Коррупсия

Салом

Коррупсия ё ришва мисли вирус ва ё микорбе ҳаст, ки бадани одамро касал ва фалаҷ карда аз байн мебарад. Ва ин духтур ҳаст, ки бояд ин касалиро пешгирӣ ва мудаво кунад.

Духтури давлат парламент ва суд мебошад, ки ба кори ҳукумат назорат кунад, вале дар кишваре, ки ҳукумат ҳам, парламент ва ҳам суду прокуратура дар инҳисори як ҳизб ва ё як ноҳия бошад, чӣ хел ҳамдигарро назорат мекунанд. Он қуввае, ки бояд бар ҳукумат назорат кунад вуҷуд надорад, чунки ҳама аз як гурӯҳ ҳастанд, мухолиф вуҷуд надорад. Намояндагони мӯҳтарами Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон то ба ҳол КНОПКАИ "НЕ"- ро фишор додагӣ нестанд, ҳарчӣ раис гуфт, тасвиб мешавад. Кӣ масъул, кӣ ҷавобгӯ ҳаст?
Ва роҳҳои ҳалли берун омадани Тоҷикистон аз коррупсия ё ҳамон ришва:
1. Боло бурдани маоши кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ё боло бурдани маоши тамоми кормандони давлат.
2. Касби истиқлолияти судяҳо аз ҳукумат.
3. Коҳиш додани ихтиёроти президент.
4. Интихоб шудани раисони шаҳрҳо ва навоҳӣ аз тарафи аҳолӣ ба таври мустақим.
5. Аз ҳама муҳим таррақӣ додани Тоҷикистон. Ягон корхона ва фабрикаҳо кор намекунанд дар Тоҷикистон ва ҳар касе мехоҳад ягон корхона созад, ин қадар андозу, экологияву маналогия (?) дар сараш бор мекунанд, ки аз даромадаш хароҷоташ зиёд мешавад ва ё барои як корхона боз кардан чӣ қадар ришва бояд диҳӣ, то ки санадеро имзо кунанд.
6. Бояд барои соҳибкорони тоҷике, ки корхона месозанд 5 сол аз тамоми андоз озод шаванд, дар натиҷа ҳамаҷо кор пайдо мешавад ва ҳам дигар муҳоҷирини тоҷик ба Русия сафар намекунанд.

