То анҷоми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ду даври дигар мондааст. Барои дарёфти медалҳои тиллои мусобиқот дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода талош доранд. «Вахш» дар даври шонздаҳум дар майдони худ аз ду имтиёз бенасиб монд. Дидори қӯрғонтеппагиҳо бо дастаи меҳмон - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо натиҷаи мусовӣ - 1 бар 1 хотима ёфт. Ҳисобро дар ин бозӣ Мубориз Асадбеков, ҳамлагари «Парвоз» дар дақиқаи 62-юм боз кард. Танҳо дар дақиқаи охирини бозӣ ба Аслиддин Ҳабибуллоев, дарвозабони мизбонон муяссар шуд, ки аз ҷаримаи ёздаҳметра пурсамар истифода карда, ҳисобро баробар намояд. «Регар» ТадАЗ дар майдони худ бар дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бо натиҷаи 2 бар 0 ғалаба кард. Голҳоро Маъруф Рустамов ва Осим Бобоев дар нимаи дуюми бозӣ ба ҳадаф расонданд.
«Вахш» 1 - 1 «Парвоз»
«Регар Тадаз» 2 - 0 «Равшан»
«ХИМА» 7 - 2 «Саройкамар»
«Данғара» 1 - 3 СКА «Помир»
Бино ба иттилои Шавкат Аҳмадов, масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон як бозии даври шонздаҳум байни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва CSKA-и Душанбе, ки мавқуф гузошта шуд, рӯзи дуюми ноябр баргузор мешавад. Вай афзуд, ҳамчунин бозии мавқуфгузоштаи даври чордаҳуми мусобиқот миёни дастаҳои «Равшан» ва «Парвоз» 8 ноябр сурат мегирад.
Ба ин тартиб, «Вахш» бо 41 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот дар мақоми аввал қарор дорад. Қӯрғонтеппагиҳо дар ду дидори охирини худ дар сафар 29 октябр бо «Саройкамар» ва 5 ноябр бо «Равшан» рақобат мекунанд. «Регар» ТадАЗ бо 38 имтиёз мақоми дуюмро ишғол мекунад ва 29 октябр дар майдони худ бо СКА «Помир»-и Душанбе ва 5 ноябр дар меҳмонӣ бо ХИМА-и Душанбе қувва меозмояд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали
мусобиқот то 29 октябр
1. «Вахш» 16 бозӣ 41 имтиёз
2. «Регар» ТадАЗ 16 - 38
3. «Парвоз» 15 - 25
4. CSKA 15 - 22
5. ХИМА 16 - 22
6. «Хуҷанд» 15 - 21
7. «Равшан» 15 - 17
8. СКА «Помир» 16 - 16
9. «Саройкамар» 16 - 11
10. «Данғара» 16 - 7
Аҳтам Ҳамроҳқулов, ҳамлагари «Вахш», ки ба дарвозаи ҳарифонаш 11 гол задааст, дар рақобатҳо байни беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дар ҷойи аввал мебошад.