Абдурауф Раззоқов, мудири пойгоҳи бостоншиносии академияи улуми Тоҷикистон дар Панҷакент, шимоли Тоҷикистон мегӯяд, намояндагони ЮНЕСКО ёдгориҳои Саразмро яке аз бозёфтҳои муҳими таърихии Шарқ арёбӣ намуданд ва дар ҳоли ҳозир, ҷиҳати ба ин ёдгориҳо додани мақоми «Ёдгориии умумибашарӣ» ва ба қайд гирифтани онҳо ҳамчун ёдгориҳои муҳими умумибашарӣ асноду ҳуҷҷатҳои лозима омода мешавад.
Ҷаноби Раззоқов бо изҳори таассуф гуфт, аксари девораҳои қадимиву бостонии ин пойгоҳ, пас аз гузаронидани кофтуковҳои бостонӣ аз хок берун монда аз барфу борон хароб шудааст ва аз сабаби набудани устоҳои таҷдидгар дар кишвар, ҳанӯз ин девораҳо барқарор нашудааст.
"Барои мо мутахассисони бостоншинос, бахусус эҳёгарон намерасанд. Дар донишгоҳҳои мо бахши махсуси бостоншиносонӣ вуҷуд надорад."
Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар як ҳамоише, ки ахиран баргузор шуда буд, гуфт, омӯзиш ва нигаҳдории ёдгориҳои бостониии Тоҷикистон аз ҷониби олимону бостоншиносон, ҳанӯз ба талабот посухгӯ нест ва ин дар ҳолест, ки тайи солҳои ахир, аз буҷаи давлат барои тармим ва таҷдиди онҳо маблағҳои зиёд ҷудо шудааст.
"Дар ҳамин 15 соли истиқлол кӣ ба ман мегӯяд, ки ягон кори муҳиме дар ободу эҳёи ёдгориҳои Саразм, Ҳулбук, Тахти Сангин ва дигарон карда шудааст? Магар ягон бор мо маблағҳоро аз онҳо дареғ доштем? Кӣ мекунад ин корҳоро, то ҷавонон, наслҳои оянда донанд, ки чӣ таъриху тамаддун доштаанд."
Бостоншиносон мегӯянд, ёдгориҳои Саразм ба ҳазорсолаи чаҳоруми қабл аз мелод тааллуқ дошта бозёфтҳои он аз фарҳанги волои шаҳрсозӣ, кишоварзиву боғдории тоҷикон дар аҳди қадим дарак медиҳад. Саидмурод Бобомуллоев, бостоншиноси тоҷик дар робита ба арзишҳои таърихии ёдгориҳои Саразм гуфт.
"Ёдгориҳои Саразм ягона ёдгорист, ки аз шаҳрсозӣ, ҳунармандӣ ва кишоварзии тоҷикон қисса мекунад ва дигар ёдгориҳое, ки дар манотиқи дигари Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омадааст, натиҷаи таъсири Саразм аст."
Бино ба маълумоти академияи улуми Тоҷикистон, қарор аст, намояндагони ЮНЕСКО ҳамчунин аз ёдгориҳои бостонии Ҳулбук, Тахти Сангин дар ҷануби кишвар ва Қалъаи Ҳисор дидан кунанд ва масоилеро ҷиҳати тармиму таҷдиди ин ёдгориҳо ва дар оянда ба қайд гирифтани онҳо ҳамчун ёдгориҳои умумибашарӣ баррасӣ намоянд.