Соҳил донишҷӯи ҳуқуқи ДДМТ



Дуруд, ба аҳли Озодӣ!
Коррупсия аз масоили дарднокест, ки Тоҷикистонро аз "боло то поён" фаро гирифтааст. Намедонам як вазири Тоҷикистон, ки ҳамаги 120 сомонӣ маош мегирад, чӣ гуна "ҷип" мехарад, чӣ гуна костюму шими 100-доллара мехарад, ба фарзандонаш либосҳои мӯди охирини хориҷиро савғо меорад.Чӣ гуна бо ин маош дар ресторанҳои Душанбе чошт мехӯрад? Гӯё касе намедониста бошад, ки маоши вазир ба харҷи якрӯзааш ҳам намерасад.
Соли гузашта Президенти Тоҷикистон қарор карда буд, ки барои коррупсияро барҳам додан таҷрибаи хориҷиҳоро омӯхтан даркор аст. Ман фикр мекунам, барои нест кардани коррупсия таҷрибаи хориҷиҳоро омӯхтан шарт нест. Бигзор ҳамон вазиронро боре бипурсанд, ки ту аз кадом ҳисоб зиндагӣ дорӣ? Ё ректори донишгоҳро бипурсанд, ки аз чанд нафар пора гирифтааст ва "доля"-ро ба кӣ супурдааст? Пурсиши "аз куҷо вазир пул ёфта, зиндагӣ мекунад?" маълум хоҳад, кард, ки коррупсия дар куҷост ва коррупсионер кист?
Овозаҳо дар байни мардуми авом оиди дар куҷо кадом вазифаи "серравған" чанд доллар будан, аниқ месозад, коррупсия дар Тоҷикистон решахои чуқур дорад. Вале афсӯс ҳамаи он қарору қонунҳои дар ин маврид қабулшуда дар рӯи коғаз мемонанд.
Aслам
------------------------------------
Коррупсия аз он сар мешавад, вақте ки дар нуқоти муҳими ҳукумат одамони як деҳа ҷамъ меоянд. Онҳо медонанд, ки додситон, вазири корҳои дохилӣ, амният, муфаттиш ва ғайра хеш ё ҳамдеҳаи онҳоянд, биноан бе ягон тарсу ҳарос даст ба ришватситонӣ мезананд. Тавре мегӯянд, об аз сар лой...
Мунира
-----------------------------------
Баҳои Тоҷикистон бояд муодили сифр бошад, зеро: 1) Бе пора дар ягон идораи давлатӣ корат ҳал намешавад.
2)Дар мавриди ба кор даромадан бе ришва ҳоҷати гап ҳам нест.3) Омӯзгорони макотиби миёнаи Тоҷикистон шарм накарда, аз кӯдаке, ки ҳанӯз 7 то 15 сола аст, пора мерӯёнанд, манзурам моҳонаи муаллим ва ё пули мактаб аст, замоне, ки аз талаба маблағ талаб карда мешавад, майнаи кӯдак бо он мутобиқ мегардад, ки ҳама чиз, ҳатто донишро низ бо сомонию доллар харида мешавад ва оғоз мегардад коррупсия... Қаблтар аз боғча огоз мегардад, ин дарди бедавои пулталбӣ ва ришваситонӣ. Ҳатто мешавад гуфт аз таваллудхона. Умуман дар бораи идҳо, рӯзи таваллуди муаллим, мураббия, пардапулӣ, плитапулӣ, бӯрпулӣ ва ғ. дигар чизе намегӯям....4) Таззодро бинед, ки дар ҳамин рӯзҳо эмкунии атфол, ки бояд ройгон(!) сурат бигирад, идома дорад ва табибони тоҷик аз волидайни онҳо ба андозаи аз 3 то 5 сомонӣ ришва меситонанд.5) Кормандони БДА-и Тоҷикистон дар рӯзи равшан дар пеши назари ҳамагон аз ронандаҳо ГАИпулӣ ва ё худ ба истилоҳи имруз -- ФИТРПУЛӢ мегиранд... 6) Давом додани ин руихат мумкин аст, ончи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.
Маҳмудзода
-----------------------------------
Хеле хуб аст, ки Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов бар зидди коррупсия ҷанги сартосарӣ эълон кард. Аммо ҳамаи парвандаҳои ҷиноӣ дар ин робита таъсире нахоҳанд дошт, агар ҷаноби олӣ ба решаи коррупсия дар байни атрофиёни худ зарба назанад. Бо ҷазо додан ба даҳҳо корманди БДА коррупсия суст намешавад, аммо бо ҷазо додан ба як вазир ё раҳбар, бисёриҳоро тарс фаро хоҳад гирифт. Баъзан ришвагириро сафед мекунанд, ки сабабаш музди кам аст. Чи магар онҳо пеш аз он ки вазир ё мудир шаванд, намедонанд, ки маошаш чанд аст.
Бо эҳтироми бузург ба муаллифони саҳифаи интернетии Озодӣ,
Ҳамиди Акбарпур,
шаҳри Душанбе

---------------------------------------
Ҳукумати Toҷикистон агар назари мардумро гӯш мекард ва интиқодпазир мебуд, аз ин фасоди молӣ ва коррупсия хориҷ мешуд. Лекин мо дида истодаем, ки имрӯза дар Тоҷикистон бештар ҳукуматдорон ба коррупсия роҳ медиҳанд ва қонунҳоро барои мардум ба сабт мерасонанд ва худашон тибқи ин қонунҳо амал намекунанд.
Хуршед
Америка