти қаблии онҳо барҳам мехӯрад.»
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Матлуба Муҳаммадҷонова, намояндаи созмони байналмилалии маориф дар Тоҷикистон, аз ҷониби ин ташкилот 400 муҳассил ва 11 омӯзгор аз ин кишвар ҷиҳати омӯзиш ва такмили тахассус ба Амрико равона шудаанд. Хонум Муҳаммадҷонова мегӯяд, ахиран аз сӯйи ин созмон дар Тоҷикистон як барномаи ҷадид барои омӯзгорони забони инглисӣ низ роҳандозӣ шудааст:
«Ин барнома низ барои омӯзгорони макотиби миёнаи Тоҷикистон пураҳамият ва як кӯмаки назаррас аст. Дар як муддати кӯтоҳ, ки ин барнома амал мекунад, аллакай 25 омӯзгор аз Тоҷикистон ба Амрико ҷиҳати такмили ихтисос сафар кардаанд.»
Масъулини созмони амрикоии АЙРЕКС бошанд, мегӯянд, ҷиҳати рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар ҳафт маркази Интернет боз шудааст, ки беш аз ҳашт ҳазор нафар аз хизматрасонии ин марказҳо истифода мекунанд.
Ҳафтаи байналмилалии маориф дар Тоҷикистон то рӯзи 18-уми ноябр идома мекунад. Дар доираи ин ҳафта баргузории силсилаи нишастҳо, мулоқоти интернетӣ бо масъулини барномаҳои байналмилалии маориф, давраҳои омӯзишӣ ва дидору вохӯрӣ бо мутахассисони соҳаи маорифи Амрико дар назар аст.